ЛАЪЛИ БАДАХШОН
Гар санг ҳама лаъли Бадахшон будӣ,
Пас қимати лаълу санг яксон будӣ.
Саъдии Шерозӣ
«Лаъли Бадахшон» - сангест рангаш сурх, дар чашм медурахшад ва аз замонҳои қадим машҳур аст. Дар ашъори тамоми шуарои классик ибораи «Лаъли Бадахшон» - ро истифода бурдаанд. Абурайҳони Берунӣ доир ба лаъли Бадахшон нигоштааст: - «Лаъл байни табақоти сангҳои сафеди булӯрин бо ҳаҷми гуногун ба андозаи чормағз то ба дараҷаи андозаи харбуза бихобад».
Дар ноҳияи Ишкошим маҳаллаест бо номи кӯҳи Лаъл, ки то ҳол аз он макон лаъл истихроҷ мекунанд. Дар бораи фатҳи кӯҳи Лаъл мардуми маҳаллӣ ривоят мекунанд, ки рӯзе ҳангоми заминларза кӯҳи назди деҳа пора шуд ва сангпораҳои зиёде фурӯ пошиданд, ки дар назар мисли қатраи хун менамуданд. Занҳои деҳа бори аввал ин «ашкҳои сурхи кӯҳсор» - ро аз сангрезаҳо ҷудо намуда, кӯфта барои ранг додани матоъ истифода карданд. Аммо рангаш набаромад ва мардони деҳа ин сангчаҳои сурхро ба заргар нишон доданд ва лаъл буданашро фаҳмиданд.
Қиссаест, ки Искандари Мақдунӣ низ аз лаъли Бадахшон бурдааст. Лаъли Бадахшонро дар бозорҳои Бухоро, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои Шарқ мефурӯхтанд. Заргарон аз ин санги қиматбаҳо ороишоти занона месозанд.Тоҷи шоҳони мамлакату шаҳу арӯсонро низ бо лаъл зеб медоданд.
Дар байни мардуми маҳал ҳикматест, ки гӯё лаъли Бадахшон санги шифобахш ва сеҳрнок аст. Табибон миҷози лаълро гарм ва хушк меҳисобанд. Яъне, касе лаълро кӯфта бо марҳам ҳамроҳ карда, ба чашм молад, қувваи биноияш меафзояд. Касе лаълро бо худ гирифта гардад, аз миёндард раҳо меёбад. Агар лаълро ба даҳон андозад, ташнагиро рафъ месозад.
Гӯшвору ангуштаринҳое, ки барои бонувон месозанд, агар бо лаъл ороста шуда бошанд, ба ҳусни зебои онҳо ҳусн мефизояд. Ҷавоҳиршиносон лаъли Бадахшонро ҳамчун воситаи бахтовар, барои онҳое, ки дар моҳи июл таваллуд ёфтаанд, тавсия медиҳанд. Талабот рӯз аз рӯз ба лаъли Бадахшон зиёд мегардад. Ороишоте, ки аз лаъл заргарон омода месозанд, ба хориҷи кишвар барои тиҷорат интиқол дода мешаванд.
Муҳаммад Иқбол марбут ба лаъли Бадахшон фармуда:
Тарзи рангинам кунӣ, назми тиҳидастони Шарқ,
Пораи лаъле, ки дорам, аз Бадахшони шумост.
Солҳои охир дар атрофи кӯҳи Лаъл конҳои Ғурондара, Абхарв, Сумчин, Ямчин ва чанде дигар нуқтаҳои нави лаълдор кашф шудаанд. Заминшиносон лаълро ба фабрикаҳои ҷавоҳирот мефиристанд. Намунаи калонтарини лаъли гулобӣ осорхонаи «Помиркварсгавҳар» - ро ороиш медиҳад. Яке аз зеботарин кристаллҳое, ки 5,882 килограмм вазн дорад, соли 1985 аз кӯҳи Лаъл дарёфт шудааст.
Шаҳло АМОНӢ