Деҳоти Ҳоит дар 70 километрии маркази ноҳияи Рашт воқеъ буда, аҳолиаш 8 539 нафарро ташкил медиҳад. Ҷамоати мазкур дар ноҳияи Рашт аз рӯйи дастовардҳо ва нишондодҳои меҳнатӣ, корҳои ободониву созандагӣ дар байни ҷамоатҳои ноҳия яке аз пешсафон ба шумор меравад. Муовини раиси деҳот Гулбаҳор Ёқубова ин ҳама пешравӣ ва нишондодҳои баланди меҳнатиро дар заҳматдӯстӣ, ҳисси баланди ватандорӣ, ободкориву созандагӣ ва самараи сарҷамъии мардуми Ҳоит медонад.
Дар идомаи суҳбат бо Гулбаҳор Ёқубова аз вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва ғайра огаҳӣ ёфтем.
- Дар ҳудуди деҳот дар маҷмӯъ, 426 гектар заминҳои таъйиноти кишоварзӣ мавҷуд буда, аз он 295 гектараш заминҳои корами обӣ мебошанд. Сокинони деҳот асосан ба кишоварзӣ шуғл доранд. Соли гузашта дар майдони зиёда аз 50 гектар кишти ғалладона гузаронда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 22 – 25 сентнер ҳосил ба даст оварданд. Имсол дар майдони 52 гектар кишти тирамоҳии ғалладона гузаронданд. Инчунин, дар майдони зиёда аз 50 гектар зироатҳои техникӣ, аз қабили офтобпараст, зағир, маъсар ва ғайра киштанд. Захираи хӯроки чорво низ аз ҳисоби алафҳои бисёрсола, ки дар ҳудуди деҳот захираи он афзун аст, барзиёд иҷро гардидааст.
Маҳсулоти асосии кишоварзон, картошка маҳсуб меёбад. Деҳқонон имсол ба ҷои 225 гектари нақша дар 241 гектар картошка кишт намуданд, ки 107 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Соли 2020 ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 250 – 260 сентнер ҳосил ба даст оварданд. Майдони умумии боғҳои ҷавон ва ҳосилдеҳ зиёда аз 100 гектарро ташкил медиҳад, ки дар он бештар дарахтони себу нок ва зардолу парвариш меёбанд.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифу тандурустӣ сол аз сол меафзояд. Айни замон дар деҳот 5 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ду филиали онҳо, як толори варзишӣ, 1 китобхона фаъолият доранд. Шумораи хонандагони мактабҳо 1401 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 680 нафар духтарон мебошанд. Ба хонандагон 82 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба, аз ҷумла 11 нафар бону дарс медиҳад. Дар МТМУ № 22 дараи Ҳоит сохтмони бинои 2 - ошёнаи мактаби нав бо толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ барои 250 нафар хонанда дар як баст идома дорад. Сохтмони мазкур бо маблағи умумии 10 миллион сомонӣ бо дастгирии шарикони рушд, шахсони саховатманд ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ гардида истодааст.
- Дар ҳудуди деҳот панҷ муассисаи табобатӣ фаъолият дорад, аз ҷумла як беморхона, 2 маркази саломатӣ, 1 бунгоҳи тиббӣ ва 1 нуқтаи тиббӣ мавҷуданд. Беморхонаи минтақавии Ҳоит аз 2 бино ва 3 шуъба –бемориҳои дарунӣ (дорои 10 кати бистарӣ), таваллуд (дорои 10 кати бистарӣ), бемориҳои кӯдакона (дорои 10 кати бистарӣ) иборат мебошад. Дар беморхона 3 духтури дорои тахассуси олӣ ва 13 нафар корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Бо вуҷуди нарасидани кадрҳои болаёқат, табибони ҳозиқ баҳри солимии ҷомеа хизмати шоиста анҷом медиҳанд, - гуфт Гулбаҳор Ёқубова.
Яке аз масъалаҳои муҳим қабулу баррасии муроҷиати сокинон ва дастгирии ниёзмандон мебошад. Дар ин самт низ корҳо назаррасанд. Тавре Гулбаҳор Ёқубова иброз намуд, давоми шаш моҳи соли 2021 ба Ҷамоати деҳот 174 нафар шаҳрванд муроҷиат кардааст.
- Мардум асосан оид ба масъалаҳои таъмин гаштан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, оби нӯшокӣ, баҳси оилавӣ ва манзил, барасмиятдарории манзили истиқоматӣ, гирифтани шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва таваллуд муроҷиат мекунанд.
Яке аз масъалаҳои асосии муроҷиати мардум нарасидани замини наздиҳавлигӣ буд. Хушбахтона, бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала ҳалли худро ёфт. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳия ба 24 оилаи ниёзманд замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид.
Ҳамчунон, соли ҷорӣ ба ашхоси ниёзманд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони башардӯст, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои бесаробон, шахсони яккаву танҳо, маъюбу пиронсол, камбизоату ятим бо дастгирии шахсони хайрхоҳу саховатпеша, соҳибкорон ва шарикони рушд ёрӣ расонда шуд. Алҳол 133 нафар аз оилаҳои камбизоат бо ҷубронпулии газу барқ фаро гирифта шудааст.
Тавре масъулон иброз доштанд, расму оин ва дигар маросимҳои мардумӣ низ дар деҳот пурра ба танзим даромада, қонунҳои амалкунанда дар ин самт аз ҷониби сокинон пурра риоя мегарданд.
- Аъзои комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоат ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сари вақт чораҷӯӣ менамоянд. Давоми шаш моҳи соли равон дар деҳоти Ҳоит 40 тӯю маърака доир шудааст, аз ҷумла: 6 хатнасур, 34 ҷашни домодию арӯсӣ.
Оид ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста тадбирҳо амалӣ мегарданд. Бо фаъолон ва бо ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба қонунвайронкуниҳо, бахусус пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар деҳот кумитаҳои маҳаллаҳо низ фаъолияти босамар доранд. Бо ташаббуси кумитаҳои маҳаллаҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон амалҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Тоза ва чароғон кардани роҳу кӯчаҳо, шинондани дарахтони ҳамешасабз, таъмири хонаҳои сокинони кӯчаҳои маркази деҳот ва хонаҳои шафати роҳҳо ба сомон расид. Соли гузашта дар ҳудуди деҳот сохтмони бинову иншооти таъйиноти гуногун, корҳои ободониву созандагӣ, таъмиру барқарорсозии роҳҳо ба маблағи умумии 10 миллион сомонӣ анҷом ёфтанд.
Алҳол сохтмони майдончаи варзиш дар деҳаи Миртоб ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ, бунёди канали «Дашти беоб» бо 56 ҳазор сомонӣ, кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Беги Сиёҳ бо 60 ҳазор сомонӣ, сохтмони ҳаммом дар деҳаи Ҳоит ба маблағи 53 ҳазор сомонӣ, бинои таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии Ҳоит ба маблағи 7 миллион сомонӣ, насби 1 трансформатори барқӣ (400 кВт) ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ, сангу мумфарш намудани роҳҳои ҳудуди деҳаҳои Ҳоит ва Ҳоит – 2 ба маблағи 43 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 17 миллиону 984 ҳазор сомонӣ дар арафаи анҷомёбист.
Тавре бону Гулбаҳор иброз намуд, аҳолӣ ҳама кӯшишу ғайрати худро баҳри зиндагии шоиста ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон равона намудаанд.
Д. САФАР,
ноҳияи Рашт