Садои даф муждарасони маросимҳои шодиву сурур дар Бадахшон аст. Холбӣ Аминбекова яке аз бонувони бомаҳорати дафзани шаҳри Хоруғ, ки бо ҳунарнамоиаш дар аксари ҷашнвораҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар ширкат варзидааст, мегӯяд: «Ба истиқбол ва ифтихори сулҳ, зиндагии амну осоишта ва ободӣ даф мезанам.»
Ин бонуи гандумгуну ботамкин ва ҳунарманд ба маъракаҳо ҳамеша бо даф ҳозир мешавад. Хеле камгап ва ҷиддист, гӯё тамоми ҳиссиёташро дар доираи чамбараки сози биҳиштӣ ғунҷондаасту вақте дафзанӣ оғоз мешавад, бо камоли истеъдоду ҷилои ҳунар эҳсоси хурсандиву шодиашро дар омезиш бо садои даф зебову ширин ва дилписанд ба самъ ва дилҳои мардум мерасонад.
Дар ҷараёни сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тобистони соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, ҳангоми ба истифода додани бинои нави маркази савдо, Холбӣ бо гурӯҳи бонувони дойразани шаҳр меҳмони олиқадрро истиқбол гирифт. Аз навори телевизионӣ дидан мумкин буд, ки Сарвари давлат ба назди ҳунарманди солдида омада, байнашон табодули афкор сурат гирифту бонуи дафзан, агарчанде ба суханони меҳмони олиқадр посух медод, дар ин лаҳзаҳо ҳам ба хотири вайрон нашудани ритми гурӯҳӣ лаҳзае дафро аз каф нагузошту бо илҳоми тоза хубтару баландтар даф мезад, ки дар он эҳтиром ба меҳмони олишон, касбияти баланд ва самимияти ҳунарманди асил барои ҳамагон ҳувайдо буд.
- Сарвари давлат пурсиданд, ки чандсолаӣ ? Гуфтам, ки 85 - солаам. Гуфтанд, шумо вазифаатонро иҷро кардед, рафта дам гиред, бигзор ҷавонон даф зананд. Гуфтам, ман ба хотири истиқболи Шумо омадаам, - ёдовар мешавад аз он лаҳза бонуи ҳунарманд.
- Аз ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардум бисёр шодам. Пайваста ниёзмандонро дастгирӣ мекунанд. Аз қудумашон шаҳр ободу зебо гардидааст. Дар Хоруғ биноҳои боҳашамати 9 ва 12 - ошёна, театри зебову хуштарҳ ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта мешаванд.
Шароити зиндагии мардум беҳтар, нафақа ҳам зиёд шуд. Ҳар ташрифи Сарвари давлат ба Бадахшон ободию созандагӣ дар пай дорад. Аз ҳама муҳимаш барои мо, модарон, ин ҳаёти осоишта, сулҳу амонӣ мебошад, ки дар кишвар ҳукмфармост. Мо ба истиқбол ва ифтихори Президенти муҳтарами Тоҷикистон ва файзи ваҳдату истиқлол аз дилу ҷон даф мезанем, - баён дошт дар идомаи суҳбат Х. Аминбекова.
Ҳунари дафзаниро Холбӣ аз овони хурдсолӣ аз модараш Турчай омӯхт. Модарашро, ки зани ҳунарманду маъракаоро буд, дар зодгоҳаш деҳаи Емтси ноҳияи Рӯшон ва деҳоти гирду атроф чун дафзани моҳиру бофандаи чирадаст мешинохтанд. Дар солҳои ташкили нахустин колхозҳо ва Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 мардум, агарчи бештари вақтро дар саҳро мегузаронданду зарбдорона меҳнат мекарданд, дар лаҳзаҳои холӣ барои хурсандиву шодӣ дафу рубоб ба даст мегирифтанд. Шабҳои тӯлонии зимистонро бо қиссаҳои шабафрӯзу садои даф, бофандагиву ресандагӣ паси сар мекарданд.
Холбии наврас ёд дорад, ки қаҳрамонони аз майдони ҷанг баргаштаро хурду калони деҳа бо садои дафу рубоб пешвоз мегирифтанду вай ҳамроҳи модар ба ифтихори қаҳрамонон даф мезад. Намедонист, ки пас аз чанд сол яке аз чунин мардони майдон Мавлодод Бузаров, ки дар убури Днепр ва озод намудани Киев ширкат варзида, пас аз захм бардоштан дар яке аз муҳорибаҳои назди Берлин ва муолиҷа ёфтан ба зодгоҳаш баргашт, ҳамсафари ҳаётиаш мегардад.
Мавлодод ба сифати ронанда кор мекарду бо назардошти сифатҳои меҳнатдӯстӣ ва шахси ҳаётдида будан, ӯро ба хидмат дар кумитаи амнияти давлатӣ дар вилоят гирифтанду онҳо ба Хоруғ кӯчиданд. Холбӣ дар комбинати хизмати маишӣ ба кор даромад.
Ҳамкорони собиқ аз ин бонуи меҳнатқарин чун ресанда ва бофандаи моҳир ёд мекунанду мегӯянд, ки ба занони зиёд ҷуробу рӯймолбофӣ омӯхт. Ӯ мӯйро бо усули дастӣ мулоим мекард, мересид ва риштаҳоро рангубор дода, ҳар гуна маҳсулоти зебо омода месохт, ки бехаридор намемонданд.
Фарзанди нахустинашон духтар таваллуд шуд. Хешу ақрабо барои тифл номҳои гуногун пешниҳод мекарданд, вале ба Мавлодод ягон ном писанд наомад. Вай китоберо хонда буд дар бораи корнамоии разведкачиёни тоҷик дар барбод додани нақшаи гитлерчиён дар Афғонистон ва Эрон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ . Дар он, аз ҷумла оид ба бонуи ҷасур ва далер Маҳбуба Мирмуллоевна Турсунова, ки бо номи мустаори Азиза ба ҳайси алоқачӣ ба Афғонистон фиристода шуда буд, очерке дарҷ гардида буд, падар ба хотири ин қаҳрамон ба духтараш Азиза ном гузошт. Азиза факултаи забони русии Донишкадаи педагогии шаҳри Душанберо хатм намуд, алҳол дар яке аз макотиби шаҳр ба шогирдон дарс мегӯяд. Ӯ чун омӯзгори ташаббускору соҳибтаҷриба ва иштирокчии фаъоли корҳои ҷамъиятӣ соҳибэҳтиром аст. Ба духтари дувумашон волидон Ҳалима ном гузоштанд. Ӯ хислатҳои меҳнатдӯстии модарашро молик асту дар шифохонаи вилоятӣ кор мекунад.
- Ҷароҳатҳои дар ҷанг бардоштаи падарҷонамон аз худ дарак доданду ӯ бармаҳал гузашт. Модари азизамон моро тарбия намуданду ҳоло соҳиби хонаву дарем. Ифтихор дорем, ки бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзӣ пайдо мекунем, - нақл мекунад Азиза.
Холбӣ мегӯяд, вақте даф ба даст мегирам, чеҳраи модари азизу меҳрубон ва ҳунармандам ба ёд меояд, ки ба бонувони зиёд ҳунари бофандагӣ ва дафзаниро таълим медоду шарики ғаму шодии мардум буд. Модар барои духтари нозанинаш асрори сози биҳиштиро кушод.
Бонувони дафзан дар тӯли асрҳо ритми махсусе ба вуҷуд овардаанд, ки барои Боми ҷаҳон махсус аст.Гурӯҳи бонувони дафзане, ки бо садои ғулғулаафкан базмҳоро гарм мекунанду ба он шукӯҳу тароват мебахшанд, одатан аз 5 то 7 нафар мешаванд ва бо ҳунари худ се гуна дафро ба ҳам омезиш дода, навои дилангез ба вуҷуд меоранд. Нахуст зани аввал дар саф истода ба дафзанӣ оғоз мекунаду сипас дувумӣ ба он ҳамроҳ мешавад ва садо тобиши дигар мегираду пайки шодмонӣ баландтару шевотар ба гӯш мерасад. Ва ниҳоят бонувони дигар ба онҳо ҷӯр мешаванд ва навои мутантани даф бо садои зангӯлаҳо ва ҳаёҳуи бачаҳо омехта дар гирду атроф ғулғула меафканаду қалбҳои хурду бузургро ба ларзиш оварда, онҳоро беихтиёр ба рақс мекашад. Дафзанӣ завқ ва маҳорати махсус талаб мекунаду на ҳар бону салиқаи дафзанӣ дорад. Дафро беҳтарин васила барои изҳори хурсандӣ дарёфтаанд.
Даф сози биҳиштӣ маҳсуб шуда, мардум онро муқаддас мешуморанд ва бовар доранд, ки он ба хона бахту саодат меорад. Аз ин рӯ, дар ҳар сутуни хонаи урфии помирӣ даф овезон аст. Аз болои даф ҷаҳиданро убол медонанд ва онро бо эҳтироми махсус ба даст мегиранд.
Маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ яке аз маҳаллаҳои ободу зебо буда, сокинони он дар ташаббусҳои созандагӣ пешоҳанганд. Вақте ки чанд солҳо қабл ба хотири таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бонувони дафзан лозим шуданду ҷамъ оварданашонро ба Холбӣ супурданд, ӯ ҳамагӣ панҷ бонуеро, ки салиқаи дафзанӣ дошт, пайдо кард. Бо ин гурӯҳ тамрин намуда, тарзи дафзании дастҷамъонаро ба онҳо омӯхт. Сипас, ҳунаромӯзӣ ҳамчун кори савоб ба шуғли доимиаш табдил шуду айни ҳол дар маҳалла наздик ба 50 бонуи ҷавон ва занони солманд аз ҳунари дафзанӣ бархӯрдоранд. Бонувони дафзан иштирокчии фаъоли идҳо ва чорабиниҳои фарҳангии шаҳриву вилоятӣ хастанду бо садои даф аз оғози боз як рӯзи хушу фархунда ва созанда ва боварии қавӣ ба оянда ба мардум паёми фараҳу шодӣ мерасонанд.
Бонуи ҳунарманд Холбӣ Аминбекова таманно дорад, ки кулли бонувони кишвар чун рамзи оламу офтоб, шодиву нишот, тую сур ҳамеша даф ба каф дошта бошанду садои ин сози биҳиштӣ ҷовидон сартосари мамлакати азизамон танинандоз бошад.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
шаҳри Хоруғ