Шабнам Ибодова:
«БА ХОТИРИ ПАДАР
БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАСТАМ»
Ин бону бо чашмони кабуди обӣ ва чеҳраи офтобӣ , бо чорагариву навин раҳҷӯиҳо, бо панҷаҳои ҳунаррезаш барои аксарият дар фазои маҷозии интернетӣ кайҳост, ки ошност. Шабнам Ибодова бо дасткориҳои марғубу ғалатии хеш таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ моил ва ба андеша водор месозад.
Замони мактабхонӣ ӯ зарфҳои шишагии аз об холиро бо омехтаи гаҷу семент рӯйпӯш карда, бо муҳраву зарҳалу донаҳои қаҳва саду як навъ ороиш дода, дӯстону ҳамсабақонашро ба ҳайрат меовард. Бо ҳунару ҳунармандӣ аз хурдсолӣ ошност. Модараш – зани украинӣ аз дудмони ҳунармандони чирадасти диёри хеш, дар кашидадӯзиву ироқидӯзиву тӯрбофӣ чевари гулдаст буду ба фарзандони хурдсолаш пӯшок медӯхт ва рӯи онҳо гулдӯзӣ мекард, ҳам ҷӯробу ҷемперу кулоҳ мебофт ва ба харидории либос ниёзе надошт. Шабнам дар муҳити ҳунарварӣ тарбия ёфт ва бармаҳал сӯзан ба даст гирифт.
Вохӯрии волидони Шабнам ҳам ҷолиб сурат гирифтааст. Модараш, кимиёшиноси ҷавон, пас аз хатми техникуми Украина ба заводи кимиёвии Ёвон роҳхат гирифт. Падараш, хатмкардаи факултаи кимиёи донишгоҳи техникӣ низ ба заводи мазкур омад. Муҳаббати ҷавони тоҷик бо украиндухтар бо издивоҷ поён ёфту се тифлак ҳамсони модар бо дидаҳои аҷаб софи осмонӣ , аммо бо тарҳу қиёфаи падар ба дунё омаданд. Шабнам, нахустфарзанди хонавода, дар МТМУ № 45 ва 2 ноҳияи Ёвон таҳсил дидааст. Овони мактабхонӣ ӯ ҳунарҳои зиёдро меозмуд ва муваффақ ҳам мегашт. Кашидадӯзӣ , бофандагӣ ва дӯзандагиро аз модару гулдӯзиро аз бонувони маҳал омӯхт.
- Ёд дорам, барои баъзе ҳамсабақони мактабиам, ки душвории молиявӣ доштанд, лӯхтакҳо месохтам, ба онҳо пироҳану дастор медӯхтам, аз риштаҳо мӯйи сар тартиб медодам. Ҳамсабақонам бо хушнудӣ ин лӯхтакҳоро ба омӯзгорон ҳадия мебурданд. Чанд сол дар Украина низ таҳсил кардаам. Ба директори мактаб низ расмеро гулдӯзӣ ва даруни чаҳорчӯба гирифта, туҳфа бурдам. Он расм 10 сол девори мактабро зеб дод ва ду сол қабл ӯ маро наздаш хонду он расмро баргардонд ва гуфт, ки он бароям хотироти накуе аз солҳои мактабхонӣ хоҳад буд.
Дӯстонаш тавсия медоданд, ки Шабнам бо дастранҷҳои зебои худ дар намоишгоҳҳо ширкат варзад ва домони фаъолияти хешро густурда созад. Оне, ки вай ҳунарманди худкор буд, меандешид, ки офаридаҳояш майда-чуйдаҳои нозаруранду нохушоянд. Соли 2013 чанд зарфи шишагии тазйинёфтаро ба дӯстонаш тақдим намуд ва сазовори таҳсину ситоиши зиёд гашт. Бо маслиҳати дӯстон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастранҷҳои худро ба намоиш гузошту дар ин росто, самти тиҷорат ва созмон додани брендҳоро омӯхт. Соли 2014 тамғаи молии хешро таъсис доду нахустноме гузошт «Rosee de la nuit» («Шабнам» ба забони фаронсавӣ ).
- Дар оғоз як дастранҷам ба 20 сомонӣ ҳам харидор пайдо намекард. Аз ин рӯ, онҳоро ба дӯстонам ҳадия мекардам. Чанд муддат ин ҳол идома ёфт. Баъдан андешидам, ки туҳфа кардан, агарчи хушоянд аст, шахс дар он соҳа насабзида, аз пешрафт бозмемонад. Аз ҳисоби дасткориҳои хеш маблағ ба даст овардан ангезаи муайяне дорад, ки касро ба рушду нумӯ таҳрик медиҳад. Баъдан, барои офаридани он маҳсулот масраф мегардад, ки он ҳам ба ивази маблағ ба даст меояд. Ин буд, ки шурӯъ аз соли 2014 дар чорабиниҳои гуногун ширкат варзида, мекӯшидам, ки бо пешаварон бештар ошно шавам, - мегӯяд ӯ.
Барои Шабнам самти тиҷорат дер боз ошно буду аз малакаҳои хуби фурӯши маҳсулот низ бархӯрдор. Ӯ соли 2007 факултети дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро поён бурда, тӯли 8 сол дар ширкатҳои фармасевтии кишвар фаъолият бурд. Дар фурӯши маводи доруворӣ , муомила бо мизоҷон таҷрибаи зиёд андӯхт. Аммо чун бо тавсияи волидон ин пешаро интихоб намуда буд, хост самти фаъолияташро ба куллӣ тағйир дода, ба эҷодкорӣ рӯ орад ва бо дигарон табодули таҷриба намояд.
То соли 2017 худро аз нав ҷуст, тамоми ҳунарҳоро озмуд, то муайян созад, ки чӣ гуна дастранҷҳо бозоргиранд. Дар оғоз суроҳӣ зеб медод, баъдан аз донаҳои каҳва ороишоти зиёде месохт, рӯи онҳоро гулдӯзӣ мекарду нақши ироқӣ мепартофт. Лӯхтаку аъҷубаҳоро зеб медод ва аз гулу баргҳои хушк ва зарфҳои пластикӣ ниҳолаку дарахтон месохт. Ҳарчи мефармуданд, ба иҷрои онҳо камар мебаст. Билохира, ба хулосае омад, ки як самти ҳунарро ихтиёр карда, онро ривоҷ бахшад ва ба бахши ороишоти занона таваққуф кард.
Сохтани сӯзани қубба ва гарданбандро хуб омӯхт, ки барои таҳияи як адади он то 8 соат вақт масраф мегардад. Нахуст бо муҳраҳои резаи арзон корро шурӯъ намуд. Баъдан маҳсулоти босифати гаронарзишро барои офаридани дастранҷҳояш ихтиёр кард. Ҳоло баъди харидорӣ муҳраҳоро хуб бо об шуста, месанҷад, ки мабодо ранги онҳо тағйир нахӯранд ва маҳсулот бояд босифат омода гардад.
Ба Украина сафар карду дар дарсҳои маҳорат ширкат варзид ва ҳам ба шакли онлайнӣ маҳорати худро сайқал дод.
Алҳол тасмим дорад, ки ба сохтани дастанҷом, ҳамён ва ғайра бипардозад, аммо фурсат андаке барояш танг аст. Ӯ дар ширкати хусусие ба ҳайси мудири шуъбаи робита ва хизматрасонӣ фаъолият дорад ва дар мавзӯи «Роҳҳои дурусти хидматгузорӣ ба мизоҷон» миёни кормандони ширкатҳои гуногун дарси маҳорат доир менамояд. Ҳамчунин, модари як фарзанд асту танҳо шомгоҳон фурсат меёбад, ки ба шуғли дӯстдоштааш - офаридани дастранҷҳо бипардозад. Аҳёнан ӯ вақт ёфта, аз ҳунари хеш дарси маҳорат мегузаронад.
- Ҳоло ҳунарҳои дастӣ бештар бозоргиранд. Мехоҳам гурӯҳи кории худро таъсис диҳаму иқтидори истеҳсолро биафзоям. Аз рақибон ҳарос надорам, баръакс, таҷрибаи худро ба онҳо мерасонам ва аз чӣ шурӯъ кардани корамро мегӯям. Зеро ҳунармандон ҳар чӣ бештар бошанд, дар рақобат сифати маҳсулот рӯз аз рӯз беҳтар хоҳад шуд. Хушбахтам, ки намоишгоҳҳои ҳунармандон зиёд доир мегарданд, - мегӯяд ин бонуи ҳунарманд.
Бо тақозои сарнавишт волидонаш аз ҳам дур гаштанд ва Шабнам муддати як сол бо модару бародар ва хоҳараш дар Украина ба сар бурд. Шуғли хубе пайдо намуду эҷоди ҳунарашро ҳам идома бахшид. Аммо андешаи он, ки падар танҳост, ӯро ором намегузошт, аз рафтори худ мешармид. Билохира, роҳи Тоҷикистонро пеш гирифту ба падари пираш парастор шуд.
- Ба куҷое, ки наравем, пеш аз ҳама, тарбия ва ҳастии худро бо худ мебарем. Дӯстонам мегуфтанд, ки зистан дар Украина хубтар аст, чаро ба Тоҷикистон баргаштӣ . Мегӯям, ки бароям дар ҳар ду кишвар иқомат кардан яксон аст, балки дар ин ҷо худро беҳтару роҳаттар мебинам. Агар шахс маълумот, ҷасорат ва идеяҳои нав дошта бошад, дар кадом гӯшаи дунё, ки бошад, ба ҳадаф мерасад. Яъне, бо андешаи созанда ва тинати офаранда ҳар куҷо, ки бошем, роҳати зиндагиро дармеёбем, - иброз намуд Шабнам Ибодова.
Шабнам Ибодова ҳомили арзишҳои неки инсонӣ буда, бо заҳматқаринӣ ва матонат тавонист, ки дар атрофи худ нафарони боистеъдодро ҷамъ орад ва ҳадафҳои созандаи хешро ҷомаи амал пӯшонад.
Омина ХОҶАЕВА