19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ШАКАР ЗИ АҚИҚИ ТАР БИРЕЗАД

 

Shakar-zi-akiki-tar-birezad1Ақиқ (сердолик) санги гаронбаҳо буда, як намуди минерали халседон, яъне навъи микрокристаллӣ ва нимшаффофи кварс аст. Ақиқ аслан сурхранг ва зарди норинҷӣ ва, ҳамчунин, метавонад моҳтобӣ, бӯр, сабз, кабудча ва қаҳваранг бошад. Вожаи ақиқ сермаҳсултарин вожаест, ки зиёд шуарои мо дар ашъорашон истифода бурдаанд. Шоирон лаби сурхи зеборухонро ба ақиқ ташбеҳ додаанд.

Шамси Табрезӣ фармуда:

Маро ақиқи ту бояд, шакар чӣ суд кунад,

Маро ҷамоли ту созад, қамар чӣ суд кунад?

Санги ақиқ дар миёни тоҷикон бо хосиятҳои давобахшиаш машҳур аст. Ақиқро чун санги балогардон, рабояндаи ғаму ғуссаи дил, бахт­оваранда меҳисобанд. Вожаи ақиқро дар забони русӣ сердолик номидаанд, ки маънояш дилафрӯз ва таскинбахши асабу зарабони ноҳамвори дил, яъне тапиши номураттаби дилро муътадил гардонда, нури чашмро зиё мебахшад. Дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ба гуфте барои шифои захми тири сарбозоне, ки ба Тоҷикистон оварда шуда буданд, ақиқ истифода мешуд.

Дар Россия курси омӯзишии ин санг таъсис ёфтааст, ки ба ҷои дору истифода мешавад. Натиҷаи табобат бо ақиқ он шуд, ки таркиби хун, ҳолати системаи асаб беҳтар, варами гӯш ва захмҳои бадани инсон шифо ёфтанд.

Shakar-zi-akiki-tar-birezad2Дар хусуси зебоӣ ва сеҳрнокии ақиқ ривоятҳои зиёде ҳастанд, мувофиқи ин гуфтаҳо ақиқ зеҳни инсонро қавӣ гардонда, касро суханвару ҷасур, бахусус ақиқи сурх ба бонувон оромӣ ва зебоӣ мебахшад ва ба оилаҳо хушбахтӣ меорад.

Дар замони қадим ақиқҳои мардона ва занона аз ҳамдигар фарқ доштанд. Ақиқҳои бештар сурхи ба хун монандро ақиқи мардона ҳисоб мекарданд ва аз ин ақиқ шамшер, найза, қадаҳ, сандуқча ва афзори аспро хотамкорӣ мекарданд. Аз ақиқи зарди гулобиранг лавозимоти ороишӣ барои бонувон, ба монанди гӯшвор, дастпона, ангуштарин ва марҷону муҳра омода мекарданд.

Хосияти давоӣ ва сеҳрнокии ақиқро донис­та, барои рафъи бемории ғадудҳои гулу онҳое, ки ба ин беморӣ гирифторанд, аз санги ақиқ гарданбанд сохта, ба гардан мебастанд.

Намунаҳои алоҳидаи ақиқ дар кӯҳистони Зарафшону Ҳисор ва Помир маҳфузанд.

Фароҳамсоз
Шаҳло АМОНӢ

:.  Соли рушди деҳот, сайёҳӣ 25.06.2021 07:20 751

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz