Хотираи як вохўрї
Шабнаму Муниса аъзои як хонаводаанд. Муниса донишљўи бахши чоруми факултаи фалсафа буда, бо ихтисоси кори иљтимої ва кумаки равонї дар Донишгоњи миллии Тољикистон тањсил менамояд. Ў мегўяд, ки кори иљтимої вобаста ба сиёсати иљтимоии давлат буда, оянда мехоњад, ки мутахассиси хуби ин соњаи барои љомеа баѓоят муњим шавад ва дар пешрафти њаёти иљтимоии кишвар сањм дошта бошад.
Муниса ба њунармандї шавќу раѓбати беандоза дорад ва дар баробари илмомўзї аз њунарварии сунњори хонадон - Шабнам њунарњои мардумиро андўхтааст.
Чанде ќабл њини сафар Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ба ноњияи Рўдакї, аз гўшаи намоишгоњи њунарњои мардумї, ки он љо низ мањсули дастранљи Шабнаму Муниса гузошта шуда буд, дидан намуданд. Муниса аз ин вохўрии ѓайричашмдошт боњарорат ва бо эњсоси баланд иброз дошт:
- Таваљљуњи Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмонро ба њунарњои дастї дида, завќам ба ин пеша афзун гашт. Ба мањсули њунарамон бањои баланд дода, пурсиданд, ки мањсулот аз кадом ташкилот аст. Дар љавоб гуфтам, ки мањсули дасти бонувони ташкилоти љамъиятии «Мумтоз» мебошад.
Гуфтанд, оё «Мумтоз» метавонад, бонувони мањаллиро пурра ба њунармандї љалб созад? Гуфтам: «Бале. «Мумтоз» гирандаи гранти президентї мебошад ва њадаф низ њамин аст, ки дар маркази сайёњї ва њунарњои мардумї мањз бонувон дар ин самт ба њунар фаро гирифта шаванд. Занону духтарони зиёд аллакай дар ин марказ соњибњунар гаштаанд».
- Њамчунин, дар бораи фоида ба даст овардан ва чархондани кор љињати равнаќи пеша пурсон шуданд. Гуфтам, ки бо маблаѓи фурўши мањсулоти дастї харољоти донишљўиямро мепўшонам ва бо зиёд шудани фармоиш то њадди имкон ба буљети хонадон низ фоида меорам. Аз посухњоям Сарвари давлат хушњол шуда тањсинам хонданд, - бо завќ мегўяд Муниса Њусейнзода.
Баракати гранти президентї
Шабнаму Муниса тасмим гирифтанд, то барои рушди њунарњои мардумї ва љалби духтарон ба њунаромўзї лоињае омода созанд. Соли 2018 лоињаи пешнињоднамудаашон аз љониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи љумњурї дастгирї ёфт ва онњо соњиби 20 њазор сомонї гардиданд.
- Бо истифода аз њунарњои мардумї ва ба таври муосир омода намудани мањсулот фикрњои зиёд доштам. Барои амалї сохтани њадафи худ маблаѓи муайян наќши муњим мебозад. Муниса пешнињод намуд, ки лоињаеро омода созем, то наќшањоямонро амалї гардонем. Хушбахтона, лоиња дастгирї ёфт. Маблаѓи гирифтаамон сарфи лавозимоти корї, аз љумла дастгоњи дарздўзї, матоъ ва риштаву сўзан шуд. Дар муддати кўтоњ занону духтарони мањаллї барои омўзиш ба марказ омада, ба њунаромўзї пардохтанд. Бонувони њунармандро, ки имкони ба марказ омадан надоштанд, бо мањсулоти зарурї таъмин намудем. Занони њунарманд дар хона њам ба парастории кўдакон машѓуланд ва њам бо марказ њамкорї мекунанд. Ба ин васила соњиби маблаѓ шуда, ба буљети оила фоида низ меоранд. То ин муддат аксарашон аз гардиши маблаѓе, ки аз мањсулоти фурўхтаашон ба даст овардаанд, соњиби марказњои омўзишї ва сехњои хурди њунармандї гардидаанд. Аз баракати гранти президентї дањњо бонувон соњиби кор шуданд, - иброз медорад Шабнам Рањмонова.
Шабнам замони наврасї аз њунарњои ќуроќу гулу зардўзии модару бибии њунармандаш воќиф буд. Баъдтар барои духтарону арўсони мањаллашон куртањо медўхт. Бонуи њунарманд мегўяд, ки барои кас омўхтани чил њунар кам аст. Аз ин хотир, барои аз худ намудани њунари попурзанї ва омўзиши компютер ба ташкилоти љамъиятии «Мумтоз» омад.
- Бахтамро аз њамин макони њунар ёфтам. Хонаводаи шавњар низ дилбохтагони њунарњои мардумианд. Њамеша дар рушди пеша дастгириам менамоянд. Бо мусоидати хушдоманам соли аввали оиладорї дар литсейи дўзандагии №33 шањри Душанбе тањсил намудам. Баъдан, тариќи озмун ба Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї шомил шудам. Алњол, дар факултаи технологияи соњибкорї ва дизайн тањсил дорам, - мегўяд Шабнам.
Њунар омўхт ва беш аз 100 бонуи мањалро соњибњунар намуд, ки дар ин миён духтарони маъюб низ буданд.
Аксари хонаводањоро мушкили иќтисодї домангир аст, ки ин боиси љангу хархаша дар оилањо мегардад. Яке аз омилњои зиёд шудани пошхўрии хонавода низ ниёзманд шудани оила ба маводи озуќа ва сарулибос мебошад. Аксар занон аз камбуди рўзгор садо баланд мекунанд ва ин сабаби муноќиша дар хонадон мегардад. Иќдоми роњандозикардаи Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар мавриди дастгирии занон дар самти рушди њунарњои мардумї дар њаёти бонувон бењбудї овард. Ба ин васила њунарњои нуњуфтаи ниёгон эњё ва занону духтарон чеварони соњибњунар ва соњибмаслак шуданд.
Шабнам мегўяд, ки акнун дар дењот бонувони њушманди њунарвар чун солњои пешин дастнигар нестанд. Њадди имкон дар шароити хона аз њунар кор мегиранд ва чархи рўзгорро мегардонанд.
- Ба мањсулоти њунарњои ќадима хориљиён бештар таваљљуњ зоњир менамоянд. Аз он ки харидори асосии мањсулоти мо мењмонони хориљианд, мутаассифона, бо таъсири пандемияи коронавирус ташрифи гардишгарон ба кишвар кам гардид. Болиштчањои гулдўзию попурї, њамёнњои бо пўпакчањо орододашуда ва љузвдонњои аз адрасу атлас ва беќасабу алоча омоданамудаи бонувони њунарманд диќќати њар як бинандаро ба худ љалб месозад. Дастранљи онњо арзандаи тањсин аст.
Мехоњам мањсули њунарамро бо бренди хосса дар кишвар ва берун аз он муаррифї намоям. Фурсат низ расидааст, ки ин орзуи хешро амалї созам, - мегўяд бонуи соњибњунар.
Зиндагии осуда ва ором, таъмини њар хонадони кишвар бо маошу рўзгори хуш, дастрасї ба маводи озуќа, омўзондану соњибкасб кардани шањрвандон пайваста дар мадди назари Њукумат аст. Аз ин лињоз, грантњои президентї яке аз чорањои пазируфтанист ва он бањри некуањволии бонувон наќши муњим мебозад. Њамин аст, ки ба шарофати грантњо ќисми зиёди бонувон дар чархондани рўзгори хеш сањм мегиранд.
АНОЊИТО