Баъди поён бурдани баҳори нуҳуми соли таҳсил талабагон бархе ба таҳсил дар омӯзишгоҳу литсейҳои касбӣ афзалият медиҳанд, то ҳарчи зудтар ба маснади пешаварӣ расанду ноновари хонавода бошанд. Дар беҳтарин шароит баъди ду соли ҳунаромӯзӣ баробари ҳамтоён, агар хоҳанд, таҳсилро дар макотиби олӣ тамдид хоҳанд дод.
Барои амалӣ гаштани чунин иқдомҳои дурбинонаи ҷавонон имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ шароити хубе фароҳам аст, ки дар дилхоҳ марказҳо, омӯзишгоҳ ва литсейҳо ҳунареро дар худ сайқалу суфта ва ҳадафҳои навину баракатрези худро пиёда гардонанд.
Рушди соҳаи саноати мамлакат аз ғайрату тавонмандии ҷавонон вобаста аст, ки то чи андоза донишу ҳунари хешро қавӣ мегардонанд ва дар ҷабҳаи бузурги саноатикунонии кишвар ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Ҳанӯз соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон дошта, мақсад гузоштанд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 дарсад расонда шавад. Бо дарназардошти ин, бо мақсади таъсиси ҷойҳои кориву бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон имрӯзҳо дар саросари мамлакат садҳо коргоҳҳои хурд, марказҳои омӯзишӣ ва мактабу литсейҳои махсус ба наврасону ҷавонон ва бонувони маҳал касбу ҳунар меомӯзонанд.
Яке аз чунин ҳунаристонҳо Муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбест, ки тӯли фаъолияти беш аз 70 - сола ҳазорҳо шогирдонро чун ҳунармандони чирадаст тарбият намуда, тоҷвар гардондааст.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ин боргоҳи касбу ҳунар бо шароити хуб таъмин буда, синфхонаҳо, устохонаи таълимӣ, китобхона, синфхонаҳои компютерӣ ва дар маҷмӯъ, заминаи хуби назариявию истеҳсолиро дорост. Синфхонаҳои таълимии фаннӣ ва тахассусӣ бо имконот ва технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ба талаботи нақшаву барномаҳои таълимӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Литсей аз рӯи 9 ихтисос: дӯзанда, гулдӯзии маҳсулоти бофандагӣ ва чарчинворӣ, дӯзанда - пардадӯз, дӯзанда - зардӯз, либосдӯз, буранда, системаи компютерӣ ва интернет - технология, ҳисобдор (бо донистани компютер) ва сартарош амал менамояд. Хонандагон баъди хатми синфи нуҳ дар литсей давоми ду сол таҳсил намуда, таҳсилоти ибтидоии касбиро бо гирифтани диплом ва аттестати таҳсилоти миёнаи умумӣ поён мебаранд. Пас аз синфи 11 давомнокии таҳсил дар литсей як солро фаро мегирад.
Бо эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар литсей синфхонаи ҳунарҳои мардумӣ бо шароиту имкониятҳои бештар таъмин ва фаъолияти он фарохтар гардид. Дар заминаи он, барои омӯзиши ҳунарҳои хоси миллӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос бо назардошти бозори меҳнат роҳандозӣ шудааст. Аз қабили гулдӯзии маҳсулоти бофандагӣ ва чарчинворӣ, дӯзандагӣ, попурзанӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, ҳунари кадбонугӣ, консервкунӣ ва нонпазӣ. Давомнокии курсҳо аз як то се моҳ буда, як моҳи таҳсил 85 сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар фарҷом касбомӯзон соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
Синфхонаи ҳунарҳои мардумӣ бо дастгоҳҳои хурди алочабофӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ ва мошинаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши соҳаи саноати сабук ва касбҳои дӯзандагию гулдӯзӣ ҳамчун пойгоҳи моддию техникӣ хизмат менамояд.
Дар литсей ихтисосҳои ғайрисоҳавӣ - системаи компютерӣ ва интернет - технология, ҳисобдор бо донистани кор дар компютер, сартарош ва ороишгари рӯю мӯй ва нохун мавҷуданд. Теъдоди умумии хонандагони литсей 387 нафар буда, 70 дарсадро духтарон ташкил медиҳанд. Қисми бештари касбомӯзон бонувони хонашинанд. Мардҳо низ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
- Таълими истеҳсолӣ пурра дар литсей ҷараён ёфта, дар рафти таҷрибаомӯзӣ хонандагон дар коргоҳҳои истеҳсолӣ бо ҷои кор таъмин мешаванд. Литсей бо ҶДММ «Гулистон», «Ёқут -2000», ҶДММ «Корхонаи нассоҷии тоҷик» ва ғайра шартномаи дуҷониба бастааст, ки дар асоси он хатмкардагони муассиса бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ният дорем, ки хатмкардагони ихтисосҳои ҳисобдор, системаи компютерӣ ва интернет –технологияро низ бо ҷойи кор таъмин намоем. Бо бонкҳо ва дигар коргоҳҳо низ шартнома бастанием, то хонандагони ғайрисоҳавии литсей дар рафти таҷрибаи истеҳсолӣ бо кор таъмин гарданд, - иброз дошт директори литсей Шаҳло Сироҷова.
Дар баробари омӯзгорони фанҳои тахассусӣ 10 устои таълими истеҳсолӣ хонандагону касбомӯзонро ба омӯзиш фаро гирифтаанд, ки 85 дарсади онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар доираи гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ- техникӣ ва омӯзиш» бинои таълимӣ ва хобгоҳи литсей таъмиру навсозӣ гардида, шароити хуби будубош барои хонандагон ва омӯзгорони ҷавон аз ноҳияҳои дурдаст таъмин аст.
- Дар литсей аз рӯи 5 ихтисоси нав корро ба роҳ монданием. Либосдӯз - либосҳои мардона, амсиласози либосҳо (моделйер) аз ҳисоби духтарону писарон ва тарроҳӣ. Якеи он аз рӯи барномаи гендерӣ амалӣ хоҳад шуд, ки аз ҳисоби духтарон устои муҳаррики мошинаҳои дӯзандагӣ омода мегардад. Зеро дар ҷараёни фаъолият барои дарёфти чунин устоҳо мушкилӣ доштем. Дар рафти ҳамкориҳо бо корфармоёни коргоҳҳои истеҳсолии кишвар ба мо дархост шуд, ки дӯзандаи либосҳои кӯдаконаро низ ҳамчун ихтисоси алоҳида ҷорӣ намоем. Ин аст, ки тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ ихтисосҳои бозоргирро таҳия карда, ба Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар пешниҳод намудем. Баъди ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои нав ҷорӣ хоҳанд шуд, - афзуд Шаҳлобону.
Нафарони бо дипломи аъло хатмкардаро дар литсей ҳамчун устои таълими истеҳсолӣ ва омӯзгори фанни тахассусӣ ба кор (албатта, ихтиёрӣ) мегиранд.
Маҳсули эҷод ва ҳунари хонандагон дар фестивалҳои «Маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ», «Ҳунар беҳ аз зар бувад», «Намоиши либосҳои миллии занона ва мардона», «Чакомаи гесу», озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва ғайра бо ҷоиза ва туҳфаҳо қадр шудаанд.
Воқеан, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли доимии бомузд барои рифоҳи рӯзгор ва саодати зиндагии сокинон асоси боэътимод гузошта, рушди иқтисодиёти кишварро тақвият мебахшад. Бахусус, дар шароите, ки ҳунармандону косибон аз имтиёзҳо бархӯрдоранду майлу рағбати аҳли ҷомеа ба ин ҷода афзудааст.
С. ШАРИФӢ