Ноҳияи Ҷаббор Расулов
ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА
Ноҳияи Ҷаббор Расулов (собиқ Пролетар) соли 1935 таъсис ёфтааст. Бо ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамени Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз аст. Ҳудудаш 328,5 километри мураббаъ, аҳолиаш 148 ҳазор нафар.
Маъмулан, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар барномаҳои миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодӣ таҳия карда мешаванд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳанӯз 13-уми декабри соли 2014 Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016 - 2020 ба тасвиб расида буд.
Ҳадафҳои аслии барнома мунтазам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла паст кардани сатҳи фавти модару кӯдак, афзоиш додани фарогирии хонандагон ба таълим, таъмин намудани баробарҳуқуқии гендерӣ дар соҳаи идоракунӣ, шуғл ва баланд бардоштани суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ буданд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба барномаи мазкур моҳи декабри соли 2019 тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Оё ин барнома амалӣ шуд ва умуман соли 2020-ро дар ноҳия бо кадом натиҷаҳо ҷамъбаст карданд ва дар соли ҷашнӣ боз кадом нақшаҳо доранд? Барои посух гирифтан ба ин саволҳо ба раиси ноҳия Тоҳир Қудратзода муроҷиат кардем.
- Тибқи барномаи мазкур аз 135 лоиҳаи пешбинишуда 132 лоиҳа амалӣ гардид, ки 98 дарсадро ташкил медиҳад. Бо назардошти ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ барои бунёд ва барқарорсозии лоиҳаҳо зиёда аз 348 миллиону 478,3 ҳазор сомонӣ корҳо ба сомон расиданд. Аз ҷумла, 4 миллиону 84,7 ҳазор сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ, 6 миллион сомонӣ аз буҷети вилоятӣ, 5 миллиону 115 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ, 325 миллиону 156,6 ҳазор сомонӣ сармояи дохилию хориҷӣ ва 8 миллиону 120 ҳазор сомонӣ маблағҳои худи корхонаву ташкилотҳо, - гуфт раис. – Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 394 банд ба нақша гирифта шуд, ки аз он 309 банд дар солҳои 2018 - 2020 ё худ 78 дарсад иҷро гардид. Иншооти боқимонда дар муҳлати муқарраршуда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
КИШОВАРЗӢ
Кишоварзони ноҳия барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз роҳу усулҳои пешқадам истифода бурда, сол аз сол истеҳсоли маҳсулотро зиёд мекунанд. Соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 969 миллиону 809 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки назар ба соли пеш 78 миллион сомонӣ зиёд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кориашон ба вилояти Суғд ба ноҳияи Ҷаббор Расулов омада, бо кору бори кишоварзон шахсан шинос мешаванд. Порсол Пешвои миллат ду бор ба ноҳия омаданд ва, аз ҷумла 2 июли соли гузашта ба парвариши қаланфури булғорӣ, ки дар дохил ва хориҷи кишвар харидори бисёр дорад, дар хоҷагии деҳқонии «Назрулло» шинос шуданд.
- Хоҷагии мо, ки соли 2008 таъсис ёфтааст, 8 гектар замин дорад, ки 5 гектараш замини корами обӣ аст, - мегӯянд аҳли хоҷагӣ, ки аксарият бонувонанд. – Парвариши қаланфури булғорӣ, ҳарчанд заҳматталаб аст, фоидаи бештар медиҳад. Инро ба назар гирифта, порсол майдони қаланфурро аз 2 ба 3 гектар расондем. Шодем, ки кори мо ба Сарвари давлат писанд омад ва он кас маслиҳат доданд, ки роҳҳои ба хориҷа содирот карданро дарёбем. Иқдоми наҷиби Пешвои миллат - ба муддати як сол аз андози ягонаи замин озод кардани кишоварзон ғамхории воқеӣ ба мардуми деҳот аст.
САНОАТИКУНОНӢ
Алҳол дар ноҳия 25 корхонаи саноатӣ фаъол аст: 9 корхонаи истеҳсоли хишти пухта, 3 корхонаи пахтатозакунӣ, 2 корхонаи коркарди хок, яктоӣ корхонаҳои истеҳсоли орд, нон, халта, оби ҷав, ришта, равған, асфалт, либоси мактабӣ, қолин ва ғайра. Ин корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро соли гузашта ба беш аз 317 миллион сомонӣ расонданд, ки назар ба соли пешин қариб 86 миллион сомонӣ зиёд аст.
Моҳи августи соли 2019 дар деҳаи Ғӯлакандоз корхонаи коркарди нахи пахта ва ресандагии ҶДММ «Органик Ян» ба кор сар кард, ки ба рушди соҳаи саноати ноҳия ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Корхонаро муштаракан ҶДММ «25-солагии Истиқлолият»-и Тоҷикистон ва ширкати «Мехмет Доган»-и Ҷумҳурии Туркия сохтаанд. Таҷҳизоти технологии корхона аз ширкати «Марзолли»-и Италия оварда шудаанд. Хати технологӣ, ки аз 5 қисм иборат аст, имкон медиҳад, ки ришта аз нахи пахта дар марҳилаҳои шонакунӣ, пилтапечӣ, лентасуфтакунӣ, ресмонресӣ ва ғалтакпечӣ истеҳсол карда шавад. Корхона дар як сол метавонад 5 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард ва аз он ришта истеҳсол намояд. Дар корхона қариб 200 нафар занону духтарони деҳот, ки аксар бекор буданд, соҳиби кору маоши хуб гардиданд.
16 сентябри соли 2020 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ дар корхонаи нави истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия ба фаъолият пардохт. Корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ мансуб ба ҶСК «Суғд кварс» мебошад. Дар хати якуми истеҳсолӣ, ки ифтитоҳаш дар арафаи Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар назар аст, 80 номгӯй маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои гуногунҳаҷм истеҳсол хоҳанд шуд. Ин корхонаи азим баъди пурра сохта шуданаш метавонад 400 нафарро бо ҷойи кор таъмин намояд.
Мавриди зикр аст, ки ашёи хом: реги кварсӣ, оҳаксанг ва даламитро корхона аз дохили кишвар ба даст меорад. Аз ҷумла, реги кварсӣ аз кони Қӯрғонча кашонда мешавад.
ИҶТИМОИЁТ
Дар ноҳия ба сохтмони иншооти фарҳангӣ, таълимию тандурустӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Кохи фарҳанги ноҳия, ки 6 сол пеш ба истифода дода шуд ва бо пешниҳоди Пешвои миллат «Гулистон» ном гирифт, дар вилоят яке аз беҳтарин кохҳост, ки ба маркази ноҳия ҳусни нав зам намуд.
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бонувони соҳибкор низ саҳми худро мегузоранд. Аз ҷумла, соҳибкор Олтиной Бӯтаева кӯдакистони дуошёнаи «Файзбахш»- ро сохтааст, ки 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Ҳамчунин, бо ибтикори соҳибкорони ватандӯст боз як кӯдакистони хусусии «Нурафшон» барои 240 нафар сохта шуд.
Соли 2018 маркази саломатӣ дар деҳоти Меҳробод бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз тарафи лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» бунёд гардид.
БОНУВОН
Аз 148 ҳазор нафар аҳолии ноҳия 70436 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд. Хурсандиовар аст, ки дар се моҳи аввали соли равон ду нафари онон номбардори ноҳия дар сатҳи байналмилалӣ ва вилоятӣ гардиданд.
Хонандаи синфи 7- и МТМУ №11, узви маҳфили «Рассоми эҷодкор»- и маркази таҳсилоти иловагӣ Лайло Ёқубова дар 8-умин Фестивали байналмилалии «Шодии Тошканд» иштирок намуда, пирӯзӣ ба даст овард. Ӯ бо роҳнамоии устодаш Нозима Раҳимбоева ба кумитаи тадорукоти ин озмун, ки тариқи фосилавӣ баргузор гардид, расмҳояшро бо унвонҳои «Олами рангини кӯдакон», «Ҷаҳоне, ки ман сукунат дорам», «Ватани ман», «Орзуи ман» пешниҳод карда, сазовори баҳои баланди доварон гардид. Фестивали байналмилалии кӯдакон соли 2004 аз ҷониби Академияи рассомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг ва корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ду сол як маротиба байни кӯдакони аз 5 то 15-сола баргузор мегардад. Имсол ба кумитаи тадорукотии он зиёда аз 2 ҳазор асари кӯдакон аз 27 кишвар, аз ҷумла Франсия, Ҳиндустон, Чин, Амрико, Озарбойҷон, Малайзия, Миср, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Исроил, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Латвия ва ғайра пешниҳод гардида буданд.
Дар ноҳия 10 маркази таълимии истеҳсолӣ амал мекунад, ки 8-тоаш адрасбофӣ ва 2-то ҳунарҳои дигар мебошанд. Сафи ҳунармандон алҳол ба 239 нафар расида, барои фурӯши маҳсулоти ҳунари онон 47 нуқтаи савдо вуҷуд дорад.
Солҳои охир ба ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳ бештар шудааст. Алҳол дар ҳайати роҳбарикунандаи МИҲД ноҳия 3 нафар, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 3 нафар, дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 11 нафар ва дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 46 нафар бону шомил мебошанд.
Ноҳия бо табиати назаррабояш, махсусан, дар баҳору тобистон сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Сокинони шаҳру ноҳияҳои гирду атроф асосан дар баҳор ба сайри лола меоянд, ки барояшон ҳамаи шароити истироҳат дар табиат муҳайё карда шудааст.
Дар ноҳия ширкати сайёҳии ҶДММ «Роҳи сафед» фаъолият дошта, 22 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 2 мағозаи армуғон, 3 зиёратгоҳ, боғи фарҳангию фароғатӣ мавҷуд мебошанд.
Бо сабаби пандемияи коронавирус ва дигар омилҳо порсол якчанд корхона фаъолият накард, ду корхона ба ноҳияи дигар гузашт, 134 нафар шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, 810 нафар андозсупорандаи тибқи патент амалкунанда фаъолияташонро боздоштанд. Дар натиҷа буҷети маҳаллии ноҳия дар соли гузашта 75, 9 дарсад таъмин гардид, ки назар ба нақша беш аз 13 миллион сомонӣ кам аст. Ҳангоми суҳбат масъулон изҳор доштанд, ки имсол барои пурра иҷро кардани буҷет аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.
Ҷӯра ЮСУФӣ,
ноҳияи Ҷаббор Расулов