19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

110 СОЛИ МУЪҶИЗА

 

Тоҷикистонро ватани муъҷизаҳо унвон мебаранд. Яке аз чунин муъҷизаҳои нодир, ки ҳамасола сайёҳони зиёди дохилу хориҷ аз он дидан мекунанд, кӯли Сарез аст. Моҳи феврал ба пайдоиши он 110 сол пур шуд.

sayohi2Ба ҳисоби мутахассисон ин ҷавонтарин кӯли Помир алҳол бештар аз 17 миллиард метри мукааб обро дар худ ғунҷоиш дода, чунин миқдори зиёди об Сарезро ба бузургтарин ҳавзи баландкӯҳи ҷаҳон табдил додааст. Кӯл дар баландии 3200 метр аз сатҳи баҳр, дар кафи қаторкӯҳхои Помир доман густурдааст. Захираи беҳамтои оби тозаи нӯшокӣ, ки ба софкунӣ ниёз надораду нӯши ҷон намудани чунин оби тозаро ҳар кас дар дил мепарварад. Тамошои шаҳомат ва зебоии кӯлу табиати дастнохӯрдаи гирду атрофи он дар дили ҳар бинанда ҳайрат ва ҳаловати беандоза бармеангезаду бархе онро «нозанини хуфта» ва бархе «марвориди Помир» унвон додаанд. Бино ба фарзияи иддае аз мутахассисон, дар сукунати Сарез хатари бузурги сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нуҳуфтааст. Зеро маҳз миқдори бузурги оби кӯл ва дар баландӣ дар моварои кӯҳҳо қарор гирифтани он, метавонад дар андак муддат ин «нозанин» - ро ба неруи бузурги харобиовар мубаддал созад.

Сарез моҳи феврали соли 1911 бар асари заминларзаи шадид ва кандашавии кӯҳпораи Усой ва басташавии маҷрои рӯдхонаҳои Мурғоб ва Танимас ба вуҷуд омад. Тавре аз санадҳои бойгонӣ бармеояд, Сарез яке аз деҳаҳои ободи мавзеи Бартанги ҳудуди ҳозираи ноҳияи Рӯшон маҳсуб меёфту дар ин ҷо ҳунарҳои мардумӣ, бахусус оҳангарӣ рушд дошт ва сокинони гирду атроф маҳсулоти оҳангарӣ – каланду белу қулба, корд ва тешаву табарро аз устоҳои ин деҳа мехариданд. Заминларзаи сахт ва ба вуҷуд омадани сарбанди табиӣ аз кандашавии кӯҳпораи азим ҳаёти сокинони якчанд деҳаро, ки Сарез калонтарини онҳо буд, якумрӣ дигаргун сохт. Бар асари заминларза беш аз 80 нафар аҳолии ин деҳот ҷон бохта, афроди аз даҳшат ҷон ба саломат бурда, аз хавфи зери об мондан ночор ба Шуғнон ва Мурғоб кӯч бастанд.

Аз тадқиқотчиёни нахус­тини хориҷие, ки дар солҳои аввали рух додани заминларза аз маҳали ҳодиса дидан кардаанд, аксҳое боқӣ мондаанд, ки дар онҳо нӯги дарахтони зери оби дамидаистода мондаи деҳаи Сарез намоёнанд. Олими рус Григорий Андреевич Шпилко, яке аз нахустин тадқиқотчиёни кӯл, ки дар сад­ри як экспедитсия соли 1913 ба ин ҷо омада буд, харитаи Сарезро тартиб дода, пас аз омӯзиши сарбанди табиӣ ба хулосае омад, ки бинобар сахту мустаҳкам будани сарбанд, ба кӯл хатари рахнашавӣ таҳдид намекунад, аммо кӯл ба муроқибати ҳамешагӣ ниёз дорад. Ба ин хотир дар ҷойи бехавфи кӯл ҳуҷрае бунёд намуда, аз байни сокинони маҳаллӣ шахси шинохта ва мутарҷим Қабул Қурбонбекро назоратгари кӯл таъйин намуданд. Вақте назорати кӯлро ба ӯ супурданд, дарозии кӯл ҳамагӣ 27,7 ва паҳноиаш 1,5 километр­ро ташкил медод. Дар соли 1933 дарозии кӯл аллакай ба 75 километр расид. Бино ба пешгӯии олимон, рахнашавии сарбанди табиии Сарез на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои Туркманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва ҳатто барои Қазоқистон фалокати азим дар пай хоҳад дошт. Ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар минтақаи фалокати эҳтимолии кӯл наздики 6 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад..

Айни ҳол Сарез дар доираи густариши сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба яке аз ҷойҳои диданӣ барои дӯстдорони зиёди сайёҳии экологии дохилу хориҷи кишвар табдил ёфтааст. Сайёҳон бо ҳайрат ба шоҳкории табиат назар меафкананду аз табиати зебо ва дастнохӯрдаи гирду атрофи он ҳаловат мебаранд ва аз кӯл моҳӣ медоранду мазаи онро мечашанд. Савор шудан ба заврақу сайр кардан дар кӯли нилгун, вақте медонӣ, ки қаъри он ба 240 метр мерасад, завқи дигаре дорад,-мегӯяд журналист Гулос Мамадлоиқов.

Бо номи «Сарез» дар шаҳру ноҳияҳо қаҳвахонаҳо ва меҳмонхонаҳо мавҷуданд. Ширкати сайёҳии «Сарез» сайёҳонро ба тамошои ин муъҷизаи нодир даъват мекунад. Сайёҳон дар роҳи ҳаракат ба самти кӯл бо ҳаёт ва фарҳанги сокинони водии Бартанг шинос ва зеботарин ва нафистарин офаридаи дас­тии бадахшониҳоро тамошо ва харид менамоянд.

sayohi1Мутахассисон истифодаи захираи оби кӯлро ба мақсади ҳалли мушкилоти оби тозаи ошомиданӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳамсоякишварҳо амалишаванда меҳисобанд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳалли мушкилоти оби тоза дар ҷаҳон сухан ронда, аз ҷумла истифодаи оби тозаи нӯшоии кӯли Сарезро ба нафъи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсуд зикр намуданд. Шояд бо илҳом аз ин суханони Сарвари давлати тоҷикон бошад, ки Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш ҳангоми сафар ба Тоҷикистон аз имконияти тамошои Сарез истифода бурда, онро беҳамто ва сарвати бебаҳои кишвар номид.

Ба бовари мутахассисон дар ояндаи наздик оби тозаи ошомиданӣ ба қурби нафту гази моеъ баробар шуда, ба мақсади ҳалли ин мушкилот истифодаи захираи бузурги оби Сарез ногузир мегардад.

Пас аз фурӯпошии Итти­ҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи ҳалли мушкилоти Сарез танҳо монда бошад ҳам, давлат дар самти омӯзиш ва бехатаргардонии кӯл фаъолиятро боз ҳам бештар тақвият дод. Дар ҳамкорӣ бо ҷомеи ҷаҳонӣ ва шарикони рушд кӯл ҳамаҷониба омӯхта шуда, шабакаҳои ҳозиразамони огоҳкунанда аз фалокат ва алоқаи боэътимоди радиоӣ бо марказҳо, ноҳияву вилоят ва шаҳри Душанбе насб гардиданд. Пажӯҳишҳои олимони ватаниву хориҷӣ бори дигар хулосаи тадқиқотчиёни собиқи кӯлро дар мавриди мустаҳкам ва боэътимод будани сарбанди табиии кӯл, собит сохтанд. Тайи даҳсолаҳои охир дар минтақаи Сарез якчанд заминларзаи сахт рух доданд, аммо дар ҳолати кӯл ягон тағъйирот мушоҳида нашуд. Олимон авзои бетағъйири кӯлро чун шаҳодати мустақкаму побарҷо будани сарбанди табиии кӯли Сарез арзёбӣ мекунанд.

Роҳбари омӯзишгоҳи баҳодиҳии хавфи сейсмологӣ ва геоэкологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анатолий Ишук дар робита ба мавзӯи Сарез ба расонаҳои дохилу хориҷ изҳор дошт, ки захираи бузурги оби кӯл имкон медиҳад, мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар минтақа ҳал гардад.

М. САИД,
ВМКБ

:.  Соли рушди деҳот, сайёҳӣ 19.02.2021 10:19 1025

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz