Кулол
Хосият Авазова касби кулолиро аз бибияш, ҳунарманди шинохтаи Иттиҳоди Шӯравӣ Зарафо Раҳимова омӯхтааст.
- Ёд надорам, ки нахустин кӯзаро дар чандсолагиям сохтаам. Ҳафт ё ҳаштсола будам, ки бибиям ба ман тарзи сохтани зарфҳои сафолинро омӯхт. На танҳо зарфҳои лойӣ, балки бозичаву армуғонҳо, уштучаву уштакчаҳои сафолӣ низ месохтем, - мегӯяд ӯ.
Деҳаи Фатҳободи ноҳияи Тоҷикобод, ки манбаи гили хушсифат барои кулолист аз пеш бо кулолони худ дар минтақа ва ҷумҳурӣ машҳур аст. Аз насл ба насл мардуми ин русто ба касбҳои косибӣ, кулолӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, кандакорӣ ва ғайра машғул буданд. Дар аҳди шӯравӣ ин деҳа зиёда аз 20 кулол дошт. Бонувони низ ба кӯзагарӣ шуғл меварзиданд.
- Аз деҳаи кӯҳистон ба водӣ, ба шаҳр, ба бозор рафтан осон набуд. Ё тармаи ногаҳонӣ пайроҳаро муддати дароз мебаст ё боронҳои пайдарпайу сел дарёҳоро сероб намуда, садди роҳ мегардид. Аз ин рӯ, ба мардуми кӯҳистон зарур меомад, ки ҳама корро худшон анҷом диҳанд. Маҳз занон, ки ба корҳои хона машғуланд, нахуст ба сохтани зарфҳои одии сафолӣ шурӯъ намуданд. Духтарони кӯҳистонӣ аз овони кӯдакӣ аз модарон ҳунари аз гил сохтани зарфу анҷомҳои рӯзгорро меомӯхтанд, - мегӯяд бонуи кулол.
Бо мурури замон истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ то ҷое моҳияти худро гум кард. Ҷои онро зарфу маҳсулоти чинӣ гирифт. Устоҳои кулол низ дигар боқӣ намонданд. Аммо Хосиятбону, ки аз сулолаи кулолон асту аз раванди тавлиди сафол огаҳии хуб дорад, бар он меандешид, ки бонувони деҳа бояд вазъи иқтисодии оилаҳояшонро тавассути эҳё намудани ин ҳунари қадима беҳтар намоянд.
Як сол пеш вай ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки дар ояндаи наздик ӯро чӣ интизор аст. Зеро ҳаёти ӯ дар як лаҳза ба куллӣ тағйир хӯрд. Мисли дигар бонувони деҳ як зани одии хонашин буд. Ҳамааш аз як семинари муқаррарӣ оғоз гардид. Хосият дар қатори дигар бонувони фаъоли деҳа дар семинар ширкат варзид. Дар омӯзиш мутахассисон оид ба тартиб додани тарҳу лоиҳа ва пешниҳоду муаррифии онҳо гуфта гузаштанд. Пас аз омӯзиш бонувони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии «Фатҳобод» Хосият Авазоваро роҳбари ташаббуси ҷамъиятӣ интихоб намуданд.
Пас аз аввалин машварат бонувон қарор доданд, ки дар деҳа коргоҳи кулолӣ бунёд намоянд. Онҳо барои дарёфти гранти хурд, ки ARGO (Қазоқистон) эълон карда буд, лоиҳаи худро пешниҳод намуданд. Корашон омад кард ва тарҳи пешниҳоднамудаи бонувон ба зудӣ маблағгузорӣ гардид.
Нахуст онҳо таҷҳизоти заруриро харида оташдон сохтанд. Пеш аз оне, ки бонувон бо ин ҳунари қадима шуғл варзанд, барои гузарондани омӯзиш (мастер – класс) кулоли маъруфи кишвар, узви Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Фозил Носировро аз ноҳияи Шаҳринав даъват намуданд.
Тавре сардори коргоҳ Хосият Авазова иброз дошт, корхонаи мазкур барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани занони осебпазири деҳа таъсис дода шудааст.
- Ин корхона бо мақсади соҳибкасб гардондани занону духтарони хонанишин ва бо шуғли доимӣ таъмин гаштани онҳо ва бо ин роҳ таҷдиди ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик, аз қабили кулолӣ таъсис дода шуд. Ҳоло зиёда аз 10 нафар фаъолият дорад, - мегӯяд сардори коргоҳ.
Ҳунармандон занонеанд, ки вазъи зиндагиашон душвор аст. Яке дар оила фарзанди маъюб дораду дигаре танҳову бесаробон фарзандонро ба по мехезонад.
Бонувон аллакай бо дастони худ хелидани гил, сохтани ҳар гуна армуғон, бо истифода аз қолабҳои махсус рехтани гулдону кӯзаҳо, дастӣ суфта намудани маҳсулоти сафолӣ ва пухтани он дар танӯрро аз худ намудаанд.
- Вақте усто Носир Фозилов ба Тоҷикобод омад, ба ӯ зиёда аз 20 намуд хокро нишон додам. Аз мавзеи Мазори Шинг, Марғ, Чашмаи Гӯгирдон, Селаҳо. Ҳамчунин, чор намуд хокро аз Қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор ва деҳаи Усто Шамси ноҳияи Файзобод, ки бибиям он ҷо кулолӣ мекард, овардем. Баъд аз ташхис усто хоки мавзеи Селаҳои деҳаи Фатҳободро барои кулолӣ писандид.
Кори мо мавсимист. Дар фасли гармо хок захира мекунем. Маҳсулот сохта мехушконем, суфта намуда мепазем. Дар фасли дай маҳсулотамонро рангу ороиш медиҳем. Зеро лой ях мекунад ва кор кардан душвор мегардад. Инчунин, кӯдакону наврасонро низ ба кор ҷалб месозем, зеро онҳо дар оянда давомдиҳандагони пешаи мо хоҳанд шуд.
Аз он фараҳмандам, ки зимни сафари корӣ ба минтақаи Рашт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Тоҷикобод дидан карданд ва ман ба Президент маҳсули дасти худ: кӯза, чахдег ва хурма туҳфа намудам, - гуфт бо хушнудӣ Хосиятбону.
Имрӯз бонувон дар ҷустуҷӯи кор ба коргоҳаш меоянд. Онҳо дар симои Хосият лидери худро мебинанд. Рӯз аз рӯз сафи хоҳишмандон аз ҳисоби занони хонашин, ки мехоҳанд назокатҳои кулолиро омӯзанд, меафзояд. Хосият роҳи баромадан аз ин вазъро меҷӯяд. Орзуи ӯ барои ҳар як зани ниёзманди деҳааш ҷои кор ёфтан аст, то онҳо тавонанд оилаҳои худро таъмин созанд. Нақша дорад оянда дар маркази ноҳия фурӯшгоҳи махсуси армуғонҳои бонувонро созмон диҳад.
Дар интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки моҳи марти соли 2020 доир шуд, Ҳосият Авазова вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод интихоб гардид. Тавре қоил аст, ин навгонӣ барояш ногаҳонӣ буд.
- Вақте фаҳмидам, ки номзадиамро ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд, зид баромадам. Гуфтам, ман куҷову вакилӣ куҷо? Аммо ба ман фаҳмонданд, ки номзадиамро мардум пешбарӣ намудааст ва бубояд розӣ шаваму сазовори эътимоди онҳо бошам.
Ҳамин хел давраи вакилии Хосиятбону оғоз гардид. Ӯ дар якҷоягӣ бо раиси бахши кор бо занон ва оила ва раиси шӯрои бонувони ҷамоат ба хонаводаҳои ноором, хусусан ҷавононе, ки дар остонаи ҷудошавӣ қарор доранд, ташриф меорад. Маҳз бо дахолати онҳо бисёр зану шавҳар аз роҳи оштӣ ба ҳам омаданд. Гурӯҳи кории Хосиятбону садди роҳи пошхӯрии чандин оилаҳои ҷавон гардид.
Хосият Авазова узви Шӯрои ҷамъиятии назди МИМҲД-и ноҳияи Тоҷикобод низ мебошад. Ба ҳайси вакил ӯ бештар мекӯшад, ки ба тарбияи ҳуқуқии бонувони деҳот аҳамият диҳад. Зеро бо донистани ҳуқуқҳои худ зан метавонад зӯровариро нисбат ба худ пешгирӣ намояд.
Чанде қабл вай ҳамроҳ бо бонувони созмони худ ташаббускори маъракаи ҷамъоварии маблағ барои хариди зарфҳои 600 литра дар ҳар кӯча буд. Зеро занону духтарон аз кашондани сатилҳои пуроб аз чашмаву ҷӯйборҳо хаста шуда буданд. Бо пешниҳоди Хосиятбону зарфҳо бо оби тозаи нӯшокӣ пур карда шуда, аз онҳо тавассути лӯлаҳо ба ҳар хона интиқол меёбад.
Дар ҳамкорӣ бо созмони ҷамъиятии «АЗАЛ» Хосиятбону ба оилаҳои ниёзманду осебпазир тухмии сабзавоту ғалладона, ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва буттаҳои марминҷону қарақот дастрас намуд, то модарону кӯдакон аз витаминҳо баҳравар бошанд. Ин ташаббусҳо рӯз аз рӯз эътимоди халқро нисбат ба вакили худ Хосиятбону бештар мекунад. Ӯ бар он бовар аст, ки оғози ҳама пешравиҳо аз эҳёи ҳунари мардумӣ - кулолӣ аст, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд.
Далер САФАР,
ноҳияи Тоҷикобод