Ҷаззобияти «панҷшанбе»
Панҷову ҳафт сол муқаддам дар маркази шаҳри Хуҷанд бозори «Панҷшанбе» бо тарҳу услуби меъмории миллии тоҷикӣ сохта шуда буд, ки он замон ҳамчун бозори пӯшидаи калонтарин дар Осиёи Миёна назир надошт. Ба ин бозор харидорон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ҳамсоякишварҳо меомаданд. Дар рӯ ба рӯи масҷиду мазори Шайх Муслиҳиддин қомат афроштани бозор ҷаззобияти сайёҳии онро барои гардишгарони дохилию хориҷӣ афзун гардонд. Хушбахтона, имрӯз ҳам маҳбубияту маъруфият ва мартабаи ин иншооти таърихӣ коста нагаштааст.
Нахустин бонуи роҳбар
Як сол қабл бо ҳалномаи суди иқтисодӣ бозори «Панҷшанбе», ки дар солҳои ноамнӣ хусусӣ карда шуда буд, ба соҳиби аслияш - Иттифоқи «Тоҷикматлубот» – и ҷумҳурӣ баргардонда шуд ва роҳбари он Хуршеда Бобоева таъйин гардид, ки падидаи нек аст.
Бонуи кордону ташаббускор хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (соли 2006) буда, фаъолиятро аз иттифоқи матлуботи вилоят оғоз кардааст. Солҳои 2013 - 2015 дар ноҳияи Ашт раиси ҷамъияти матлубот буд. Сипас, ӯро ба шаҳри Душанбе, ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» – и ҷумҳурӣ хонда, муовини мудири шуъбаи бозорҳо ва аз соли 2017 мудири шуъба таъйин карданд.
Дигаргунӣ
Баъди як соли ивази соҳибмулк дар бозори «Панҷшанбе» - и овозадор, ки дар он камобеш 2000 нафар шаҳрванд фаъолият менамояду 70 дарсадро бонувон ташкил медиҳад, чӣ дигаргунӣ рух дода. Аз ин хотир, рӯ ба бозор овардем.
Нахустнавгоние, ки ба чашм расид, таъмири пештоқи бозор, роҳравҳою растаҳо, як қисми боми асосӣ, ки ҳангоми боришот мечакид, буд. Қаблан дар аксари растаҳо маҳсулот омехта буданд. Акнун ҳама ба низом ба фурӯши маҳсулоти алоҳида, ба мисли меваи хушк, меваи тар, маҳсулоти ширӣ, асал, биринҷ, лӯбиёгиҳо, хӯришҳо ва ғайра махсус гардонда шудаанд.
Ногуфта намонад, ки ба бозори «Панҷшанбе» фақат ҳамон бинои асосӣ - акнун қадимӣ ва растаи сабзавоту ғалладонагиҳои назди он иртибот доранд. Биноҳое, ки баъди соҳибистиқлолии кишвар сохта ё навсозӣ шудаанд, ба 13 бозори хусусӣ марбут мебошанд, ки аксар яклухтфурӯшанд. Баҳри тобоварӣ, рақобат ва ҷалби соҳибкорон маъмурияти бозор нархи иҷора ва чекпулиро вобаста ба ҷойгиршавии дукон ё раста нисбатан арзонтар кард, ки он боиси қаноатмандии фурӯшандаҳо гардид.
Ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Соҳибкорони минтақаи бозорҳои Панҷшанбе» Ғанӣ Почоев, ки беш аз 50 сол дар соҳаи савдо фаъолият дорад, мегӯяд, ки вазифаи ташкилоти онҳо ёрӣ расондан ба соҳибкорон, ҳифзи ҳуқуқҳои қонунии онҳо, ҳал кардани баҳсҳои соҳибкорон бо маъмурият аст. Ӯ аз роҳбарияти нави бозор, ҳамкории судманди тарафайн қаноатмандона чунин иброз дошт:
- Ба ҳисоби ман Хуршеда Бобоева 19 - умин роҳбари бозори «Панҷшанбе» аст. Аз рӯзҳои нахустини кор маро даъват карда, гуфт, ки барои пешрафти кор насиҳату маслиҳати шумо, пирони рӯзгордида, зарур аст. Ман ҳам ошкоро дар бораи мушкилоти мавҷуда ҳарф задам, роҳҳои ҳалли масъалаҳоро нишон додам. Масалан, пештар дар бозор дуздӣ бисёр буд. Тасмим гирифтем, ки маъмурияти бозор дар нуқтаҳои ҳассос камераҳои назоратӣ насб намояд. Дар ҳудуди бозор 36 камераи назоратӣ насб шуд. Чандин ҳодисаи дуздӣ ошкор ва гунаҳгорон ҷазо гирифтанд. Баъди ин дар зарфи 10 моҳи охир ягон ҳодисаи дуздӣ рух надодааст.
Аз ҳама муҳимаш, сари вақт арзу шикояти соҳибкорони бозорро муштаракан баррасӣ менамоем ва то ҳадди имкон мушкилотро бартараф месозем.
Ковид - 19 халал расонд
Пайдоиши пандемияи коронавирус боиси муддате маҳкам шудани бозори азим гардид. Бо мурур дар натиҷаи андешидани тадбирҳои амалии безараргардонӣ бозор боз ба кори муқаррарӣ, бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ фаъол шуд. Ҳоло ҳар ҳафта як маротиба субҳидам, яъне соати 4 ва соати 20:00 тамоми ҳудуди бозор бо маҳлулҳои зиддисептикӣ безарар гардонда мешавад.
Воҳимаи гароншавии нархи орд ин бозорро ҳам фаро гирифта буд. Маъмурият захираи орд ва маҳсулоти ниёзи аввалро таъсис дод, ки дар чунин ҳолатҳои ҳассос маводро бо нархи арзонтар ба фурӯш хоҳад баровард.
Шаббозор
Бо маслиҳат ва ризояти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маъмурияти бозор дар майдони Регистони «Панҷшанбе», дар фасли тобистон шаббозор ташкил кард. Деҳқонон ҳар бегоҳӣ маҳсулоти худро ба ин ҷо оварда, бо нархҳои арзон, ба таври яклухт ва чакана то субҳ мефурӯхтанд. Тоҷирон аз дигар шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳои дигари Хуҷанд аз ин ҷо ба таври яклухт маҳсулот мехариданд. Кормандони бозор дар ду баст кор карда, тартибу низом ва тозагии бозори муваққатиро таъмин карданд. Шаббозор то фарорасии хунукиҳо, то 1-уми ноябр давом кард.
Андозсупор
Маъмурияти бозор барои сари вақт ва пурра супурдани андозҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Соли гузашта бозор, бо вуҷуди мушкилоти эҷодкардаи пандемияи коронавирус, беш аз 1 миллион сомонӣ андоз супурда, дар ғанисозии буҷети шаҳр саҳм гирифт.
Нияту имконият
- Мо ҳанӯз дар аввалҳои соли гузшта бо тоҷирони кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳои судманди тарафайн шартномаҳо ба имзо расонда будем. Мутаассифона, бо сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус ва баста шудани роҳҳо онҳо иҷро нагаштанд. Агар ин беморӣ аз байн раваду роҳҳо кушода шаванд, ин шартномаҳо амалӣ хоҳанд шуд, - мегӯяд роҳбари бозори «Панҷшанбе» Хуршеда Бобоева. – Бо корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ низ ҳамкориҳои мо равнақи тоза ёфтанд. Аз ҷумла, дар растаи махсус 20 намуд гӯшти мурғи корхонаҳои вилоятро ба фурӯш гузоштаем.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Хуҷанд