Тахайюл хобро мерабояд
Мутахассиси ҷавон дипломи олии техникӣ ба даст ҷӯёи кор дари ширкати мобилиеро кӯфт. «Ба маркази тамос» - посух шуниду ба арақи хунук печид. «Кори дигаре нест?» пурсид ӯ. «Ҳаст, дар стансияи асосӣ. Бозуи қавии мардона мебояд, на занона». «Ман метавонам», - бо дили пур гуфт Насиба.
Ба ин ҳол, фаъолияти Насиба Камолова рӯи бом, дар ҳалқаи мавҷгирҳои хурду бузург ва релеи радио шурӯъ шуд. Ба коргоҳҳои хурду бузурги шаҳри Душанбе интернети бесим мепайвасту беҳтаршавии суръати алоқаҳои дохилӣ ва берунии онро таъмин мекард. Тадриҷан ба тармиму таҷдиди дастгоҳҳои иттилоотии дохили коргоҳ пардохт ва дар ин самт ҳамчун мутахассис таҷрибаи хуб андӯхт. Бо ин иктифо накарда, дониши техникии худро сайқал дод.
Насиба соли 2009 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимиро бо ихтисоси шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммуникатсионӣ ба итмом расондааст. Рӯзгордорӣ ва ташвишҳои он, бахусус бемории нахустфарзандаш боис гашт, ки коргоҳро тарк гӯяд.
Зиндагии якзайл дунёи пурэҷодашро якрангу камнур сохт. Соату дақиқаҳои бо зодмандон буданро хост босамар пушти сар намояд. Ба ҳунари модар зеҳн мениҳод, ки чи гуна ҷемперу муккича, кулоҳу гарданпеч ва дигар абзорҳои бофтаро бо тарзи хос таҳия менамояд ва дар санъати ороишӣ ва амалии декупаж ва декор (ороиши ашёҳо бо расму тасвирҳои гуногун ва зебу зинатдиҳӣ) мислаш касеро намешинохт. Ашёҳои ба назар нозарурро рӯи даст мегирифту гулкориву сангкорӣ мекард ва офаридаҳои зебову назаррабо таҳия менамуд. Зарфҳои шишагиву пластикиро ба гулдону обгинаҳои нақшин, бо даромезиши картону матоъ ва чӯб ҳуққаҳои махмалин ва дигар абзори зарурӣ меофарид. Шуғли модар ба фарзанд бетаъсир намонд.
- Аз чизи бекора ашёи зебову барои рӯзгор муфидро сохтан дар хонадони мо ба ҳукми анъана даромадааст. Пеш аз оне, ки чизеро ба партовгоҳ ҳавола диҳем, меандешем, ки аз он чӣ метавон ҳосил кард? Чизҳои майда-чуйдаро захира кардан на аз ҳарисӣ, балки одати муқаррарии ҳунармандон аст. Зеро ашёи назарногире метавонад рӯзе ба кор ояду асоси шоҳкорие гардад. Чунин рафтор масали халқии «сад рӯз дар бор, як рӯз даркор»-ро ба ёд меорад.
Бофтану дӯхтанро аз модар омӯхта бошам ҳам, худро дар ин ҷода дарнаёфтам. Ба хубӣ эҳсос намудам, ки санъати оро додану зебу зинат бахшидани ашёҳо илҳомамро парвози баланд мебахшад. Агарчи кори заҳматталаб аст, аз офаридани зебоиҳо қалбам оромиш меёбад, - мегӯяд Насибабону.
Рӯйи офтобии духтарчаи нозанинаш ба қалбаш нур овард ва боли илҳомро фарохтар афшонду пайи эҷод шуд. Хост барояш тоҷе таҳия намояд. Ба ройона рӯ оварду ғарқаи шабакаҳои иҷтимоӣ дарси маҳорат омӯхт. Тоҷ чӣ, тарзи таҳияи тамоми ороишоти духтаронаро аз бар намуд. Беш аз сад намуди мӯйбандак, ғунчатасма, зеҳ барои мӯйҳо, сарсӯзан, сӯзани қубба ва дигар ҷузъиёти ороишии мӯйи сарро барои хурду калон таҳия сохт, ки яке такрори дигар нест, ба ҷуз ғунчатасмаҳои мактабӣ, ки якзайланд. Духтарчае дар намоиши мактабӣ тимсоли себро мебоист дар худ таҷассум мекард. Насиба муддати як ҳафта заҳмат кашид ва барояш зеҳи мӯйи сар ва дастпонае сохт, ки себҳои зарҳалину баргу шохаҳои болои он аз намунаи олии дасткориҳои ӯст.
- Тахайюл хобро аз чашм мерабояд. Пилки чашмонамро пӯшида, хаёлан тарҳи нави ороишеро мекашам ва аз рахти хоб ҷаста, рӯи коғаз нақш мепартоям. Чанд тарзи таҳияи гули садбаргро омӯхтам. Сохтани ҳар барги он заҳмати алоҳида аст, ки вақти зиёд мехоҳад. Баъдан ҳар яки он ҷамъоварӣ гашта, гули шукуфта ҳосил мегардад. Ҳар як баргро ба кунҷи дуруст ширеш кардан, печутоб додан заҳматест тоқатфарсо. Ороишоти кӯдаконаро аз калонсолон тафовут мебояд. Ба зинати занона нафосату назокат зам менамоям. Гули садбаргро аз ду қабати матоъ – атласу органза меофарам, ки ҷилоноку шарорарез ба чашм мехӯрад, - иброз дошт бонуи ҳунарманд.
Соли 2017 Насиба коргоҳи хурди ҳунармандӣ ифтитоҳ намуд ва муддате онро дар гардиш дошт. Шигифт аз он буд, ки аз ихтисоси худ дур гашт, аммо тавонист аз дониши худ самар бардорад. Пайвандгарӣ бо компютер ва барномаҳои ҷадиди он барояш дастаке шуд, то лоиҳаҳои тоза ба тоза рӯи кор орад. Бо хоҳишу дархости мизоҷон дар компютер намунаи чаҳорчӯбаҳои гуногунҳаҷми эксклюзивӣ барои расму тасвирҳо ва дигар ороишотро тартиб дода, баъдан аз фанер ва дигар масолеҳи зарурӣ тавлиди онро ба роҳ монд.
Барқи дили заҳматкаши Насиба акнун ба тобидан пар кушоду ба худомӯзии барномаҳои дизайнерӣ рӯ овард. Дониши техникияш рӯи кор омаду ба умқи масъалаҳо чун ғаввоси моҳир ғӯта зад.
Моҳи сентябри соли равон Насиба ҳамроҳ бо бародари ҳамсараш дар пойтахт маркази эҷодию таълимии «Нигоҳи эҷодӣ»-ро ифтитоҳ бахшид. Дар он коргоҳи ҳунарҳои дастӣ, студияи касбии сабти овоз, дарси овозхонӣ, гиторнавозӣ ва дигар ҷабҳаҳои мусиқӣ, минтақаи аниматсионии 3-Д, офаридани кодинг - барномаҳо ва бозиҳои видеоӣ, замимаҳои мобилӣ ва минтақаи аксбардорӣ ҷой гирифтаанд. Шавқмандон дар гурӯҳҳо номнавис гардида, бо дарсҳои зайл фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, дар марказ тарроҳи либос ва ҳунарманди лӯхтакҳои ороишӣ даст ба ҳунаранду аз ин боб ба кӯдакону калонсолон дарси маҳорат меомӯзонанд.
Насиба алҳол ба зинае қадам ниҳодааст, ки чун устои гулдаст ба шогирдон тарзи таҳияи албоми аксу суратҳо ва чаҳорчӯбаҳои ғайриодӣ, даъватномаҳои дастӣ таҳияшуда, ҳуққа ва тамоми ороишоти духтаронаро меомӯзонад ва дар ин ҷабҳа озмоишро меписандад.
Бо зеҳни гирову заковати раҳёбӣ Насиба маҷмӯи хизматрасониҳоро барои навхонадорон ба роҳ монданист. Амсоли ороиши пироҳану тоқиҳои арӯсӣ, ҳуққаи ҷавоҳирмонӣ, обгинаву ҷомҳои назди домоду арӯс, албом ва чаҳорчӯбаҳои зинатёфтаи суратҳо, қайди ёддоштҳо ва ғайра.
Насиба Камолова - бонуи соҳибназар гӯё нуре аз рахнаи хорост, ки бо нӯги ангуштони ҳунаррезаш рангҳои зиндагиро рӯшантару возеҳ ва қалбҳоро саршори фараҳу нишот мегардонад.
Кибриё одинаева,
омӯзгор