Ин бонуи пешавар ба синни мубораки 70 расида бошад ҳам, дар ҳунарофарӣ пешоҳанг асту бо сӯзану риштаву калоба рӯзҳоро рангоранг ва шабҳоро пурфурӯз менамояд. Аз ҳунари модар ва бибӣ 8 фарзанд, 30 набера ва 6 абера меболанду аз рози пешаи ӯ мунтазам огаҳ мегарданд, то ҳунарҳои ќадимии аҷдодӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ нараванд.
Бештари умри Иќболой Абдураҳмонова дар деҳаи Нулванди ноҳияи Дарвоз сипарӣ гаштааст. Ҳунар барояш амри тасодуф набуда, аз зодмандонаш ба мерос мондааст. Ҳашт холаи ӯ тоќиву чакандӯзи номдори деҳа буданд. Модараш низ дар дӯхти либос, лӯхтаксозӣ ва чакандӯзӣ моҳир буду аз муҳраҳои реза чолбанд, дастпона ва гарданбандҳои наќшини назаррабо мебофт. Падараш Давлат Абдураҳмонов устои созтарош буду танбӯр, дойра, сетор, гитор ва дигар асбобҳои мусиќиро бо санъати хосса таҳия менамуд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945 ва дӯсти ќарини ҳофизи мардумӣ Акашариф Ҷӯраев буд. Танбӯрнавозиву шашмаќомхонии онҳоро Иќболойи он замон ќадрас хуб дар хотир дорад.
Ќисмат ӯро бо хонаводае пайваст, ки ҳама бо ҳунар сару кор доштанд. Падари шавҳараш оҳангар буду дигар аъзои хонавода масруфи пахтакорӣ. Баъди ҷамъоварии пахта аз он нах ва баъдан дар дастгоҳҳо матоъ мебофтанд, рӯи онҳо наќшпартоӣ, чакандӯзӣ ва ҷамъдӯзӣ мекарданд. Маҳсули ҳунари дасти хешро дар дигар навоҳӣ бо гандум иваз менамуданд.
Соли 1973 Иќболой дари аввалин сехи дӯзандагиро дар ноҳияи Дарвоз боз намуд. Барои таҷрибаомӯзӣ ба комбинати таълимиву истеҳсолии воќеъ дар назди Институти педагогии Душанбе роҳхат гирифт. Ба сифати буранда ва дӯзанда таҷриба андӯхту аз ҳар ду ҳунар дараҷаи 5-ум, яъне олиро ба даст овард. Дар ин радиф, ба ҳайси мудири клуби деҳот ва дар интернати № 3-и ноҳия заҳмат кашид. Баъди вафоти ҳамсар 8 фарзандро ба ќавле бо нӯги сӯзан ба воя расонду соҳиби ҳунар ва маълумоти олӣ намуд.
Соли 2003 ташкилоти ҷамъиятии занон «Умед»-ро созмон дод. Миёни бонувони ноҳияҳои атроф машғулиятҳои зиёди омӯзиширо оид ба ҳунарҳои мардумӣ, тиҷорати хурд ва миёна, тарбияи фарзандон, роҳнамоии навхонадорон, пешгирии ифротгароӣ, нашъамандӣ, ВНМО, моҳияти интихобот ва зарурати ширкат дар он ва ғайраро роҳандозӣ кард. Дар ноҳияи Дарвоз ба 180 зан аз тиҷорати хурд дарс гуфта, роҳу равиши ғанӣ гардондани буҷети оиларо тариќи пешниҳод намудани ҳунари хеш ба нуќтаҳои савдо омӯзонд. Ҳамчунин, беш аз 100 нафар духтар ҳунари дӯзандагиро андӯхт. Барои супурдани гувоҳнома оид ба гирифтани таълим Иќболой аз Вазорати маориф ва илми кишвар соҳиби литсензия шуд.
Барои муаррифии ҳунарҳои мардумии тоҷик ба беш аз 15 кишвари дунё, аз ќабили Фаронса, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Ҳиндустон, Ќирғизистон, Хитой ва ба ду шаҳри бузурги Амрико – Вашингтону Ню-Йорк сафар карду дар намоишгоҳҳо ширкат варзид.
Иќболой ќолинбофиро низ
балад буда, ин ҳунарро аз солмандони авлодаш омӯхтааст. Соли 2014 бо дастгирии маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт коргоҳи дӯзандагии «Гулдастон»-ро ифтитоҳ намуда, ба 200 нафар зан ҳунари ќолинбофиро омӯзонд ва бо онҳо беш аз 50 ќолин бофтанд.
- Барои истеҳсол намудани ќолинҳои босифат мошинаҳои пашмќайчикунӣ, дастгоҳҳои шустушӯй ва исканҷа (пресс) ва нахҳои абрешимӣ лозим буд, ки мо надоштем. Дар Шаҳритус нахҳои абрешимӣ истеҳсол мешавад, вале бо сабаби набудани дастгоҳи пилтаресӣ нахҳо ба хориҷи кишвар ба фурӯш мераванд. Тавассути ин дастгоҳ нахҳо чанд ќабат шуда, барои ќолинбофӣ мувофиќ мегарданд. Ќолинҳои абрешимӣ дар ҷаҳон арзиши хеле баланд доранд. Дар як мағозаи шаҳри Ню-Йорк дидам, ки ќолини ҳаҷман 2 х 3-и абрешимӣ 30 ҳазор доллар арзиш дошт. Дар Эрон ќолинҳои калонҳаҷми мунаќќаши абрешимӣ то 1 миллион доллари амрикоӣ ба фурӯш мераванд ва суди зиёде аз тиҷорати он ба даст меояд. Дар ин кишвар донишгоҳи ќолинбофӣ вуҷуд дорад, ки барои устои моҳир шудан ҳунармандон то 7 сол таҳсил менамоянд. Ҳунармандони мо низ маҳорати баланд доранд ва дар сурати ба даст овардани пилтаҳои абрешимӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ метавонанд ҳар як ќолини абрешимиро ҳадди аќал то 10 ҳазор доллар фурӯшанд, - иброз намуд ин ҳунарманд.
Бону Иќболой аз рангҳои табиӣ 10 намуди ришта ҳосил карда, дар ќолинбофӣ ба кор мебарад. Чормағзи ҳанӯз сабзро ҷӯшонда, риштаҳои ќаҳваранг, аз зардчӯба ранги зарди серранг, аз шоҳтути тар ранги бунафш, аз пиёз, пӯсти анор ва ҳазориспанд рангу тобишҳои гуногун ба даст овардааст.
Ӯ 45 сол аст, ки бо ҳунар сару кор дошта, ҳанӯз ҳам шефтаи ин пеша аст. Тамоми навъи либосро моҳирона медӯзад. Чакану ќуроќдӯзӣ, ҷувздон, болин, кӯрпаҳои гуногунҳаҷм, армуғон, дастархону сачоќчаҳои мунаќќаш, рӯдастархонӣ, рахти хоб, ҳамён барои ҳуҷҷатгузорӣ, овезаи ҷайбдор барои шонаву чӯткаи дандоншӯӣ ва даҳҳо ҳунари дигарро хеле нафис анҷом медиҳад. Армуғонҳоро ба табъу завќи сайёҳон мувофиќ таҳия менамояд.
-Соли 2019 дар озмуни ҳунарҳои мардумӣ дар пойтахт сазовори маќоми дувум ва диплом шуда, аз ғолибият хеле болидарӯҳ гаштам. Наќшҳои чакани тоҷикӣ нодиранд ва ҳамаро ба ҳайрат мегузоранд. Дар намоишгоҳе, ки аз ҷониби консулгарии Тоҷикистон дар Ню-Йорк доир шуд, сӯзаниҳо аз чаканро кори мошин пиндоштанд. Баъди фаҳмидани он, ки ҳамаи он кори дастисту 6 нафар зан нишаста, моҳҳо онро таҳия менамояд, тамошогарон гиребони ҳайрат ғунча мекарданд, - мегӯяд Иќболой.
Ин бонуи гулдаст шогирдони зиёдеро тарбия намуда, дар деҳот ба бонувони ниёзманд то кунун ройгон аз нозукиҳои ҳунар сабаќ медиҳад. Бо 30 диплому ифтихорномаҳо, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, узви раёсати ҳунармандон ва Палатаи савдо ва саноати кишвар мебошад.
- Ҳар як зан бояд худ ҳунарманд бошад, то барои дӯхти дарзи куртае ба назди чевар наравад ва маблағи хонаводаро аз даст надиҳад. Ҳунар беҳтарин туҳфаи худовандист, ки дар шебу фарози зиндагӣ касро ба кӯи маќсуд мебарад. Дар кадом овон зани кӯҳистон метавонист озод фаъолият бараду нисфи дунёро тай занад? Ин ҳама неъмати замони осоишта ва дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки эътибори ҳунару ҳунармандонро ба арш бардоштаанд, - бо ќаноатмандӣ изҳор медорад Иќболой Абдураҳмонова.
Маҳз бо чунин бонувони ҳунаркеш ҷамъият зеб ва рангу тароват мебардорад. Ҳунари чира Иќболой Абдураҳмоноваро дар мамолики дур аз зодбум бологузару тоҷвар гардондааст. Ӯ боис гашта, ки садҳо оилаҳои мардуми кӯҳистон хони пурнозу неъматро соҳибанду тимсоли ӯ ба ҷомеа суд меоваранд.
Омина хоҷаева