Зулайхо Маҷидова:
«Ангуштон
чашми бинои мананд»
Боварнокарданист, ки ин бонуи ба назари аввал бино баробари чашм ба ҳастӣ кушодан ҷуз зулмот чизе надидааст. Аммо сӯзан миёни ангуштонаш бо суръати ҳайратовар мечархаду аҷаб ҳунарҳо меофарад, то ҷое, ки ҳатто хурдтарин муҳраҳоро ҳамел карда, гӯшвораву гарданбанду дастпонаҳои назаррабо месозад. Ҳатто метавонад дар нақшпартоӣ бо ҳунармандони чирадаст сабқат варзад.
Гулҳои бофта, гулҳои муҳрагӣ, гулҳои селофанӣ тартиб дода, пояи онҳоро бо тасмачаҳои сабз мепечонаду баргҳо низ таҳия месозад ва даруни зарфҳои шишагӣ бо гаҷ мустаҳкам менамояд. Зарфҳоро бо рӯйпӯши нақшини бофта мепӯшонад, ки мобайни онро гулҳои бо санъати дастӣ таҳияшуда зеб медиҳанд. Мекӯшад, ки ҳама корро мустақилона анҷом диҳад ва ба ёрии дигарон кам рӯ орад. Матоъҳоро худ пора менамояду танҳо баъзе нозукиҳои онро ҳампешагонаш сомон медиҳанд. Барои андоза гирифтани матоъ байни ҳар як сантиметри ченак сӯзанаки махсус (степлер) зада, баъди ҳар 10 сантиметр аз ду тараф бо ришта нишонӣ дӯхтааст. Ба ин тариқ, бо болишти ангуштон ченакро палмосида, андозаи дурусти матоъро ҳосил менамояд.
- Қабл аз ба коре даст задан, камаш се - чор рӯз меандешам, ки барои саҳл ва дуруст анҷом додани корҳо чӣ бояд кард. Зеро, агар ду - се маротиба аз касе чизе пурсам, хаёлам, ки ӯро нороҳат месозам. Як поям аз пойи дигар 17 см кӯтоҳ асту заиф ва ба иллати ин се маротиба шикастааст. Бо вуҷуди ин, вақте асо ба даст гирифтаму хостам мустақилона роҳ равам, баъзеҳо гуфтанд, ки нобиноии худро зуд маълум месозам. Гуфтам, бигзор донанд, ки бонуи нобиноям, вале дар талоши зиндагияму ташнаи ҳунар. Намехоҳам ба касе муҳтоҷ бошам, ҳатто ба наздикони худ. Андешаи он, ки ба дигарон сарборӣ меорам, маро сахт нороҳат месозад, - мегӯяд бону Зулайхо.
Гулҳои аз селофанҳои нолозими ранга таҳиякардаи ӯ хеле ҷолиби диққатанд. Ҳар як гули онро аз 50 қабати селофан, ки ҳаҷман бузург бурида, баъдан ҳар қабати онро хурдтар пора менамояд, ниҳоят шабеҳи мехчагул ва ё садбарги зебое мегардонад. Таҳияи як тубаки чунин гул ду - се рӯз тӯл мекашад.
- Вақте ки чашм намебинад, дигар узвҳо кори онро иҷро мекунанд, вале на ҳама нобиноён ба ин қодиранд. Ман узви ҷамъияти нобиноён ҳастам ва пай бурдам, ки на ҳама чунин ҳиссиётро қодиранд. Муҳим ҳиссиёти ангуштонро гум накардан аст. Вақте бо ёрии роҳбаладам Файзигул Асенова барои харидани матоъ ба бозор меравам, матоъҳоро палмосида, аз рангашон пурсон мешавам, - мегӯяд ӯ.
Ба сӯзан ришта гузарондани ӯро дида, ҳамагон ба тааҷҷуб меоянд. Симҳои ниҳоят борикро дуқат карда, риштаро миёни он мегузорад ва бо ёрии сим онро аз сӯрохи сӯзан мегузаронад. Усули аз ришта ба ришта гузаронданро низ ба кор мебарад.
Бо ёрии чангак аз риштаҳои ранга шабеҳи тахтаи шоҳмот болиштҳои зебо бофтааст. Лавҳаеро гӯшвораву гарданбандҳои якранги зард, ки аз муҳраҳои ниҳоят хурд сохта шудаанд, оро додаанд.
- Ин ороишотро барои гурӯҳи рақсие омода намудаам. Гули он аз марвориди калон ва боқӣ аз муҳраҳои майда иборатанд. Ҳамаи муҳраҳоро ҳисоб мекунам, зеро муҳрае кам ё зиёд ояд, каҷ мешавад. Нӯги ангуштон чашмони мананд. Муҳраҳоро молиш дода, каҷиро зуд ҳис мекунам, - иброз дошт бонуи ҳунарманд.
Айёми хурдсолӣ танҳо як чашми ӯ аз сад як ҳисса биноӣ дошт. Ӯ зуд - зуд меафтид, фарқи байни кӯрпаву гилемро намедонист, гоҳо рӯйи дастархон пой мениҳод. Баъди гузарондани ду ҷарроҳии чашм як ҳиссаи биноии ӯ аз байн рафт. Инак, тайи 25 сол аст, ки куллан нобиност, аммо тавонист, ки дунёи худро тағйир бидиҳад ва назарҳоро дигар созад.
- Гармии офтобро ҳис мекунаму рӯшаниашро не. Овони хурдсолӣ дар равшанӣ мисле ки сиёҳии баъзе ашёҳоро медидам ва дарк мекардам, ки ман камбудӣ дорам. Алҳол медонам, ки баъди чанд қадам ба куҷо мерасам ва аз эҳтиёт кор мегирам. Корҳои хонаро мисли рӯбучин, таҳияи хӯрок, нонпазиву ширинипазӣ, дарзмолкунӣ ва ғайра бе ёрии дигарон анҷом медиҳам, - мегӯяд Зулайхои ҳунарманд.
Ҳамсараш, ки дар яке аз беморхонаҳои пойтахт муҳофиз асту фарзанди ягонааш донишҷӯи соли дувуми таҳсил, ташаббускориҳои ӯро дастгирӣ менамоянд.
- Вақте ки писарам якунимсола шуд, бо шунидани шарфаи пойи ман зуд худро кунҷи хона мегирифт, ки мабодо зер накунам. Шояд ҷавонтар будаму бетаҷриба, ки чанд маротиба ба ӯ бархӯрда, афтидам. Баъди каме бузургтар шудан, ӯ дарк кард, ки ман нобиноям. Ҳини ба кӯча баромадан, мабодо сӯи ҷӯйбор по мениҳодам, маро сӯи дигар кашида, фарёд мекард, ки «очаҷон меафтӣ». Ҳарчанд хурд буд, ҳамоно меболидам, ки муттакое дорам, - аз айёми гузашта ҳарф зад ӯ.
Шавқи чизе омӯхтан дар қалбаш маъво дошт. Соли 2012 дар Маркази таълими калонсолони пойтахт курсҳои дӯзандагӣ хонду соҳиби шаҳодатнома гардид. Ӯро дар ин таълимгоҳ ба кор қабул карданд ва баъдан бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар сехи дӯзандагии Муассисаи давлатии маркази миллии тиббии «Шифобахш» бо кор таъмин гардид. Паси мошинаи дарздӯзӣ нишаста, хилъатҳои тиббӣ, ҷилдҳои рахти хоб, кӯрпаву болин, парда ва ғайра медӯзад. Дар вақтҳои фориғ пироҳанҳои занона дӯхта, ороиши онҳоро бо сангу муҳраҳо хеле зебо анҷом медиҳад.
Ҳунарҳои дастиро ба таври худомӯзӣ аз бар кардааст. Гулҳои аз риштаҳои ғафс бофтаро харидорӣ карда, дарзҳои онро кушода, кӯки онҳоро палмосида, ба ин тариқ, бофтани гулу барг ва ҷуробҳоро омӯхтааст. Ният дорад, ки дар оянда аз сангу муҳраҳои калон ниҳолу бутта ва дарахтони гуногун таҳия созад.
Ба 6 - 7 шогирд нозукиҳои ҳунар меомӯзад ва бо ташаббуси Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ояндаи наздик ба беш аз 100 бонувони дорои имконияти маҳдуд курсҳои думоҳаи ҳунаромӯзиро ба роҳ монданист. Дар назар аст, ки дар ҳар як курс 10 - 15 шогирд тарбия намояд.
- Вақте ба ҳунар машғул мешавам, дарди нобиноиро фаромӯш месозам. Бидуни ҳунар худро тасаввур карда наметавонам. Мекӯшам, ки дигар ҳунарҳоро ҳам омӯзам. Бо роҳбалад рӯзе ба бозор рафтам. Марде маро диду гуфт, ки тариқи телевизион ҳунармандии маро ба ҳамсараш нишон дода, гуфтааст, ки модоме нобино пироҳанҳои зебо медӯзад, чаро зани солим куртаҳои худро бо арзиши 50 - 100 сомонӣ ба дигарон фармоиш медиҳад? Он зан сари андеша шуда, паси мошинаи дарздӯзӣ нишаста, ин ҳунарро балад гаштааст. Хушбахтам, ки нобиноии ман боиси ҳунаромӯзии нафаре гардид, - қисса намуд ӯ.
Муддати чанд сол бо ёрии роҳбалад ба хона ва коргоҳ равуо мекард. Инак, тӯли ду моҳ аст, агарчи тарсу ҳаяҷон ӯро фаро мегирад, чигас ба даст бо роҳи муайян ин масофаро мустақилона мепаймояд, то худро ба коргоҳ расонад.
- Ба нафароне, ки дидаи бино доранду аз набудани шуғл ҳарф мезананд, гуфтаниям, ки шахс заҳматро дӯст дорад, шуғл худ пайдо мегардад. Муҳим аз танбаливу коҳилӣ дур шудан аст. Вақте мани нобино шуғл дораму нони ҳалол меёбаму ном, пас дидагони бино ва солимӣ баҳри чист? - гуфт Зулайхо Маҷидова.
Раҳоӣ аз тирагиро ӯ аз ҳунар дарёфт. Ҳунар ӯро ба ҳаёт дилгарм сохту дарк кард, ки рисолати бузургеро бар дӯш гирифтааст, то ҳамтоёнаш сӯи дунёи равшани ҳунар раҳ гиранду мисли ӯ зебоии ҳаёт ва рангҳои зиндагиро бо чашми дил бубинанд.
Омина Хоҷаева