Рушди сайёҳӣ дар баробари муаррифӣ намудани урфу одат, таъриху фарҳанг ва арзишхои беназири миллат, инчуни ба баланд гардидани вазъи иќтисодӣ ва рӯ ба беҳбудӣ ниҳодани зиндагии мардум мегардад. Ба ҳамин хотир, 27-уми майи соли 2017 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд, ки заминаи устуворе баҳри рушди ин соҳа маҳсуб меёбад.
Ҷавобан ба ин хизматҳои бузурги Роҳбари давлат ва бо маќсади дастгирӣ намудани чунин як пешниҳоди олӣ, дар баробари кормандони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар як сокини кишварро зарур аст, бо дарки баланди масъулият ва ифтихори ватандорӣ дар пешрафти ин соҳаи манфиатовар саҳмгузор бошанд. Зеро ҳадафи аслии таваҷҷӯ ҳ ба соҳаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама рӯ ба беҳбудӣ ниҳодани зиндагии мардум аст.
Бе сабаб Тоҷикистонро биҳишти рӯ и замин намегӯ янд. Боду ҳавои форам, табиати дилрабо, обҳои ширину мусаффо, кӯ ҳҳои сарбафалак, гиёҳҳои дармонбахш ва ќариб тамоми растаниҳои шифобахшро табиати Тоҷикистони азиз дорад. Манзараи дилфиребу табиати нотакрори кишвар бинандаро мафтун месозад.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маќсади пайгирӣ намудани сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, моҳи сентябр аввалин конфренсияи байналмилалиро таҳти унвони «Тоҷикистон сарзамини сайёҳӣ» баргузор намуд. Тавре дар конфронс баромадкунандагон изҳор карданд, солҳои охир таваҷҷӯ ҳи сайёҳони хориҷӣ ба сарзамини зебоманзари мо афзуда аст. Тибқи иттилоъ соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 1,2 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки ин омор дар қиёс ба соли 2018 - 219,7 ҳазор нафар ё 21,5 фоиз зиёд аст. Бинобар иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, сайёҳони хориҷӣ бештар ба минтаќаи Зарафшону Бадахшон ва Хатлон сафар кардаанд.
Афзудани теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба сарзамин хабари хуш аст, вале ин шумора дар чунин як кишвари саросар афсонавӣ ва дорои табиати дилфиреб, ќонеъкунанда буда наметавонад. Роҳбари давлат Эмомали Раҳмон низ зимни ироаи Пайёмашон ба Маҷлиси Олӣ ќайд намуда буданд, ки «… Сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ҳамоно беҳбудӣ металабад».
Кумитаи рушди сайёҳӣ бо маќсади ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ, лоиҳаи «Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020» - ро ќабул кардааст. Инчунин, баҳри рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ ва ба ин васила арҷгузорӣ ба мероси бойи таърихию фархангӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ, гурӯ ҳи сайёҳони дохилиро аз ҳисоби омӯ згорон, табибон, деҳконон иборат аз 50 нафар сокинони вилояти Суғд ба шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода ва ҳамзамон 50 нафар сокинони вилояти Хатлонро ба вилояти Суғд сафарбар намуданд, ки маќсади асоси муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтаќаҳо ба ҳисоб меравад. Инчунин, дар сомонаи Кумита ҳар меҳмон ќабл аз ворид шудан ба сарзамини мо, метавонад дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, табобатгоҳҳо, чашмаҳои шифобахш иттилооти зарурӣ пайдо кунад.
Ногуфта намонад, ки пас аз тағйиру иловаҳо ба кодекси андозу гумрук, аз моҳи майи соли 2017 ҳавасмандии соҳибкорони ватанию хориҷӣ, барои фаъолият дар самти сайёҳӣ афзоиш ёфт. Ин талошу дилгармӣ метавонад дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ таъсир гузорад. Дар Тоҷикистони азиз баҳри беҳтар намудани имконияту шароити сайёҳӣ, сифати хизматрасонӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ андешидани тадбирҳо мушоҳида мешавад.
Президенти кишвар Эмомали Раҳмон баҳри бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар соҳаи сайёҳӣ тадбирҳо андешида, ќайд карданд, ки «…ҷихати навсозии техники ширкат ва корхонаи мазкур ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон воридоти ҳавопаймоҳо, локомативҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркаш пурра аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши илова шуда озод карда шаванд». Инчуни бо маќсади тараќќӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳӣ дар мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Умед дорем, ки ин хизмати бузурги роҳбари ғамхори давлат ва дастгирию тадбирҳояшон баҳри баланд бардоштани иќтисодиёти кишвар тавассути рушди босамари соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ќадр карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки барои бунёд намудани иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб солҳо кифоя нест. Ба ҳамин хотир барои рушди ин паҳлӯ и соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Беҳтару хубтар ба роҳ мондани соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистони маҳбуб, идомаи бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад.
Шаҳноз