Сӯзан миёни ангуштонаш якмарому чобук давр мезаду лаҳзае пас муддате рӯи матоъ нақши зебое зоҳир мешуд. Дармеёфтӣ, ки ӯ бо нӯги сӯзан нахлҳои рӯзгорро ба ҳам пайванд дода, ҳаёти осоиштаро фароҳам овардааст.
Гулдӯзӣ, сӯзанӣ, қуроқиҳояш зеби намоишу озмунҳои ҳунарҳои мардумист. Бисёриҳо аз нигоҳи аввал ба дӯхти Наимаҷон Бобоева бо тааҷҷуб менигаранд. Чун наздик меоянд, бовар месозанд, ки воқеан ин кори дастист.
- Ба ҳунари дастӣ таваҷҷуҳ хеле зиёд аст, вале рангҳои равшане, ки мо дар гулдӯзиву сӯзанӣ истифода мебарем, харидори кам доштанд. Завқу салиқаи мардум ва бозори ҷаҳониро омӯхтем. Аз ин баъд рангҳо, тарзи ороиши тамоми маҳсулотро тағйир додему аз матоъҳои пахтагӣ истифода кардем. Кунун дар тамоми намоишҳои дохиливу хориҷӣ дастранҷи мо харидор дорад, ки аз ин хеле шодем,- мегӯяд Наимабону Бобоева.
Ин ҳунарро ӯ аз модар мерос гирифтааст. Ҳамагӣ 11 -12-сола буд, ки модар ӯро паҳлуи хеш шинонда, сӯзан ба дасташ дод. Бо алфози ширин ба дили духтар муҳаббати ҳунарро бедор намуд. Наимабону пас аз пурра кардани нақше натиҷаи заҳматашро дида, дар курта намеғунҷид ва барои беҳтару зеботар намудани нақшҳо, мутобиқати матоъ бо нахҳо аз модар маслиҳатҳо мепурсид.
Модараш фармоиши зиёди зардӯзиву гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва тоқиҳои ироқиро аз мизоҷон мегирифту бо гулдухтаронаш пайи кор мешуд. Дар баробари соҳибҳунар будани фарзандон падар ҳар яки онҳоро соҳибмаълумот гардонд. Ба ақидаи волидон ҳунармандиву донишварии фарзандон муҳим аст ва доштани маслак касро хор шудан намегузорад.
Вай аз рӯи ихтисос муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик аст. Вале ӯро дар шаҳри Хуҷанд чун ҳунарманди чирадаст мешиносанду эҳтиромашро қоиланд. Ӯ корро дар хона шурӯъ намуду баъдан коргоҳи дӯзандагӣ ва мағозаи армуғонҳо созмон дод. Бонувони ниёзманди атрофро ба омӯзиш фаро гирифт, ки ҳар яке ҳунари дилхоҳро аз худ намуд.
Мушкилӣ
Соли 2014 коргоҳи дӯзандагии Наимабону оташ гирифта муддате аз фаъолият бозмонд. Гранти президентӣ ин мушкили ӯро осон кард. Тарҳи лоиҳааш қабул шуду ба гирифтани 40 ҳазор сомонӣ мушарраф гардид. Корро аз сифр шурӯъ намуд.
- Бо гирифтани гранти президентӣ гӯё таҳарруке ба ҷонам омад ва фаъолиятам дубора эҳё гашт. Ба 15 нафар зан ҳунар омӯзондаму онҳоро ба кори доимӣ ҷалб кардам. Пас аз шаш моҳ коргоҳро тавонистем ба по хезонем. Мизоҷон фармоишҳои гуногун медоданд ва мо сари вақт корро босифат анҷом медодем. Дастранҷҳои моро метавон имрӯз дар тани кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дид.
Наимабону 30 сол аст, ки ба ҳунарофарӣ шуғл дорад. Баъди заҳматҳои чандинсола бо шавҳари мушфиқаш коргоҳи дӯзандагии худро дар шаҳри Хуҷанд бунёд кард. Маҳсулоташ кунун дар ду мағозаи шаҳри Хуҷанд ва як мағозаи шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешаванд. Барои дастгирии дигар ҳунармандон маҳсулоти онҳоро низ дар мағозаи худ ба мизоҷон пешкаш менамояд. Дар мағозаи армуғонҳо камзӯлҳои мардонаву занона, саломдиҳак барои арӯсон, тоқӣ, сарандоз, ҷувздон, болишт, ҳамён, кӯрпаву кӯрпача, дастархон, дастбандак ва болопӯши гаҳвора, чойникпӯшак ва ғайра ба фурӯш гузошта шудаанд. Ӯ узви фаъоли Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аст. Дар ташкилоти ҷамъиятии «Рушди эҷодии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе чанд муддат аст, ки ба гулдухтарон нозукиҳои гулдӯзӣ меомӯзонад.
Бо эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» илҳом ва неру бардошта, корро дар ин самт ҷоннок намуд. Дар як қатор машғулияту чорабиниҳои ҳунармандӣ дар шаҳри Душанбе даъватӣ шуд ва дар озмуни «Фараҳ» узви ҳакамон интихоб гардид. Ҳамчунин, вай чун устоди ғамхор бо занони ташнаи ҳунар машғулият мегузаронд. Се сол дар маркази вилояти Хатлон ба занони хонашин ҳунар омӯхту то кунун бо онҳо ҳамкорӣ дорад.
Наимабону дар чандин намоишгоҳи ҳунармандӣ дар кишварҳои Салтанати Уммон, АМА, Покистон, Исроил, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Россия ва ғайра иштирок намуда, ҳунари волои тоҷиконро муаррифӣ намудааст.
- Ҳар бори сафар ба хориҷи мамлакат, саҳфаи наве рӯям боз мегардид. Бо ҳунармандони кишварҳои ҷаҳон ошноӣ ва табодули таҷриба намудам. Мисли аъзои як хонавода бо ҳам робитаи дӯстона дорем.
Дар Салтанати Уммон ҳунармандони 27 давлати ҷаҳон ба ҳам оварда шуд. Мо Тоҷикистонро бо дастранҷҳои хеш муаррифӣ намудему беҳтарин дониста шудем, - ба ёд меорад Наимабону.
Дар оила ҳамсари мушфиқаш рӯи табақҳоро нақш мебандаду ин ҳунарро ба дараҷаи воло сомон медиҳад. Писари хурдӣ ҳунари нақш дар рӯи сангро касб кардааст. Ягона духтараш тамоми ҳунарҳои модарро омӯхтаву имрӯз дар зиндагӣ ба кор мебарад.
Онҳо 4 фарзандро тарбияи хуб дода, соҳибмаълумоту соҳибкасб намудаанд ва алҳол дар ҳалқаи набераҳо худро бибиву бобои хушбахт меҳисобанд. Келинҳои хонадон аз хушдомани гулдасти худ розиянд, зеро ӯ дар соҳибмаълумот гаштани онҳо саҳм гузоштаасту бо онҳо фарзандвор муносибат менамояд.
- Вақти сӯзанзанӣ, рӯи ҳар нақш муҳаббати худро мегузорам. Ҳунар асабҳоямро ором месозад. Хушбахтиро низ маҳз аз ҳунар дарёфтам. Сатҳи зиндагиям боло рафту соҳибэҳтиром гаштам. Дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маҳз тавассути ҳунар аз вартаи гуруснагӣ раҳидем, - мегӯяд ин бонуи чирадаст.
Наимабону тамоми дастоварду пешравиҳояшро аз оилаи солим, заҳматқаринӣ ва сулҳу суботи кишвар медонад. Ва барои муваффақияти зан якдигарфаҳмиву эҳтиромро асос медонад ва инро ба дигар бонувон тавсия медиҳад.
Фарзона ВОСЕЕВА