Ӌалби бештари сайёҳон
Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, аз Балӌувон то Чилдухтарон, ин тараф, аз кӯҳи намак то Валвалак ҳама мавзеъҳои сайёҳиянд, ки кас аз тамошояшон сер намегардад.
Воқеан, ин сарзамин барои сайру саёҳат ӌоест муносиб ва маконест арзанда. Табиати афсункор, рӯду дарёҳои равону хурӯшон, кӯҳҳои сарбаафлоку барфпӯш, манзараҳои сабзу дилангез, чаманзорҳои атрогин, боғу токҳои зарнисор, меваю сабзавоти тоза, гулу гиёҳҳои шифобахшу ӌонбахш, ӌангалзорону чакалакзорҳо, набототу ҳайвоноти нодир ва садҳо неъматҳои дигари камёбаш ҳар каси ба ин сарзамин омадаро шефтаю мафтун мегардонанд.
Ноҳияи Балӌувон, дар ин силсила, бо манзараҳои зебою табиати дилангез ва мавзеъҳои табиию таърихиаш, аз ҳама бештар, мавқеъ касб кардааст. Ин макон дили садҳо сайёҳонро рабуда, мафтуну шайдо кардааст. Баъд аз эълон шуданаш ҳамчун мавзеи хоси сайёҳӣ, ҳоло дар ин ӌо корҳои зиёде барои қабули сайёҳон анӌом дода мешаванд.
Дар ин росто роҳи Кангурт – Балӌувон – Ховалинг мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони роҳи дигари муҳим, аз маркази ноҳия то мавзеи Сари Хосор, идома дорад. Бо бунёди роҳ маркази ноҳия ба мавзеи асосии сайёҳӣ пайваст мегардад ва мавзеи Сари Хосор бо ҳама зебоиҳои табиаташ, хусусан, бо рӯдҳои Сурхобу Оби Мазор, дараҳои дашти Ангораю Шикелдара, Шингидараю Гандара ва шаршараҳои Пушти Боғу чашмаҳои шифобахшаш, дар ихтиёри сайёҳон қарор мегирад.
Ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин низ барои сайёҳон мавзеъҳои беҳтарин маҳсуб мешаванд. Ин қаламрав на танҳо бо табиати дилфиребашон, балки бо садҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ метавонанд диққати сайёҳонро ба худ ӌалб намоянд.
Ноҳияи Ховалинг, ки нишон аз Мунки бостон аст, дар худ хеле зиёд ёдгориҳои таърихию табииро нигоҳ медорад. Маҳз ин макони пурмуъӌиза метавонад диққати сайёҳонеро, ки бо мақсади омӯзиш ва ошноии ин гуна ёдгориҳо меоянд, ба худ ӌалб созад. Баъд аз тамошои зиёратгоҳҳои таърихию фарҳангие чун Султон Увайси Қаранӣ, Хоӌа Айюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, Саид Амири Шафеӣ, Неъмони Парвозӣ, Саид Амири Фиғонӣ ва бошишгоҳҳои одамони асри санг дар деҳоти Кӯлдара, Хонақоҳи Севодара, сангтӯдаҳои деҳаи Сангтӯда, ёдгориҳои шаҳри Мунк, маъбади буддоии деҳаи Чепол, Қалъаи Бегим ва Хона - музейи Восеи қаҳрамон дар Дараи Мухтор, назараш ба ин мавзеъ дигар мешавад ва хотироти хуберо бо худ мебарад.
Дар ноҳияи зебоманзари Муъминобод муъӌизаи табиати Тоӌикистон – кӯҳи Чилдухтарон воқеъ аст. Танҳо ҳамин як ёдгории табиии кӯҳи Чилдухтарон қодир аст, ки ҳар сол ҳазорҳо диққати дӯстдорони табиатро ба ин макон ӌалб созаду аз зебоиҳои ин диёр бархӯрдор гарданд. Ноҳия ба ӌуз ин боз даҳҳо мавзеъҳои дигари тамошобоб дорад. Мақбараҳои Шоҳи Хомӯш, Мир Сайид Ӌалолиддини Гулдаста, Хоӌаи Нурро ном бурдан ба маврид аст, ки ҳар кадоме аз рӯзгори як донишманд, пири тариқат ва ё орифи забардасте маълумот медиҳад.
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои сайёҳӣ ояндадор маҳсуб мешавад. Дар ин қаламрав ёдгориҳои табиию таърихӣ ва фарҳангие маҳфузанд, ки ҳар кадоме гувоҳи барҳақ аз таърихи бою рангини ин сарзамини пурғановат аст.
Баландтарин кӯҳҳои вилояти Хатлон – Валвалак, Эмомаскара ва Фурӯш дар ин ӌо воқеанду дар онҳо садҳо ҳайвоноту парандаҳои нодир сукунат ихтиёр кардаанд. Ҳамасола ба ин сарзамин сайёҳони зиёд меоянд. Месазад, ки дар ин макон ба соҳаи аз ҳама сердаромади сайёҳӣ - табобатӣ, солимгардонӣ, экологӣ ва шикор бунёд гузошт. Зеро дӯстдорони ин навъи сайёҳӣ хеле зиёданд.
Барои қабули сайёҳон доштани танҳо табиати афсункор, рӯду дарёҳои равону хурӯшон, кӯҳҳои сарбаафлоку барфпӯш, манзараҳои сабзу дилангез, чаманзорҳои гулпӯшу атрогин кифоя нест. Балки дар ин баробар, фароҳам овардани инфрасохтори муносиб, зарур меояд. Зеро сайёҳон, касоне ҳастанд, ки аз лиҳози имконот хеле муқтадиранд ва барои истироҳату буду бош ӌои муносибро интихоб менамоянд. Барои чунин сайёҳон ӌои муносибу мувофиқ ҳамон аст, ки ҳама асбоби муошират, фароғат ва истироҳат муҳайё бошад, то онҳо тавонанд хостаҳои худро бароварда тавонанд.
Дар зарфи чанд соли охир, дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара, дар кори меъморию шаҳрсозӣ, хусусан, бунёди биноҳои наву замонавӣ, иншооти фарҳангию фароғатӣ, меҳмонхонаҳою осорхонаҳо, боғу гулгаштҳо бо назардошти талаботи муосир ба вуӌуд омад, ки ин ҳама метавонанд ба пешравии соҳаи сайёҳӣ мусоидат намоянд.
Дар ин бобат метавон аз меҳмонхонаҳои деҳаҳои Пушинг ва Кангурт низ истифода бурд. Ин деҳаҳои куҳанбунёд имрӯз ба зеботарин мавзеъҳои сайёҳии Тоӌикистон табдил ёфтаанд. Хусусан, деҳаи Пушинг, ки ҳар сайёҳе орзуи дидани чунин макони ободу зеборо мекунад. Хурсандибахш аст, ки дар ин ӌо, аллакай, инфрасохтори зебое барои қабули меҳмонон ба вуӌуд омадааст, ки ин кори сайёҳонро осон мегардонад.
Ҳарчанд дар ноҳияҳои Балӌувон, Темурмалик, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин меҳмонхонаҳои замонавӣ бо назардошти шароити муосири зиндагӣ пайдо шуда бошанд ҳам, ин ҳанӯз кам аст…
Барои ӌалби боз ҳам бештари сайёҳон дар мавзеъҳои сайёҳӣ инфрасохторҳои замонавӣ ва пурқуввате ба вуӌуд оварда шаванд, ки ӌавобгӯ ба талаботи ҳама гуна сайёҳон бошанд. Аз ӌумла сайёҳоне, ки аз пешрафтатарин мамолик ба ин ӌо меоянд…
Алихон ЗАРИФӣ,
вилояти Хатлон