Шаҳкамони шикорчӣ
ва озодапаланги Ӯ
Сокини рустои Жамаги Ӌамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванӌ Ҳайдар Кӯҳканови 88 - сола, ба ҳар сайёҳе, ки аз дохил ва ё хориӌи кишвар ба деҳа ворид мешавад, нахуст дар оромгоҳи деҳ марқадеро нишон медиҳад. Ин марқад дар қиёс ба хуфтагони ин қабристон калонтару дарозтар аст.
- Дар ин манзил марди паҳлавон ва шикорчии бемисл бо номи Шаҳкамон ба хоби абад рафтааст,- мегӯяд амаки Ҳайдар. - Шаҳкамон нахустин ободкунандаи деҳаи Жамаг буда, саргузашти аӌоибу ғароибе дорад. ӯ тақрибан се аср пеш овони Наврӯз ба дунё омадааст.
Дар баробари ин паҳлавони номӣ ва шикорчии нишонзан низ будааст, ки боре ҳам тираш хато нарафтааст. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳаводоронаш ба ӯ номи Шаҳкамонро медиҳанд. Шахси ҳалиму меҳрубон ва хоксору мушкилкушои мардум низ будааст. Қисса мекунанд, ки ӯ ба деҳаи Жамаг аз мавзеи Сияҳқурумб ӌӯй канда, об баровардааст ва дар миёни сангистонҳо яке аз аввалинҳо шуда, замин кушода, боғ бунёд кардааст.
Аммо ҳунари асосии Шаҳкамон дар камонзанӣ рушан гашта буд ва мардуми водӣ ӯро чун шикорчии моҳир ва мергани беназир медонистанду мешинохтанд.
Дар пуштакӯҳҳои сароби рӯди Язгуломоб дар мавзеъҳои Зайчу Жафак, ӯбағн, Босид ва Арнавад бо камони пилтагӣ оҳу ва парандагонро шикор карда, ба аҳли русто тақсим мекардааст.
Аз рӯи нақли Ҳайдар Кӯҳканови куҳансол, боре Шаҳкамон дар баландиҳои кӯҳсорони мавзеи ӯбағн садои нолиши ҳайвонеро мешунавад. Дар торикии ғор палангбачаеро аз ӌинси озодапаланг - бабр, пайдо мекунад, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш зоида шуда буд. Навзод хеле гурусна буд. Шикорчии пуртаӌриба ба чорсӯи дараи миёни кӯҳсорон назар афганда мебинад, ки аз баландиҳои қулла ва пуштакӯҳ тармаи калоне фаромадааст. ӯ мефаҳмад, ки модапалангро офати табиӣ аз ҳаёт маҳрум кардааст. Шаҳкамон дар андеша меафтад. Агар палангбачаро ба ҳоли худ гузорад, аз гуруснагӣ мемурад ва ё туъмаи гургону хирсон мешавад. Аз ҳамин хотир, ҳайвончаро ба деҳа меорад.
Мардуми деҳа барои озодапаланг хонача месозанд ва парвою парвариш мекунанд. Ҳамин тариқ, палангбачаи ваҳшӣ хонагӣ мешавад. Таи чор сол Шаҳкамон вақти шикор палангбачаро бо худ ба дуриҳои кӯҳсор мебурд. Палангбача, ниҳоят ба озодапаланги ҳақиқӣ табдил ёфт. Чаққон, чобук ва чусту чолок. Аснои шикор, пеш аз соҳибаш макони оҳувонро пайдо мекард ва шикорчии номдор бо мадади дӯсти худ ба зудӣ сайд ба даст меовард.
Таи ин солҳо Шаҳкамонро доимо як фикр азият медод. Он, ки макони ин ӌонвари ваҳшӣ баландиҳои кӯҳсорон аст ва ӯ палангро дар деҳа нигоҳ медорад. Ин гуноҳи вазнин аст. Бояд бо ҳар роҳе, ки набошад, ӯро ба макони аслияш, баргардонам, – андеша мекард ӯ. Борҳо, вақте ки паланг дар кӯҳсорон хоб мерафт, ӯ бе садо, оҳистакак ба деҳа бармегашт ва бо ин амалаш мехост, озодапаланг дар кӯҳ бимонад. Вале ҳайҳот, ҳанӯз шикорчӣ ба деҳа нарасида, аллакай ҳайвони ба одамон хӯ гирифта, ӯро дар даромадгоҳи деҳа истиқбол мегирифт.
Дар соли панӌум воқеае рух дод, ки боиси хушҳолии Шаҳкамон гардид. ӯ боре бо паланги зебо ва чусту чолокаш ба кӯҳсори мавзеи Арнавад аз паи сайд меравад. Паланги хонагӣ ӌуфти модиёни худро пайдо мекунад ва дар макони зисти аслияш, миёни кӯҳсорон муқимӣ мегардад. Ҳар дафъае, ки Шаҳкамон ба шикор мебаромад, ин паланг аз гурӯҳи худ ӌудо гашта, ба назди соҳибаш меомад ва ҳангоми ғуруби офтоб боз ба ҳамзотонаш ҳамроҳ мешуд.
Ҳайдар Кӯҳканов нақл мекунад, ки Шаҳкамон умри дарозе дида будааст. Вақте ки вай аз дунё мегузарад, хоҳари хурдаш 98 сол доштааст. Боз аӌибтараш он будааст, ки Шаҳкамон дар умраш барои худ се маротиба қабр меканад. Аммо ин манзилҳои охирати пешакӣ тайёр кардааш насибаш намегарданд. Ҳар вақте, ки вай гӯр мекандааст, шахси бекасе ва бенавое вафот мекардааст ва қабри барои худ кандаи Шаҳкамонро соҳиб мешудааст. Бори охир, дар дами пирӣ, ки хеле фартут гашта, умраш ба 108 дакка мехӯрд, дар фарорасии фасли баҳорон ин марди далеру ӌасур ва ғамхору меҳрубон, ҳавсала карда, барои худ гӯр мекобад, аммо чун риштаи умраш, ки ба поён нарасида буд, гӯри кандааш ҳам насибаш намекунад. Ин дафъа, кампираки бекасе аз дунё дармегузарад ва ин қабрро ба ӯ мебахшад.
Аз рӯи гуфтаҳои ровӣ Ҳайдар Кӯҳканов, Шаҳкамон боз чанд соли дигар мезияд ва баъд оламро падруд мегӯяд. Аҳли деҳа, ӌавонмардони ба нангу номуси деҳаи Жамаг, барои ин марди номдору далер ва шикорчии беҳамто хонаи охирати хеле калону барҳаво канда, мутобиқ ба ӌуссаи паҳлавононааш, зебу ороиш медиҳанд. Он марқад 270 – 300 сол беосеб, ба замони мо омада расидааст ва аз ҳама қабрҳои гӯристон фарқ мекунад.
Дар маросими хайрбод сокинони водии Язгулом ба ӌанозааш омада, ӯро бо иззату ҳурмат ба роҳи охирин гусел мекунанд. Мегӯянд, ки баъди даргузашти шикорчӣ, сокинони деҳаи Жамаг, озодапалангро дар назди марқади соҳибаш дидаанд, ки бо чашмони маҳзун қабрро бӯй мекашидааст.
Ба гуфти сардори парки миллии Ванӌ Розиқ Гиёев, дар баландиҳои кӯҳсорони водиҳои Язгулом ва Ванӌи Боло ҳоло 14 сар озодапаланг сукунат дорад. Шояд миёни ин ӌонварони зебои ваҳшӣ аз насли паланги ромкардаи бобои Шаҳкамони номдор низ бошад…
Сироншоҳи Диловар,
ноҳияи Ванӌ