Тарроҳе аз растаи «Шоҳҷоиза»
26 -уми апрели соли равон дар Қасри Арбоб фестивали «Атлас ва адраси тоӌик-2020» ба ифтихори ӌашни Наврӯзи оламафрӯз доир шуд, ки дар он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Ҳунарманди шаҳри Хуӌанд Матлуба Ниёзова сазовори Шоҳӌоизаи озмун ва 5000 сомонӣ гардид. ӯ 5 намуд либоси идона, 2 расмӣ, 2 кӯдакона ва 1 арӯсиро аз матоъҳои атласу адрас бо ороишоти хос пешниҳод намуд, ки ҳайати ҳакамон ва тамошобинонро ба ваӌд овард.
Ин комёбии Матлуба Ниёзова тасодуфӣ набуд. ӯ қаблан дар 7 озмуни «Атласи тоӌик» бо тарҳҳои худ ширкат варзида, 5 маротиба ӌойи аввалро соҳиб шуда буд. Ва акнун орзуи соҳиби Шоҳӌоиза шуданаш амалӣ гардид. Ҳини ба Матлуба ҳамсуҳбат гаштан, дарк кардам, ки бар иловаи ҳунарманди мумтоз буданаш - як бонуи ӌавони бофарҳанг, дӯстдори таъриху забони миллат, ватанпараст, мураббии меҳрубони даҳҳо шогирдон, модари ғамхори фарзандон, чароғи рӯшанибахши хонадон аст.
Гули худрӯ
Матлуба соли 1986 дар шаҳри бостонии Хуӌанд, дар оилаи Муҳаммадӌони дуредгар ва Зебинисои муаллимаи забону адабиёти тоӌик ба дунё омадааст. Аз чаҳордаҳсолагияш шефтаи ҳунари кашидадӯзӣ ва муҳрадӯзӣ гардид ва мустақилона, бе он ки ба устоде муроӌиат кунад, нахустин маҳсули дастонашро эӌод намуд. «Ҳунар аз кони зар беҳ!» шиори зиндагияш гашта, оҳиста-оҳиста ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, зардӯзӣ, йӯрмадӯзӣ, хомакдӯзӣ, заргарӣ ва ниҳоят тарроҳиро аз худ кард. Соли 2004 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-ро хатм ва пурра ба ҳунармандӣ рӯй овард.
Аз рӯзнома
Тарроҳи номвар рӯзномае дорад, ки дар он лаҳзаҳои ӌолибтарини ҳаёти худро сабт мекунад. Инак, чанд навиштаро меоварем:
«15-уми апрели соли 2006 дар озмуни «Атласи тоӌик» дар шаҳри Хуӌанд, бо пешниҳоди чор модели худ, ки яке аз онҳо куртаи идона аз муҳра (бисер) дар матои атласро ба бар дошту заҳмати он як сол бофтан буд, иштирок кардам ва сазовори ӌои якум гардидам.
Соли 2011 дар озмуни «Атласи тоӌик» дар кохи Рӯдакии шаҳри Хуӌанд бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ тарҳи худро пешниҳод кардам. Дар ин модел духтари тоӌик бо куртаи атласи муҳрадор, дар сар тоӌи дорои ҳафт ситора ва Парчами давлатии Тоӌикистон дар саҳна ӌилвагар шуд. Ин курта аз муҳраҳои шишагӣ, ки мисли дони арзан мебошанд ва марӌончаҳою зардӯзӣ офарида шуд. Парчами давлатии Тоӌикистонро аз муҳра мувофиқи рангҳояш бофтам. Дар офаридани ин тарҳ 1 солу 8 моҳ сарф кардам.
25-уми марти соли 2012 бо дастгирии Президенти мамлакат меҳмони Душанбеи азиз гардида, дар чорабинии наврӯзӣ дар кохи Сомон ду тарҳамро намоиш додам.
Аз 6 то 9-уми декабри соли 2012 ман дар маркази ҳунарҳои халқии «Баҳор»-и шаҳри Хуӌанд кор кардам. Бо дастгирии марказ дар шаҳри Душанбе, дар ярмаркаи зимистонаи ҳунармандон иштирок намуда, сазовори ӌои сеюм шудем. Ман сертификат гирифтам.
30-юми майи соли 2019 дар театри Камоли Хуӌандӣ озмуни вилоятии «Атласи тоӌик» доир шуд. Бо пешниҳоди 7 тарҳи худ соҳиби диплом ва мукофоти пулӣ гардидам.
2-юми июни соли 2019 дар «Фестивали ӌумҳуриявии атласу адрас» дар Осорхонаи миллии Тоӌикистон ҳамчун ҳунарманд ва тарроҳ сазовори ӌойи якум шудам».
Донишӌӯи эӌодкор
Мафтунабону мехост таҳсилашро дар мактаби олӣ идома диҳад. Бо сабаби ӌиддан ба ҳунар шуғл варзидан имкон намеёфт, вале ин орзуро аз дил берун кардан ҳам намехост. Як сухани Пешвои миллат азми ҳидоятгар шуд.
- Дар чорабинии Наврӯзи соли 2012 дар кохи Сомон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ман суҳбати кӯтоҳ доштанд ва пурсиданд, ки маълумоти олӣ доред? «Не» гуфтам. Сарвари давлат таъкид карданд, ки ҳатман бояд хонам ва маълумоти олӣ гирам.
Ин насиҳати падаронаи Пешвои миллат маро водор кард, ки ба факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуӌанд ба номи академик Бобоӌон Ғафуров шомил шавам. Алҳол курси сеюмро ғоибона бо баҳои хубу аъло хатм намуда, ба соли хониши нав тайёрӣ мебинам. Дар хатми соли сеюми таҳсил мақолаи илмие бо номи «Ҳунари муҳрадӯзӣ ва таърихи он» навиштам, ки ба устодон писанд омад,- зикр намуд бону Матлуба.
Устоди пухтакор
Имрӯзҳо ӯ дар хобгоҳи коллеӌи тиббии шаҳри Хуӌанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ ба донишӌӯдухтарон, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин ӌо ба сар мебаранд, ҳунарҳои мардумиро ройгон меомӯзонад. Шогирдон ҳар машғулияти ӯро бесаброна интизор мешаванд. Мафтуна шогирдони беҳтарини худро дар чорабиниҳои калон, намоишу озмунҳо ҳамчун модел истифода мебарад. Аз ӌумла, дар озмуни бобароре, ки ӯ сазовори Шоҳӌоиза гардид, шогирдони ҳунарманду хушхиромаш Навбаҳор, Фарангис, Гулӌаҳон, Чароз ва дигарон тарҳҳои устодашонро дар сатҳи олӣ муаррифӣ намуданд.
Модари ғамхор
Матлуба Ниёзова ва ҳамсари ӯ даст ба даст рӯзгор пеш мебаранд. Ба тарбияи се фарзанди азизи хонадон ӌиддан машғул мебошанд. Фазилатхони 6-сола дар озмунҳо чун модел куртаҳои кӯдаконаи модари ҳунармандашро намоиш медиҳад. Меҳронахон, ки синфи шашумро хатм мекунад, ӌиддан аз пайи касби модар рафтанист. Аъзамӌон талабаи синфи чорум, аълохон аст.
Ӌӯра ЮСУФӣ,
шаҳри Хуӌанд