Дар саҳни ҳавлӣ ӯро бо набераҳову пайвандон саргарми суфрадӯзӣ дарёфтем. Аён буд, ки бону ба ин ҳунари қариб фаромӯшшудаи мардумӣ муҳаббати беандоза дораду бо мароқ нозукиҳои онро ба шогирдонаш, ки ҳама аҳли хонаводааш мебошанд, меомӯзонад. Набераҳои ҳунардӯст ба суханҳои бибӣ бодиққат гӯш андохта, ҳар кадоме як амалеро сомон медод, то суфраи нимдӯхт пурра гардад. Воқеан ҳам, дунёи ҳунари ин бонуи чирадаст аҷиб асту касро ба олами андеша ғӯтавар месозад.
Агарчи имрӯзҳо навъҳои гуногуни суфра дар бозорҳо фаровону дар хонадони ҳар бонуи тоӌик мавӌуд аст, суфраҳои таҳиякардаи ин ҳунарманд аз онҳо ба куллӣ фарқ доранд: онҳо аз пӯсти ҳайвонот омода мешаванд, ки камёфту ҳатто нодиранд. Ба қавли ин бонуи чирадаст, таҳияи чунин суфра заҳматталаб асту вақти бештаре металабад. Сарфи назар аз мушкилиҳо Турсуной Ӌалолова тавониста, ки қадимтарин ҳунари миллии тоӌикон - суфрадӯзиро дубора эҳё намояд…
ӯ ба хонадоне арӯс шуд, ки ҳама ҳунарманду ҳунардӯстдор буданд ва тарзи зист ва оинҳои хонадон беасар намонд. Тадриӌан вориди дунёи ҳунармандӣ шуду талош варзид, то нозукиҳои кор омӯзад. Модари хонадон - хушдомани Турсуной на танҳо суфрадӯз, балки қуроқдӯзиву кашидадӯзӣ, гулдӯзиву бофандагӣ низ мекард. Вале барои Турсуной бештар суфрадӯзӣ мақбул шуду баҳри омӯзиши нозукиҳои ин ҳунар ӌаҳд намуд. Талошҳояш билохира натиӌа ба бор оварданд ва ин ҳунарро ба тамом аз худ кард.
Бо мурур вай яке аз пешаварони машҳури деҳа эътироф гардид ва тамоми наварӯсон таҳияи суфраро ба ӯ фармоиш медоданд. Ба қавли ӯ, солҳои қабл барои арӯсон бо суфраҳои чармӣ ба хонадони шавҳар ворид шудан ҳатмӣ буд. Зеро дар суфраҳои чармӣ хамир кардан аз як сӯ савоб бошад, аз сӯи дигар орд ва хамиртуруши дар дохили суфра гузошташуда сифати худро гум намекунанд ва орд низ аз намиву рутубат эмин мегардад.
Солҳои охир таваӌӌуҳ ба ин навъи суфраҳо кам гардиду ӌойи онҳоро суфраҳои аз матоъ омодашуда танг карданд. Ин буд, ки муддате холаи Турсуной таҳияи суфраҳои чармиро канор гузошт. Вале бо эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ӯ тасмим гирифт, ки дубора ин ҳунари аӌдодиро, ки қариб нишоне аз он намонда буд, аз нав эҳё намояд. Имрӯзҳо дар деҳаи Деҳқонободи Ӌамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон Турсунойхола ягона ҳунармандест, ки аҳли хонаводаро гирди худ ӌамъ оварда, чунин суфраҳои қадимӣ меофарад. Сокинони деҳа ва дигар ӌамоату шаҳракҳо аз ӯ ин суфраҳои ғайриодиро харид менамоянд. Суфраҳоро ин бону аз пӯсти буз, гӯсфанд ва гов омода месозад ва барои таҳияи як суфраи хушсифат 15 рӯз заҳмат мекашад.
- Як адад суфраи муқаррарӣ аз пӯсти ду гӯсфанди калон тайёр карда мешавад. Қисми заҳматталаби кор – ин омода намудани пӯст аст. Пӯсти навро дар халтаҳои полиэтиленӣ ба муддати се рӯз нигоҳ медорем. Дар сурати хушк будани пӯст онро тайи ду рӯз дар зарфҳои пластмассӣ тар карда, то таровидани об онро меовезем ва баъд пӯстро се рӯз дар халтаи полиэтиленӣ нигоҳ медорем. Баъдан, пӯст ду рӯзи дигар дар даруни зардоби ӌурғот бояд нигоҳ дошта шавад. Ҳамин ки пӯстро аз зардоб гирифтем, онро тоза ва мехушконем. Ҳар кадоми онҳоро алоҳида печонда ду - се рӯз нигоҳ медорем. Ҳамаи ин амалҳо бояд дар вақти муайянгардида анӌом дода шаванд, дар акси ҳол пӯст тунук шуда, корношоям мегардад, - фаҳмонд холаи Турсуной.
Пас аз омода шудани пӯст бо риштаҳои махсус суфра дӯхта мешавад, то онро аз пӯсидан эмин дорад. Аз 64 соли умри пурбаракати ин бонуи заҳматпеша нисфи он пайи сомон додани ин ҳунар сарф гардидааст. Арӯсони хонавода, фарзандону набераҳо ҳунари холаи Турсунойро аз бар намудаву имрӯз ёрирасони ӯ мебошанд. Ӌамъоварии пӯсти чорво бар зиммаи писаронаш аст. Пӯсти чорворо аз қассобон мехаранд. Дар бештари маврид пӯстҳоро аз деҳаҳои гирду атроф ӌамъ меоранд, ки он кори заҳматталаб буда, диққати махсус ва неруи ӌисмонӣ металабад. Дар сурати хушсифат набудани пӯст, дар суфра костагиҳо ба амал меояд. Амали мазкурро дар аввал холаи Турсуной худ анӌом медод ва тадриӌан ба фарзандон нозукиҳои корро омӯхт ва ин масъулияти баландро бар дӯши онҳо вогузошт. Вобаста ба андозаи суфра, ки аз ҳаӌми пӯст вобастагӣ дорад, навъҳои гуногунҳаӌми пӯст ӌамъ оварда мешаванд. Арзиши пӯстҳо аз 5 то 20 сомонӣ аст. Пас аз омода гардидани суфра, вобаста ба ҳаӌму тарзи таҳияи он, нархро муайян месозанд.
- Тарзи таҳияи суфраҳо гуногунанд. Дар бархе аз онҳо пӯсти чорво яклухт истифода мегардад, ки аз ҳама арзиши гарон доранд. Ва он суфраҳое, ки аз пӯстпораҳо тайёр шудаанд, нисбатан арзонтар мебошанд ва харидорони чунин суфраҳо зиёдтаранд, - иброз медорад бонуи ҳунарманд.
Суфраҳои чармини сафеди холаи Турсуной аз ӌиҳати сифат, ки мустаҳкаму ба таъсири муҳит устуворанд, имрӯзҳо харидорони зиёд доранд. Пешавари мумтоз тӯли моҳ 4 - 5 адад фармоиш мегирад. Суфраи аз ҳама калону хушсифати хола 200 сомонӣ арзиш дорад.
Аз он таассуф мехӯрад, ки ин ҳунари қадимӣ ба таври зарурӣ рушд наёфтаву барои омӯхтани он кам нафарон таваӌӌуҳ зоҳир менамоянд. Аз он бим дорад, ки ин ҳунари судманд аз байн наравад ва аз ӌавонон даъват ба амал меорад, ки барои ривоӌи ин шуғл бетараф набошанд.
Дар баробари ҳунари суфрадӯзӣ Турсунойхола ҳунарҳои дигар, аз қабили қуроқдӯзиву зардӯзӣ, ӌомадӯзиву ӌуроббофӣ, кашидадӯзиву гулдӯзӣ ва амсоли инҳоро балад аст, ки ин ҳамаро замоне аз модарарӯсаш омӯхтааст.
- Вақте осудагӣ набошад, аҳли хонавода шуғли даромаднок надошта бошанд, осоиши рӯзгор аз байн меравад. Бар ивази он нофаҳмӣ сар мезанад, ки билохира хавфи афсурдаҳолӣ ва аз даст додани саломатӣ ба миён меояд. Беҳтарин неъмат барои инсон ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳуми байни аъзои хонавода аст, ки ба ин роҳ ҳам шуғл пайдо мегардаду ҳам буӌети хонавода ғанӣ, - ироа намуд дар фарӌом Турсуной Ӌалолова.
Ба он умед мебандем, ки ҳунарҳои халқӣ бо ғамхориву дастгирии Ҳукумати мамлакат ва таваӌӌуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон побарӌо монда, минбаъд низ бештар рушд меёбад.
шаҳдреза,
ноҳияи Хуросон