Об манбаи сафост
- Ташаббусњои Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба истифодаи самаранок ва њифзи захирањои об, ки аз минбари Созмони Милали Муттањид садо доданд, ќишрњои мухталифи љомеаро дар саросари олам барои ширкати фаъолона дар њалли масоили об сафарбар намуданд, - мегўяд танзимгари Ассотсиатсияи истифодабарандагони об «Об - Умед» - и дењоти Поршиневи ноњияи Шуѓнон Мадина Худобахшева.
Об аз лињози ањамият дар гуфтугўи мардумї бо таъбирњои гуногун ифода ёфта, онро њаёт, љонбахшанда, рўшної ва ќатрањои боронро ба лўълўъ ва марворид ташбењ додаанд. Воќеан, об асоси мављудоти олам буда, сабзишу рўиши олами наботот ва љонварон ба он вобаста аст. Олимон исбот кардаанд, ки об чун сароѓози њаёт дар рўйи замин низ хусусияти зинда дошта, ба муњити атроф хеле њассос аст.
Анъанањои муносибати мардум ба падидаи муќаддас - об дар филми мустанаде, ки бо ибтикори ассотсиатсия омода шуд, инъикос ёфтаанд. Мардуми кўњистон ба оби нўшокї ва обёрї ниёз ва эътиќоди сахт доштанд. Бењуда нагуфтаанд, ки «об омад, љон омад». Дар кандани љўйбор, ки одатан аз камари кўњу пушта мегузарад ва зањмати зиёд сарф мешавад, хурду бузург ба таври њашар њисса мегузоранд. Дар оѓози кор дуои пир мегиранд. Ваќте љўйбор сохта шуд, кадбонуњо ба истиќболи об нону кулча омода месозанд ва мардњо дар љойи аз њама баланди дења, дар канори нањри нав дег мемонанд. Пеш аз сар додани об, модарон ба рўйи тифлони гањвора ќатрањои об, ки рамзи њаёт, рўшної ва тозагиву покист, мепошанд. Дар ин рўз њама дастљамъона аз миёни халќ миробу мирљўй интихоб мекунанд.
Одатан шахсони обрўманд, бо хулќу атвори нек ва соњибэњтиром ба ин вазифањо интихоб мегарданд. Мироб дар асоси адолат њаќќи њар як узви љамоатро, сарфи назар аз мавќеи иљтимоиаш, аз рўйи њиссаи замин дар рељаи таќсимоти об таъмин менамояд. Ин корро бо якљоягии мирљўй иљро мекунад. Њангоми тањияи наќшаи истифодаи об дар њудуди љамоат, ки аз тарафи мутахассисони ассотсиатсия дар мувофиќа бо маќомоти мањаллї тартиб дода мешавад, манфиати њамаи дењањо дар истифодаи самараноки об мувофиќи пешнињоди рељаи таќсимоти оби дењањо ба назар гирифта мешавад.
Комиссия оид ба њалли бањсњо, ки дар назди ассотсиатсия амал мекунад, ба мироб ёрї мерасонад. Алњол 9 дења мирљўй дорад, ки онњоро мардум интихоб намудаанд. Ба солњои камобї нигоњ накарда, мирљўйњо дар танзими об ва нигањдории љўйборњо фаъоланд.
Таќвияти фарњанги экологї
- Ањолии дењоти Поршиневи ноњияи Шуѓнон босуръат меафзояд. Бо густариши ин раванд таъмин намудани таносуб байни тараќќиёт ва тозагии муњити зист ба яке аз вазифањои аввалиндараља табдил меёбад, - мегўяд Мадина Алибахшева.
Ваќтњои охир сокинон бо дарки масъулият ба тозагии муњити гирду атроф муносибат менамоянд ва барои тозаву озода нигоњ доштани он кўшиш ба харљ медињанд. Ба манзури бедор сохтани таваљљуњ ба њифзи муњити зист ва фарњанги экологї ассотсиатсия дар байни мактабњо ва љавонону сокинони дењот аксияњо доир намуд. Ба ин аксия омўзгорони фанни табиатшиносї љалб шуда, усулњои тарбияи сифатноки фарњанги экологї дар замири хонандагонро омўхтанд. Барои он ки њар фард хона, дења ва ватанашро дўст дораду аз зебоињои он лаззат барад, завќи зебопарастї ва муносибати дилсўзона ба муњити зистро аз хурдсолї дар нињодаш парвариш бояд дод. Ба ин маќсад 100 нозири сабз интихоб ва ба аксияи экологї љалб гардид. Аксия се рўз идома ёфта, нозирони сабз дар тоза кардани гирду атрофи љўйборњо ва соњили дарёи Панљ ширкат варзиданд. Ба нозирони сабз пешдоманњо ва дастпўшакњои махсус ва халтачањои селофанї дода шуданд. Баъди љамъоварї партов ба партовгоњ интиќол дода шуд.
Об манбаи сафост…
Мушкилоти об барои сокинони дењоти Поршинев ќадимист. Шоири мардумї Саидљаъфар њанўз дар асри ХIХ болои вараќсанги љўйбор байти зерро њаккокї кардааст:
Дорам аламе бигўям, ай њамнафасон,
Беобии хоса шуд маро коњиши љон.
Аз як падаре агар ду фарзанд буванд,
Дар мавсими обдињї шаванд душмани љон.
- Ассотсиатсия тўли солњои фаъолият дар њамкорї бо маќомоти мањаллї бо баргузории чорабинињои
маданї - равшаннамої ва бунёду таъмири дањњо километр љўйборњо дар масъалаи бењтарсозии шароити обрасонї ва таќсими боадолати об дар мањал сањм мегузорад, - изњор медорад танзимгари Ассотсиатсияи истифодабарандагони об М.Худобахшева.
М. САИД,
ноњияи шуғнон