«Аз таҳсини сарвари давлат ашки шодӣ рехтам»
Дар даврони соњибистиќлолии кишвар, ки муносибат ба арзишњои фарњангї, њунарњои мардумї ва муќаддасоти миллї ба таври бесобиќа дигар шуд, њунари чакандўзї низ тобишу маънои нав пайдо кард ва дубора ривољ ёфт. Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон њунарњои мардумиро дар мадди аввал гузошт ва чакан низ чун як њунари асили мардумї, дар ин раванд, љойгоњи сазовори худро пайдо кард.
Алњол дар шањри Кўлоб њунари чакандўзї рушд меёбад. Дар ин љо мактабњои њунарии дар гузашта шуњратёр ќабои нав ба бар кардаанд.
Раљабмоњ Ѓафурова аз зумраи њунармандони соњибмактаби њунари чакандўзї мебошад. Ин њунарманди моњир на танњо дар дўхтани чакан устод аст, балки чун як мутахассиси ин соња, дар шинохти наќшњо ва рангњои чакан низ нафарест озмуда. Муштариён низ ба њунараш бањои баланд медињанд.
Апаи Раљабмоњ алњол сокини пойтахт аст ва наздики бист сол аст, ки дар шањри Душанбе фаъолият дорад. Дар ин муддат ў шогирдони зиёдеро ба камол расонда, ба фаъолияти мустаќилона рањнамун сохтааст. Суњбати мо бо ин бонуи њунарманд, аслан, сари нозукињои њунари чакандўзї сурат гирифт:
- Мењр ба ин њунар дар дили Шумо аз куљо роњ ёфт?
- Дар манотиќи Кўлоб дилхоњ духтаре ба дўхтани чакан майлу раѓбат дорад. Ман њам аз њамин радифам. Модарам, ки њунарманди гулдаст буд, аввалин бор сўзан задану наќш дўхтанро аз ӯ ёд гирифтаам. Баъдтар, ваќте ба шавњар баромадам, тифоќо ба хонадоне афтодам, ки бонувони оила њунармандони чакандўз буданд, хусусан, хушдоманам. Ў њунарманд ва чевари бисёр мумтоз ва дар дўхтани чакан устоди баѓоят сахтгиру пухтакор буд. Дар ин маъвогањ њунари аљдодиро њамаљониба омўхтаму аз бар кардам.
- Имрўз ба њунари Шумо бештар кињо таваљљуњ доранд ва мањсули дастатон то куљо мераваду харидорї мешавад?
- Имрўз њаводорони чакан хеле зиёданд. Инњо на танњо аз љумлаи санъаткорону њунармандонанд, балки бештаринашон духтарони љавону бонувони зебое њастанд, ки ба ин њунар дилбастагї зоњир менамоянд. Куртаи чаканро дўст медоранд ва айёми бањору наврўзї ва тўю сур ин либоси ќашангро ба бар мекунанд. Њоло ки бањор аст, айёми пўшидани чакан аст.
Ростї, аз ман муштариёни зиёд дўхтани чаканро хоњиш мекунанд. Фаќат дар њамин мавсим бештар аз 20 курта дархост гирифтам ва њамаашро ба љо овардам. Аксарияти фармоишгарон аз роњбаронанд, директорони мактабњо ва идорањои дигар. Барои раќќосањои дастањои њунарї низ курта медўзам. Соли гузашта Зебо Аминзода наздам омад ва барои духтаронаш 14 курта дўзондем. Баъди сафари њунарї ба Ўзбекистон боз ба пешам омад ва изњори сипос намуд, ки духтаронро бо куртаи чакан дар он љо хуб истиќбол гирифтанд. Дигар муштариён аз њисоби мењмонони хориљиянд, ки ба Тољикистон сафар мекунанд ва мехоњанд чаканро чун намунае аз њунарњои дастии бонувони тољик бо худ бибаранд.
- Имрўз аз диди нав, оё дар чакан, ранг ва матои он ягон навгоние ворид намудан љоиз аст?
- Албатта, њама чиз дар пешравист. Њарчанд ин њунар аз ќадим омадааст, имрўз диди нав мехоњад. Дуруст аст, ки фалсафаи наќш ва рангњо дар чакан хеле нозуканд. Онњо мазмуну мундариљаи амиќ доранд. Рангњои сурху зард рамзи хуршед, оташ, шукўњу ќудрат, ранги бунафш рамзи сулњу оштиву оромиш ва ранги сафед рамзи покї, нуру рўшної мебошад. Ба љои ин рангњо рангњои дигареро изофа кардан имкон надорад, зеро мазмуни рангњо дигар мешавад. Вале матои чаканро иваз намудан мумкин аст.
Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар љаласа, дар кохи Борбад эроди љиддї гирифтанд. Баъди анљоми чорабинї њамаи гулдухтарони чаканпўшро дар сањна нигоњ дошта гуфтанд:
- «Ман ин љо чаканро танњо дар матоъњои зард, сафед ва љигарї мебинам. Чаро дар дигар рангњо не? Масалан, дар кабуд, сабз ва сурх ягон чаканро намебинам?»
Ин эроди Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ба њунармандони чакандўз дахл дошт. Ман, ки дар толор њузур доштам, ин гуфтањоро ба гўш њалќа кардам ва њамон сол 36 куртаро дар рангњои зикршуда дўхтам ва ба њунармандон пешкаш намудам. Боз њам шоњиди он шудам, ки Пешвои миллат дар чорабиние дар Кохи Борбад, мисли дафъаи гузашта духтарони чаканпўшро дар сањна нигоњ дошта, ин дафъа хушњолона гуфтанд:
- Ана дидед, ки чакан дар куртањои сабзу кабуд ва сурх сањнаро чї ќадар зебою рангин сохтааст. Ањсан, ба њунарманде, ки ин корро анљом додааст! Ба ў ташаккури самимии маро расонед!
Ман, ки ин гуфтањоро мешунидам, аз ин тањсин, хушњолию ќаноатмандии Сарвари давлат нисбат ба њунарам баѓоят мамнун гаштам. Ростї, аз хурсандии зиёд ашки шодї рехтам…
- Бо чакандўзї метавон рўзгори хешро пеш бурд?
- Шукрона, ки бо ин њунар рўзгор дорам. Камбудие надорам, дастмуздам ба њама чиз мерасад. Њоло ин њунарро ба келинњо ва фарзандону наберањоям омўзондаам, ки аллакай онњо аз уњдаи дўхтани чакан ба хубї мебароянд.
- Агар сармоягузор ва ё хайрхоње пайдо шаваду ба Шумо таъсиси коргоњи чакандўзиеро пешнињод намояд, барои ин омода њастед?
- Гуфтаи Шумо орзуи деринаи ман аст. Афсўс, ки аз уњдаи ин кор худам намебароям. Агар ягон каси хайрхоњ пайдо шаваду ин гуна коргоњ бунёд намояд, ман онро бо устоњои гулдасти чакандўз таъмин карда метавонам. Ба ин пањлуи кор боварии комил дорам.
Алихон ЗАРИФЇ