Зарринҳунар
Панљањои њунаррези ин бону, ки бо нахњои заррин дар дукон сабуку чолок рўи наќшњо сўзан мезанад, гувоњи онанд, ки бо ин њунар солњои мадид ошност.
Нарзї Ќаландароваро дар пойтахт чун зардўзи номї мешиносанд. Зардўзињои нафису шинами ў пайваста гўшаи намоишу озмунњои њунарњои мардумиро зеб бахшида, нигини ангуштариро мемонанд. Чунин ба назар мерасад, ки дўхти онњо на бо даст, балки бо дастгоњ амалї гардидаанд.
Дар Намоишгоњи мањсулоти саноатии Душанбе - 2017, ки Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон аз намунаи дастовардњои корхонаву ширкатњои истењсолии мамлакат ва дастранљњои њунармандони ватанї дидан карданд, Нарзибону низ њунари хешро муаррифї намуда, бањои сазовор гирифт ва љомаи зардўзии мањсули дасташро ба Президенти Тољикистон пешкаш намуд.
Дар намоишгоњи њунарњои мардумї, ки моњи марти соли 2018 дар маркази савдои «Ашан»-и пойтахт доир шуд, дар озмуни «Зардўзи бењтарин» љойи дувумро ба даст овард. Соле баъд дар озмуни «Њунар бењ аз симу зар бувад» маќоми аввалро сазовор гашту њунарманди сол эълон гардид.
Боиси тазаккур аст, ки моњи сентябри соли 2014 дар шањри Душанбе њамоиши сатњи олии Созмони њамкории Шанхай баргузор шуда буд, ки роњбарону намояндагони 13 кишвар иштирок доштанд. Нарзибону 13 љомаи зардўзии зебо тањия намуда, чун намунаи дасткорињои мардуми тољик ба ин мењмонони олиќадр пешкаш кард.
«Чароѓи њидоят»
Нарзї Ќаландарова тўли 25 сол дар коргоњњои дўзандагии пойтахт њамчун зардўз фаъолият намудааст. Нахуст корро аз фабрикаи дўзандагии «Зайнаббибї», ки он љо модараш њунарвари моњир буд, шурўъ намуд. Баъдан, 16 сол дар коргоњи дўзандагии «Зиннат» ва дар филиали фабрикаи дўзандагии «Гулдаст», бо номи «Суман», заркорї дошт.
Тўли чанд сол њунари зардўзиро дар хона бо наздикону пайвандон ба роњ монда, ризќу рўзї меёфт ва њам шогирдонро тарбия менамуд. Аз эълон гардидани «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» илњом бардошта, тасмим гирифт, ки корро дар ин самт љоннок намояд. Дар муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароѓи њидоят», дар хобгоњи донишљўдухтарони мањаллаи маъмул бо номи «Гипрозем» то кунун аз њунари зардўзї ба хоњишмандон сабаќ медињад. Ба љуз ин, дар мањфили зардўзони МТМУ № 11 низ ба 40 нафар хонанда дар ду баст нозукињои њунар меомўзонад.
Маншаъ
Падари Нарзї ба фарзандон наќл мекард, ки бобояшро дар дарбори амири Бухоро бо номи усто Ќурбони заргар мешинохтанд. Аввалин бор дуконњои заргарии бобокалонашро дар хонаи амакаш дида буд, ки вай њунари авлодиро давом медод. Ў низ хост, ки меросбари њунари онњо гардад, аммо тасодуфе варо ба њунари зардўзї пайваст. Модари Нарзии хурдсол тоќии зардўзие харид ва дар хона дарзњои онро канда, ба ќолаб ва дўхти он зењн монд. Ваќти хариди тоќї дида буд, ки њунарманд дар дукон зардўзї мекард. Аз њамсараш хоњиш кард, ки чунин дуконе барояш созад. Дукон њам тайёр шуд ва модар, ки худ чевари моњир буд, зардўзиро осон аз худ карду њам тоќии кандаро аз нав дўхт ва њам аввалин тоќии зардўзї тањия намуд. Тоќиро Нарзии хурдсол бо њавас ба сар монду мисли модар ба ин пеша дил баст. Тадриљан ањли хонавода, аз љумла падар ва бародаронаш бо назардошти он ки ин њунар дар гузашта пешаи мардона буд, низ зардўзї омўхтанду ёрирасони модар шуданд. Нарзї њамагї 10 сол дошт, ки сўзан ба даст гирифт.
Мафтунгар
Зардўзї, ки пешаи пурзањмат аст, дар гузашта њунари сирф мардона буду танњо барои шоњону дарбориён пўшокњои зардўзї дўхта мешуд. Бо мурур бонувон низ ин њунари ниёгонро аз бар намуданд.
Нарзибону дар радифи ин занон нозукињои њунарро дар интихоби наќшњои зебо, мутобиќати матоъ бо нахњои заррин медонад. Мегўяд, ки агар карбоси зери матои асосї ба дукон сахт насб гашта бошаду патила вазнинтар (чўби якваљабае, ки даруни он сурб рехта шудааст) ва сўзан њар ќадаре майда интихоб шавад, зардўзї њамон ќадар зебову шинам тањия мегардад.
Бо фармоиши мизољон камзўлњои мардонаву занона, љома, саломдињак барои арўсон, тоќї, сарандоз, кафш, дастанљому љувздон, болишт, њамён, ќоштилло, кўрпаву кўрпача, дастархон, дастбандак ва болопўши гањвора, чойникпўшак ва сўзанмонакњои зардўзиро рўйи матоъњои вилюр, атлас, адрас, беќасаб ва парчаи сафед медўзад.
Њамчунин, тоќињои мардонаи зардўзї низ тањия менамояд, ки болои он чор ва атрофаш 16 наќш дораду мафњуми чор ќутби дунё ва 16 давлатро ифода менамояд. Ќолини зардўзии бо пањноии 2 ва дарозии 3 метре, ки дар боѓи Куруши Кабир ба намоиш гузошта буд, сокинону мењмонони пойтахтро мафтун кард.
Барои хориљиён намунањои олии зардўзиро даруни чањорчўба бо шиша рўйпўш намуда, њамчун армуѓон пешкаш менамояд. Њунарњои дастї, ки дар хориљи мамлакат арзиши гарон доранд, сайёњонро ба ваљд меоранд. Њатто мизољон аз Исроил барои писарони навраси хеш ба ў тоќиву љомањои зардўзї фармоиш медињанд ва мегўянд, ки дар хориља арзиши ин љомањо хеле гарон аст.
Оилаи сол
Ин бонуи њунарманд 5 фарзандро тарбияи хуб дода, соњибмаълумоту соњибкасб намудааст ва алњол дар њалќаи 18 набера худро бибии хушбахт мењисобад. Чор келини хонадон зардўзиро аз хушдомани гулдасти худ омўхтааст ва наберагон низ аз асрори ин њунар бохабаранду аллакай сўзан ба даст мегиранд. Духтари ягонааш низ њунари модарро ба мерос гирифта, дар Муассисаи давлатии «Чароѓи њидоят» њамроњ бо ў ба духтарон нозукињои зардўзї меомўзад. Оне, ки Нарзибону домоду келинњояшро фарзандвор дўст медораду роњнамои онњо дар зиндагист, тамоми мањалла медонанд.
Ўву њамсари мушфиќаш бо ду келину 8 набера дар як њавлї ањлона ба сар мебаранд. Хушбахт аз он аст, ки соябони сари ў - падари 91 ва модари 82-солааш давлати пирї меронанду ў ќариб њар рўз аз дидорашон бањравар мегардад.
Бонуи зарринњунар дар шебу фарози зиндагї сабру тањаммулро пеша карда, ба наздикон мењру муњаббат бахшид, иззату эњтироми њамсарро ба љо овард ва фарзандони солењро ба воя расонду дар замири онњо њунарро маќом дод. Бо чунин пайкорњои нек соли 2018 номи ифтихории «Оилаи сол»-ро соњиб гашт. Аз шабакањои телевизионии «Россия» ва «Мир 24» оид ба њунари зебои Нарзибону ва ањли хонаводааш гузоришњо тањия ва намоиш додаанд.
- Аз ман пайваста мепурсанд, ки ин пешаи пурзањматро чї гуна асабњои шумо мебардоранд? Мегўям, ки баръакс, ин њунар асабњои маро на хаста, балки ором месозад. Ваќте сўзан мезанам, дар наќшњои он мењри худро менињам. Муњим шавќу њавас доштан аст, ки касро ба маќсуди дил мерасонад. Хушбахтиамро аз ин њунар дарёфтам ва онро мисли фарзанд дўст медорам, - мегўяд Нарзї Ќаландарова.
С. ШАРИФЇ