Њар гоњи шунидани таронаи фавќи оњангсози мумтоз ва сарояндаи номвар Карими Шиш (1887 - 1937) дар иљрои њунарпешаи шинохта Чилахон Холов њавлии серсояву гулбасари шахси мењмондўст таѓоям Алихон пеши назар љилвагар мегардад. Солњои 60 - уми асри гузашта бародарон Алихон, Љўрахон ва Шералї, ки бо њидояти раис Ѓафур Абдукарим аз шањраки Кангурт ба дењаи Алиљони ноњияи Данѓара кўч баста буданд, дар як њавлии бузург, дар канори боѓистони бас зебояшон мезистанд. Ва аљаб љамоае доштанд. Хушу хурсандї буду шодиву нишот. Дару дарвозањошон чи будани ќулфро намедонистанд. Хурду бузург, њама якљоя зањмат мекашиданду якљо роњат мебурданд…
Он замон дар ин хонадон модархудої буд. Он хонаводаи бонуфузу бонуфусро кулли сокинони дењ эњтиром мегузоштанд. Хурду калон гирди моми бузург парвона буданд. Њар он чи модарбузург њукм мекард, чунон мешуд. Аз хати кашидааш нафаре аз буни авлод по берун наменињод. Моми бузургро худиву бегона, њама Очакалон ном мебурданд. Ман аз эњтиром, аз салобат, ќомати ќариб долгаштаи кампирро ёд меорам. Аз он дар њайрат будам, ки таѓоњоям, мардакњои калони сербачаву серкача, њоло њам оча доранду мисли талабањои мактаби миёна, баъзан, аз модар накуњиш њам мешунаванд. Чорзону пеши модар, мисле «гунањкор», хапу хомўш, сарњо хам лом намегуфтанд ва касе њам љуръати сухан гуфтан намекард.
Ду суфаи гилии дарозрўя, яке барои кўдакону сунњорњо - барои худињо, таги тути соядори сербаргу мевадору соядор њавлии васеъ маќом дошт. Тути бечора њамасола аз љаври пилла роњи халосї намеёфт. Аз он рў, ки бехи тут њавзаке дошту хоки сафеди нармак навдањои тут зуд аз нав хадра мезад.
Суфаи дигарї поинтар, миёни њавлї барои мењмонони рањдурї, њаќќу њамсояњо. Болои он суфа хавозаи на он ќадар баланди ток соя меандохт. Њар рўз, њам субњгоњї ва њам бегоњї духтарњои хона њавлиро мерўфтанд. Бачањо аз чашмаи назди њавлї об мезаданду духтарон љорўб.
Очакалон он њама кору пайкорро назорат мебурд. Аз назараш чизе дур намемонд. Ў ба њама вилоят дошт. Касе аз куљое меомад, чи худї – чи бегона, ќабл аз њама, ба зиёрати кампир њозир шуда дуо мегирифт…
Дар ин хонадон ќоидае роиљ буд, ки онро кампир роњандозї намуда буд. Њар сол, њангоми тутпаз, дар њавлї дастгоњи раѓзабофї соз мекарданд. Њавлї тањти сарпарастии моми бузург то ба чанд рўз идгоњро мемонд. Бо рост кардани дастгоњи бофандагї, сунњорњои хона ба навбат моку зада, шол мебофтанд. Дар гўшаи дигар гилем густурда, барои намадрезї пашм тахт менамуданд. Дар дегњои калон ба ќавле об балаќ - балаќ мељўшид. Ќабл аз њама, бо фармони Очакалон барои мардони намадмол, ки аксар аз наберањову хешовандони моми бузург иборат буданд, гўсфандеро забњ мекарданд. Дар маъракаи намадмолї њамсояњои ќарин бе огањї меомаданд…
Он замон намад фарши тамоми њуљрањои хонањои мардумони кўњистонро зеб медод. Ин маснуоти пашмї дар байни халќњои Шарќ, бахусус Осиёи Миёнаву Ќазоќистон, аз ањди ќадим маъмул аст. Барои омода намудани намад намадгарњо пашми буз ё гўсфандро ба њадди зарурї пањн менамуданд. Наќшпартоњо наќш мепартофтанд. Пас оби сўзон пошида, онро боэњтиёт мисли лўла печонда, бо банд - ресмон печ мезаданд, то наќш – пашм бељо нашавад. Ва вобаста ба андозаи њаљм 6 - 8 мард остинњоро тањ зада, сари зону лўларо мемолиданд. То њадди омода гаштани намад суруд мехонданду шўхї мекарданд. Агар намади гулдор бошад, пашмњои ќаблан рангкардашударо бонувони пурњунар мувофиќи дил гул мепартофтанд.
Дар гўшаву канори дунё аз намад каппа, телпак, мўза омода месозанд. Аз нимаи дувуми солњои 80 - уми асри гузашта, баробари ба фурўши озод баромадани ќолину палосњои фабрикї, намадсозии мардумї низ сол ба сол коњиш ёфт. Хушбахтона, имрўзњо намад бо шакли муосир, ба таври техникї омода шуда, он дар трактору автомобил, самолёту дастгоњњо ва дар бинокорї истифода мегардад…
Маъмулан, раѓзабофиву намадмолї дар рўзњои гарми бањорї сурат мегирифт. Омодагї аз фасли сармо шурўъ гашта, ањли оила, бонувону духтарон шабњои дарози зимистон пашм тоза мекарданду мешапиданд. Намад ба љињози асосии арўсон шомил буд ва он баракати хонадон мањсуб меёфт. Арўсон бо намадњои сернаќшунигори хеш меболиданд. Наќшунигор, зебоии намадњо аз санъати воло ва њунари намадрезон дарак медод…
Эълон гардидани солњои 2019 – 2021 чун Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї барои пешаварон, њунармандони пурњунар бас хуш омад. Хушоянд аст, ки дар њошияи чорабинињо бахшида ба ин муносибат ташкилоту муассисањо, шахсони алоњида, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои кишвар њамоиши сокинонро роњандозї менамоянд.
Имрўз ваќти он расидааст, ки намадрезиро бо роњу усулњои муосир ва талаботи замони навин ба роњ монем. Акнун, намаду раѓзањоро барои туњфа, бањри мењмонони хориљї, барои зеб истењсол мебояд кард. Њаљман хурду мунаќќаш, њамчун армуѓон, хушрўву зебанда…
Очакалон: «Бачам, Нурулло, гўшаки радиоро тоб дењ, овози форами Чилахонро шунавем…».
Садои хушу љарангосии сарояндаи љавон аз радиои таги долон танин меандохт:
Шол мебофуме, шоли тар мебофуме,
Як бўса бидењ, тахтатар мебофуме …
Умари ШЕРХОН