Чилҳунар
Эълон шудани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои хосса, ки ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи ҳунармандӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар баррасӣ гардиданд, шоҳроҳи наверо дар рушду нумӯи кору касабаи қадимаи мардуми тоҷик боз намуд. Ҳар ҳунарваре, ки дар вуҷудаш ҳунар ҷӯш мезаду имкони сайқали онро надошт, аз ин падида рӯҳу илҳоми тоза гирифта, аз нав ба эҳёи ҳунари нуҳуфта пардохт.
Баргигул Гуловаро ҳамчун ҳунарманду кадбонуи номдор аҳли деҳаи Боғистони ноҳияи Шаҳринав мешиносанду ба ҳунараш қоиланд. Ӯ аз зумраи пешаваронест, ки аз иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неру гирифта.
- Дар хурдӣ аз ҳунармандии модару бибиам завқ мебурдам. Занони хонадонамон ҳама ҳунарманд буданд. Онҳо кокулбофӣ мекарданд, гилем мебофтанд, сӯзанию зардевориҳои пурнақшу нигор медӯхтанд. Бо мурури вақт аз ҳунарҳои қадимии авлодӣ воқиф шудам.
Мутаассифона, баробари пешрафти замон солҳои пеш ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ кам зоҳир мешуд. То ҳадде, ки кокулҳои пур аз муҳра бофтаву сӯзанию гилемҳои қадима аз мадди назар дур монданд. Дигар наварӯсон либоси миллӣ ба бар наменамуданд, бо ҷиҳози миллӣ, ба амсоли болишту тахту рахти қадима хонаи арӯсиро оро намедоданд. Ҷойи он ҳама зебоиҳоро ҷиҳози навбаромад пахш кард.
Вале сарфи назар аз замонавӣ шудани диди фармоишгарон истифода аз маҳсули ҳунарҳои авлодӣ бароям хушоянд буд. Барои духтаронам куртаҳои гулдӯзӣ медӯхтам ва ҳунарҳои хешро ба онҳо меомӯзондам. Аз мӯйҳои кокулдори духтаронам ҳамаро ҳавас меомад, зеро дар маҳал касе ба мӯйи духтараш кокул намебофт. Алҳол таваҷҷуҳи мардумро иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҳунарҳои қадима зиёд намудааст. Бахусус, бо фаро расидани идҳои миллӣ сафи фармоишгарон ба дастранҷам меафзояд, - бо шукргузорӣ иброз медорад холаи Баргигул.
Ин бонуи ҳунармандро, агарчӣ шавҳараш дар замони шӯравӣ роҳбарии корхонаи дӯзандагии ноҳияро ба уҳда дошт, боре либоси худ ва духтаронашро дӯзанда надӯхтааст. Зеро ӯ ин амалро ба худ айб медонист. Худ пора намуда, чену чок мекард ва медӯхт. Ба гуфти ӯ, ҳар бону бояд соҳибҳунару кадбонуи хуб бошад, то тавонад ақаллан ҳоҷати хонаводаро барорад.
- Баъди солҳои ҷанги тањмилии шаҳрвандӣ мо низ ба мушкили иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудем. Бо қатъ шудани коргоҳи дӯзандагӣ шавҳарам бе ҷойи кор монд. Бо 8 фарзанд шароити зиндагӣ вазнин гашт. Вақте расид, ки ҳунарро таҳрик диҳаму аз фоидаи он мушкилу норасоии рӯзгорро осон намоям. Шероз танида дӯхтам, аз муҳра гарданбанду дастпона ва кокул бофтам, кӯрпаю кӯрпача барои навхонадорон дӯхтам…
Хуллас, бо луқмаи ҳалолу нони ҳунармандӣ фарзандонро ба воя расондем. Замона ором гашт, акнун аз рӯи ҳавас бештар дар фасли зимистон ба ин шуғл даст мезанам. Зеро деҳқонӣ шуғли дигари дӯстдоштаам мебошад, ки бо фаро расидани мавсими киштукор аз пайи корҳои кишоварзӣ мешавам. Ниҳол кӯчат мекунам, дарахт пайванд менамоям ва ҳосили онро аҳли оила сарҷамъ мебинем, - мегӯяд бонуи ҳунарвар.
Бонуи ҳунарманд аслан ҳоҷати ниёзмандонро бе маблағ мебарорад. Ба гуфтаи ӯ, аксаран ба хотири анҷоми кори савоб ба фармоишгароне, ки камбизоатанд, ройгон хизмат мерасонад. Корафтодагони аз дуру наздикомадаро, ки бо нияти омода намудани тахту рахти арӯсии фарзандонашон ба ин бонуи кордону ҳунарманд муроҷиат мекунанд, аз маҳсули ҳунараш розӣ ҳастанд. Ӯ дар чорабинию озмунҳои вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ки чанд соли охир дар ҳудуди ноҳия ва ҷумҳурӣ доир мегарданд, ширкат варзида, заҳматаш бо ҷоизаву мукофотҳои пулию молӣ қадр шудаанд. Аз ин амал холаи Баргигул хурсанд асту шукр мегӯяд, ки тани сиҳату хотири ҷамъ насибаш гаштаву имрӯз ба чизе ниёз надорад.
Кундалнигор
Кундалнигорӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик аст, ки дар асрҳои гузашта асосан мардуми водии Зарафшону Самарқанд дар рушди ин навъи шуғл саҳм гузоштаанд. Бо рушд ёфтани дигар навъҳои ҳунарҳои мардумӣ кор бо усули кундал солҳои охир аз ҷониби наққошони тоҷик комилан такмил ёфтааст.
Устоди Нодира дар кундалнигорӣ модараш, рассоми номвари тоҷик Назира Ҳасанова мебошад. Ӯ аз хурдӣ ба ҳунари модар пайравӣ намуд. Шавқу рағбати беандоза Нодираро дар санъати кундалнигорӣ устод намуд.
- Пас аз хатми коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимӣ фаъолиятамро ба ҳайси омӯзгори фанни санъати тасвирӣ дар МТМУ № 8 ноҳияи Шаҳринав оғоз бахшидам. Ба ҷузъ аз санъати рассомӣ ба шогирдон ҳунари наққошиву кундалнигорӣ ва кандакориро меомӯзонам. Ҳунар тавассути ба дигарон омӯзондан рушд меёбад. Зеро ҳар навшогирди ташнаи ҳунар бо диди худ тарзу усули ҷадидро дар ҷараёни кор ворид месозад. Кундалнигорӣ ҳунари хеле нозук аст ва аз ҳунарманд табъу истеъдоди баланд ва таҳаммулро тақозо менамояд. Дар шогирдонам чунин хислати ҳунарвариро мебинам ва ин завқи онҳо водорам сохт, то маркази махсусеро дар омӯзиши ҳунари кундалнигорӣ боз намоям, - мегӯяд Нодира Аҳмадова.
Таваҷҷуҳи гардишгарон ба санъати кундалнигорӣ ва шавқи шогирдон ба ин ҳунар боис шуд, ки Нодира лоиҳаеро барои сохтмони бинои маркази омӯзишӣ дар ноҳия ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ӯ ният дошт, то он ҳунарҳое, ки худ аз модараш омӯхтааст, ба амсоли гаљкорӣ, кундалнигорӣ ва гилембофӣ ба ҷавонону наврасон биомӯзонад.
- Маҳсули ҳунари кундалнигориамро ба осорхонаҳои шаҳрҳои Ҳисору Душанбе фиристодам. Дар чандин намоишҳо ин навъи ҳунари қадимаро муаррифӣ кардам ва аз ҷониби ҳаводорони санъати миллӣ ва сайёҳони хориҷӣ баҳои баланд ҳам гирифт.
Сайёҳони хориҷиро асосан кундалнигории табақҳои гилин ба ҳайрат мегузорад ва аз рӯи ҳавас чун армуғон онро харид менамоянд. Яъне, ин ҳунар харидор дорад ва ба василаи сайёҳон заҳмати дасти як бонуи тоҷик то ба гӯшаҳои дури дунё муаррифӣ мешавад. Пас, мебоист кундалнигорӣ ҳам чун дигар ҳунарҳои мардумӣ дастгирӣ ва рушд ёбад. Аз он ки лоиҳаи пешниҳоднамудаам дастгирӣ наёфт, навмед нестам, мекӯшам, то бори дигар он лоиҳаро пешниҳод намоям, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Ӯ мегӯяд, ки барои рушди пеша маблағи муайян зарур аст, то ин ҳунар авҷ гираду дигарон аз он бархӯрдор шаванд. Ният дорад, бо амалӣ гаштани лоиҳаи пешниҳоднамуда ва ба даст овардани маблағи кофӣ ин пешаи дӯстдоштаашро тарғиб намояду ба дигарон омӯзонад.
Нодира дастранҷи нахустинашро бо истифода аз навъи санъати кундалнигорӣ китоби муқаддаси Қуръонро бофта, ба масҷиди калонтарини шаҳри Душанбе, ки сохтмонаш дар ҳоли анҷомёбист, тақдим намояд.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО
ноҳияи Шаҳринав