Бабри барфӣ ва ё озодапаланг аз ҷумлаи ҷонваронест, ки дар минтақаҳои куҳистонии кишвари мо ба назар мерасад. Бо номи озодапаланг, яъне паланги озода ёд шудани ин ҷонвар сабаб дорад. Зеро он аз рӯи хислатҳояш дар мушоҳидаҳои мардуми мо бисёр бахосият маънидод мегардад. Яъне, озодапаланг ҷонварест, ки бисёр озода, доно, ҳушёр, зирак ва чобуку чақон аст. Азбаски инсонҳо дар ин ҳайвон бисёр хислатҳои некро дидаанд, онро дӯст медоранд ва чун як ҷонвари озода эътироф менамоянд. Ин аст, ки ба зиндагию рузгори он мароқ зоҳир намуда, аз ин ҷонвар чун як ҳайвони нисбатан безарару хайрхоҳ дар ривоят ва афсонаҳои худ ёд мекунанд.
Воқеан, озодапаланг ҷонварест, ки дар мубориза бо душмани худ хеле ҷасур ва ҳассос аст. Ӯ барои ба даст овардани тӯъма талоши зиёд мекунад ва то нафаси охирин мубориза мебарад. Дар кам мавридҳо иттифоқ меафтад, ки туъма аз панҷаҳои оҳанини ӯ раҳо ёфта, ҷон ба саломат барад. Дигар ин ки ғизояшро ҳалол карда мехӯрад ва ба луқмаи дигар ҳайвонҳо шарик намешавад. Дар ҷои амн ҳарчанд, ки зидагӣ он ҷо душвор умр ба сар мебарад. Бештар қуллаҳои баландтарини кӯҳҳоро макони зист ихтиёр мекунад, чун ин ҷойҳо барояш бехавфу хатаранд. Дар ин гуна баландиҳо танҳо бузҳои куҳӣ гашту гузор мекунанд, ки онҳо низ дар чобукӣ аз ин ҷонвар камӣ надоранд.
Замони шикор ва дарёфти ғизо
Озодапаланг, асосан, шабонгоњ фаъол аст ва гоње рўзонањо низ шикор мекунад. Замони шикораш бештар њангоми ѓуруб ва сапедадам аст. Ӯ дар ќаламрави худ ѓолибан танњо ба сар мебарад ва гоње бо оилањо низ дучор меояд. Модинањо бачањоро муддати тўлонї тарбият мекунанд. Озодпаланг шикоргоњашро пайваста посбонї мекунад ва низ ба чарогоњи замистонаи љуфтсумњои вањшї низ сар мезанад. Ӯ њамеша аз як хатсайр истифода мебарад. Њангоми боздиди чарогоњњо ва аз баландкўњ ба мавзеъњои поинтар фуромадан, озодпаланг њамеша аз роњи соњили дарёчаву љўйборњои ќаторкўњ истифода мекунад.
Озодапаланг маъмулан сайди бузургу муносиб ба ҷисми худро шикор мекунад ва гоње бузургтар аз худро низ. Ӯ ќодир аст сайди се баробар аз вазни худаш зиёдро ҳам шикор кунад. Ѓизои асосии озодпаланг дар њама љо оњу, гавазн, мушкгавазн ва гоҳе гуроз мебошад. Дар Бадахшон ў ѓолибан бузҳои кӯҳиро шикор мекунад. Њангоми кам шудани ғизо озодпаланг он љойро тарк мекунад ва гоње ба њайвоноти ањолӣ низ дармеафтад. Дар Помир воқеаҳои зиёди ба бузу гўсфандони мардуми таҳҷоӣ ҳуҷум овардани озодпаланг ба қайд гирифта шудааст. Ҳодисаи њамлаи ду озодпаланг ба хирси тёншонї низ мушоњида шудааст.
Озодпаланг танњо шикор мекунад ва сайдашро дар камин нишаста, интизор мешавад. Њангоми хеле наздик омадан, озодпаланг аз камингоњ ба масофи 6-7 метр берун мељањад ва зуд сайдро ба каф меорад.
Афзоиш, насл ва саршумор
Озодапаланг дар 4 солагї болиѓ мешавад. Модина дар ду сол як бор насл медињад. Шумори бачањо маъмулан ду-се ва гоње чору панљ њам мешавад. Вазни озодпаланги навзод 500 грамм, ќадаш 30 см аст. Озодапаланги озод 13 сол умр мебинад.
Шикори ѓайриќонунии озодапаланг ба хотири пўсташ ин љонвари зеборо ба нестї наздик кардааст.
Шумори озодапаланг дар олам аз рӯи омори соли 2003 аз 4080 то 6590 сар будааст. Бунёди умумиљањонии табиат шумори умумии ин ҷонварро аз 3500 то 7500 медонад. Ҳоло наздик ба 2000 паланги дигар дар боѓҳои вуњуши љањон ба сар мебаранд ва ба роњатї ба шуморашон афзоиш мебахшанд.
Боиси таассуф аст, ки ин ҷонвари зебо, нодир ва пурғурур, имрӯз дар олам хеле кам мондааст. Аз рӯи маълумотҳое, ки коршиносони соҳа дар соли 2008 ба даст овардаанд, ҳамасола аз 200 то 450 адад аз ин ҳайвони нодирро душманони табиат нобуд месозанд.
Ҳоло дар олам лоиҳаҳои зиёде зери сарпарастии Барномаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид барои муҳофизат ва нигаҳдошти ин ҷонвари зебо амалӣ мешаванд. Ин гуна лоиҳаҳо дар Тоҷикистон низ амалӣ мегарданд.
Мақсад аз рӯи кор овардани ин лоиҳаҳо ҳамоно муҳофизати ин ҷонвари зебо ва нодир мебошад. Тоҷикистон, хусусан Бадахшон ҷои асосии буду боши озодапаланг ба шумор меравад. Ин ҷонвар аз ҳама бештар дар қаторкӯҳҳои Дарвоз, Ванҷ, Язгулом ва Рӯшону Вахон дучор меояд. Ҳамчунин дар водии Зарафшон, Ҳисору Бойсун, Қаротегин, Ховалинг ва Даштиҷум низ паҳн гардидааст. Бештар аз 70 фоизи масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди Бадахшон рост меояд.
Ҳифз намудани ин ҷонвари зебо вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Озодапаланг бо хислатҳои неки худ, амсоли озодагӣ, зебогӣ, далерӣ, нотарсӣ, чобукӣ, тозагӣ ва мағлубнопазирияш метавонад ба ҳайси рамзи миллӣ, нишони далерию сарбаландии мардуми Тоҷикистон хизмат намояд. Аз дигар ҷониб, будани ин ҳайвони зебо дар диёри мо метавонад омаду рафти сайёҳонро ба Тоҷикистон ба маротиб зиёд намояд.
А. ЗАРИФӢ