Мардуми кӯҳистони кишвар урфу одатҳои хоси худро доранд. Бахусус дар фасли сармо. Яке аз чунин одатҳо «гаштак» мебошад. Ёру дӯстон ё ҳамсояву дугонаҳо ҳафтае як ё ду маротиба дар хонаи нафаре, ки навбати «гаштак» - аш омадааст, ҷамъ меоянд. Сари дастархон суҳбату муколама ва табодули афкор доман мезананд. Яке шеъру дуюмї суруд мехонад, савумӣ аз хабарҳои тоза мегӯяд.
«ГАШТАК»
- «Гаштак» - и бонувон аз «гаштак» - и мардҳо фарқ дорад. Бонувон «гаштак» - ро одатан аз хонаи нафаре, ки духтар тӯй мекунад, оғоз менамоянд. Барои дӯхтани даврӣ, чодар ё гулдӯзии арӯсӣ моҳҳо заҳмати зиёд мебояд. Барои ҳамин шабҳои дарози зимистон замони камкориамонро самаранок истифода мебарем. Ҳамакаса гулдӯзӣ мекунему ҷуроб мебофем, пашм ранг мезанему мересем. Якҷоя чодару даврӣ, сардевориву рўйҷо ва сарчодарии арӯсонро омода месозем. Бо фарорасии баҳору фасли гармо ба ин корҳо қариб, ки фурсат намемонад. Ба ҷуз кори хонаву нигоҳубини кӯдакон, дар саҳро ба мардҳо ёрӣ мерасонем ва боз саду як кори дигарро ба сомон мерасонем, - мегӯяд бону Сабоҳат.
РАНГЗАНИИ ПАШМ
- Аз пашми гўсфанд мо ресмони ранга барои бофтани ҷуробу дастбела, ҷемпиру свитер тайёр мекунем. Тобистон гўсфандҳоро оббозї доронда, пашми онҳоро метарошем. Пашми тарошидаро тоза мешӯем ва дар офтоб мехушконем. Сипас, онро ранг мезанем. Барои ранг кардани пашм аз пўсти чормағз, пиёз, анор, зардчӯба, зелол ва гулу гиёҳҳои табиӣ истифода мебарем. Зеро ин тарзи рангзанӣ аз ҷиҳати экологӣ безарар буда, дар пашму ришта устувор мемонад.
Пашми рангаро мекунҷему мепаҳем ва бо чилик ё чарха мересему товгардон мекунем. Бо тебана хорак мезанем, то ришта суфта ва кулӯхакҳояш ҳамвор шаванд. Акнун аз ин ресмон ҷуроб ё дастбела метавонем бибофем. Калонсолон аслан бо сихак мебофанд, дар байни ҷавонон бошад, бештар чангакбофӣ маъмул аст. Боз, аз пашм намад ҳам тайёр мекунем, - баён медорад Сабоҳатбону.
ЛУХКАКУ ШАҲГАК
Гули кадуча, гули муслимӣ, гули лаълигӣ, качакгул, қаламфургул, гули каждумак, гули рубоб ва боз даҳҳо нақшу нигори дигар аз нақшҳои хоси гулдӯзӣ ва бофтаҳои мардуми кӯҳистони ноҳияи Сангвор ба шумор мераванд. Дар баробари гулдӯзиву намадрезӣ, инчунин кокулаку ҷамолак, банди чодару гаҳвора, хафбандаку муҳрабофӣ низ ин ҷо маъмул аст.
- Барои бозии кӯдакон, мисли солҳои пеш лухкаку шаҳгак месозем. Рӯи лухкакро (арӯс) аз қуттичаҳои гирд месозем. Қуттичаро бо матои сафед мекашем ва бо ришта чеҳраашро мебофем, куртаи гулдӯзияш мепӯшонем.
Шаҳгак (домод) - ро бошад, аз чӯби рост месозем. Болои сарашро бо риштаи сиёҳ оро дода, ҷомааш мепӯшонем. Ҳарчанд имрӯз дукону мағозаҳо моломоли бозичаҳои гуногуни лӯхтаку зочаанд, атфол бештар аз ин луъбатакони дастсоз ба ваҷд меоянд, – мегӯяд Саратони чирадаст.
ЧИСТОНБУЛБУЛАКОН
- Корҳои дастии худро гирифта ба хонаҳои якдигар меравем. Дугонаҳову ҳамсояҳо ҷамъ меоем, касбу њунари худро, ки аз модаронамон омӯхтаем, ба ҷавонон ёд медиҳем. Дар хонае, ки тифл ба дунё омадааст, шаб то саҳар чароғ равшан месозему шеъру рубоихонӣ мекунем. Ин расмро дар мо чароғсӯзон мегӯянд. Се шаб то саҳар дар хонаи навзод чароғ хомӯш намегардад.
Зани бобои Зайдулло нақлу ҳикояҳои аҷиб ва ривоятҳои қадимаро қисса мекунад. Бозии чистонбулбулакон сар мешавад. Яке савол медиҳад, ки чистонбулбулакон мардаш қадбаланду фарбеҳ, занаш лоғар чанд писар доранду чанд духтар ва боз чузъиётҳои дигари яке аз оилаҳои деҳаро чистон мекунанд. Дигарон бояд ёбанд, ки гап сари кадом бунаи деҳа меравад.
ПАТИФОН
- Модарам Адолат, аммаам Намоён ва холаам Сайхоним, ки аз онҳо дӯзандагиро омӯхтаам, аз занҳои ҳунарманд ва чирадасти деҳаи Диҳи Калон мебошанд. Аз шаб дар хона гирди чароғи лампагӣ ҷамъ омада, рӯйҷову давриҳои калони секосагиро кунгурадӯзӣ мекарданд, ки ин гуна дарз бисёр мушкил аст.
Ягона хоҷагие будем, ки он замон патифон доштем ва бештар бонувон дар хонаи мо ҷамъ меомаданд. Мурвати патифон тоб дода мешуду фитаи калони лаълимонанд тавассути дастаи сӯзандор овозро аз тутаи калон ба берун ҳавола мекард. Зери садои патифон, ки дар фазои деҳа танинандоз буд, аммаи Мавҷигул чистону латифа мегуфту одамонро тақлид мекард, мо бошад мерақсидем. Момаам Салима кампири кордону чаќон буд. Ӯ аз расму русум ва ҳунару кору бори мардумони дигар минтақаҳо, ки бисёр сафар дошт, огаҳ буду қиссаҳо мекард, - мегӯяд Саратон.
РУЗАН
Модарони куҳансоли ин русто ривоят мекунанд, ки замони ҷавонии онҳо барқ набуд. Онҳо дар дили шаб дар рӯшноии чароғу моҳ гулдӯзӣ мекарданд. Он замон дар як каттахона, ки ҳар кадом аъзои оила суффаи худро дошт, мезистанд. Дар даруни хона дегдон меистод ва нону хӯрокро дар дохил мепухтанд. Болои дегдон рузан (равзана) дошту ҳангоми афрӯхтани оташ онро мекушоданд, то дуди дегдон барояд. Дуд то ба фарши хона мефуромад. Пас аз пухтани нону хӯрок кӯдакон гирди дегдон ҷамъ меомаданду гарм мешуданд. Ана дар ҳамин гуна шароитҳо зистанду меҳнат намуданд ва ҳунарҳои мардумии моро то ба имрӯз расонданд.
Бале, зиндагӣ дар кӯҳистони баланди баланд сахту якранг аст. Бахусус зимистонаш сарду сангин ва тўлонист. Вале сокинони русто ба он одат намудаанд. Мардҳо аз паси ҳезуму нигоҳубини чорво, занҳо бошанд, аз паси кори хонаву тарбияи кӯдакон саргардон. Дар баробари ин, боз худро бо шуғле фаро мегиранд. Занҳо дарздӯзиву ҳунармандӣ мекунанд. Мардҳо бо писарон ҳезум мешикананду дуредгарӣ мекунанд. Гирди бухориҳои аз ангишт тафсон ҷамъ меоянд, афсонаву ҳикоя, қиссаву латифаҳо мегӯянд. Шеъру рубоӣ мехонанд, байтбарак мекунанду сурудхонӣ. Ба гаштак мераванд, меҳмон қабул мекунанд, шодиву сурур меороянд. Рӯзгори худро ҳамин гуна рангин месозанд.
Д. САФАР, ноњияи Лахш