Олами рангини ҳунар барояш аз хурдсолӣ ошност. Бибӣ, модар ва холаҳояш ҳар кадоме пеши худ бастае доштанд, ки даруни он пур аз матоъ буду коло. “Ин бӯғчаи фалон ҳамсоя аст, даст нарас, ки мабодо матои онро доғдор кунӣ”, - мегуфтанд онҳо ба Давлатбии хурдсол. Ӯ канор рафта, кори онҳоро назора мебурд.
Бибӣ рӯи шероза сӯзан мезад, хола ба як нигоҳ куртаи мизоҷро андоза мегирифту бе қолаб пора мекард, модараш тоқӣ медӯхту кокул мебофт. Ҳамин ки модар аз долон дур мешуд, Давлатбӣ сӯзани ӯро гирифта, корашро давом медод ва танбеҳ ҳам мешунид. Модар намехост, ки духтараш ба ин маслак даст занад ва саломатии ноҷури ӯро далел меовард.
Иҷборан ба коллеҷи тиббӣ ҳуҷҷат супурд ва донишҷӯ шуд. Ба гуфтаҳои омӯзгорон гӯш медод, аммо чашмонаш моил ба зер буданд: таги миз калобаву сихҳои оҳанин дар даст ҷемпер мебофту ҷӯроб. Ҳамсабақону омӯзгорон аз шуғли ӯ воқиф буданд. Гоҳе, ки омӯзгорон ба кораш эрод гирифта, аз ӯ мавзӯи онрӯзаро мепурсиданд, бе дудилагӣ ҷавоби саҳеҳ медод. Ӯ коллеҷро бо дипломи аъло хатм намуд. Хост, ки хонда, тарроҳи либос шавад, аммо ин дафъа низ модар садди роҳаш гардид. Ӯ донишҷӯи факултаи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуд ва баъди панҷ сол онро сарбаландона поён бурд. Гоҳе ки аз дарсҳо ба хона бармегашт, анҷомашро аз модар пинҳон медошт: мабодо дастранҷҳояшро дида, малол гардад. Ҳамин ки шаб ҳама мехобид, ӯ оҳиста куртаҳои фармоишӣ медӯхт.
“Он чи бо хун ояд, бо ҷон барояд”, - гуфтаанд. Давлатбӣ ҳунарро, ки ба ҷон дӯст медошт, баъди хонадор шудан ба роҳ монд. Дӯхти куртаҳои миллӣ ва аврупоӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, попурзанӣ, қуроқдӯзӣ, кокулбофӣ, чангакдӯзӣ, шерозаву тоқидӯзӣ ва даҳҳо ҳунари дигарро зебову босифат анҷом медиҳад. Ин аст, ки пайи ҳам, солҳои 2016, 2017 ва 2018 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар фурӯши армуғони сайёҳӣ соҳиби мақоми воло ва ҳамчун ҳунарманди дараҷаи 1-ум пазируфта шуд. Давлатбӣ дар тамоми озмунҳои ҳунармандии кишвар фаъолона ширкат меварзад. Танҳо аз оғози соли 2019 то кунун 36 сипосномаро аз чорабиниҳои гуногуни кишвар ба даст овардааст.
- Сайёҳони хориҷӣ ба дастранҷҳои ҳунармандони мо таваҷҷуҳи зиёд доранд ва ҳунарҳои дастиро қадр менамоянд. Гулдӯзиву зардӯзиҳои моро дида, бовар намесозанд, ки бонуе дурудароз нишаста, сӯзан дар даст онро таҳия менамояд. Вақте мефаҳмонам, ки дар як гулдӯзӣ зиёда аз ҳазор кӯк зада мешавад, ба ҳайрат меафтанд ва ба кӯкҳо зеҳн мемонанд. Барои ҳамин ман чунин армуғонҳоро аз пушт бо матоъ рӯйпуш наменамоям, то бинанд, ки он воқеан ҳам ҳунари дастист, - иброз дошт Д. Ёдгорова.
Овеза, дастанҷом ва тоқиҳои муаллима хеле назаррабоянду бо сифати баланд таҳия мегарданд. Аз ин рӯ, муштариёни зиёд доранд.
- Бештар овезаҳо, ки ҳалқаи калидҳоро оро медиҳанд, сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб месозанд. Ҳангоми таҳияи армуғони сайёҳӣ ҳунарманд бояд дурнамои худро дошта бошад – яъне армуғон бояд сабук, орӣ аз намнокӣ, назаррабо ва босифат пешниҳод гардад, - мегӯяд Давлатбӣ.
Давлатбӣ Ёдгорова 38 сол боз омӯзгор аст. Алҳол омӯзгори кафедраи технология ва дизайни коллеҷи муҳандисӣ - омӯзгории шаҳри Душанбе буда, аз фанни тахассуси тарроҳӣ дарс мегӯяд ва, ҳамзамон, дар мавзӯи “Зебо ва зебопарастӣ дар ҳунарҳои мардумии тоҷик” рисолаи номзадӣ менависад. Муаллима ҳамоҳангсози барномаи ҳунармандӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, узви Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ва аълочии фарҳанг мебошад.
- Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки дар ҳама самт бо ҳунармандон ҳамкорӣ намуда, бо онҳо табодули ҳунар намоям, то маҳсулоти мо дар маҷмӯъ сифатан ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Ҳамчун омӯзгор ҳамеша омодаам, ки нозукиҳои ҳунарамро на танҳо ба шогирдон, балки ба кулли ниёзмандон, аз ҷумла занони хонашин омӯзонам, - мегӯяд ӯ.
Бо ин мақсад муаллима дар шаҳри Душанбе коргоҳи хурди дӯзандагиеро таъсис додааст, ки алҳол дар он се гурӯҳи 20 нафара номнавис шудаасту бо навбат ба ҳунаромӯзӣ ҷалб мегарданд. Коргоҳи хурди дигари ин бонуи пешавар - маркази ҳунаромӯзии “Равшан”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, духтарону бонувони пойтахт ва навоҳии гирду атрофи онро ба ҳам овардааст. Ғайр аз ин, мавсуф дар давраҳои омӯзишии курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунармандӣ низ дарс мегӯяд.
Дар эҳё намудани ҳунарҳои қадимии мардуми тоҷик муаллима Ёдгорова зиёд таваҷҷуҳ дорад. Ба кӯкҳо, гулҳо, нақшҳои рӯи матоъ дурудароз нигариста, аз рамз, аз таърихи он ҷӯё мегардад ва рӯ меорад ба Осорхонаи мардумшиносӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон. Бо бостоншиносону роҳбаладони осорхонаҳо аз боби таърихи рушди ҳунари тоҷикон суҳбатҳои пурмуҳтаво анҷом дода, баъдан мекӯшад, ки ёдгориҳои пурғановати ҳунари ниёгонро рӯи матоъ зинда созад.
- Доимо дар пайи онам, ки маҳсулоти омоданамудаам на фақат чашмрасу зебо, балки маънии таърихии худро доро бошанд. Мушоҳида намудам, ки вақтҳои охир ба тоқии гулдӯзии тоҷик таваҷҷуҳи мардум кам аст. Чор сол қабл ҳамроҳ мо, 5 апаву хоҳарон, коргоҳе таъсис дода, ба дӯхти чунин тоқиҳо шурӯъ намудем ва дар муҳлати начандон тӯлонӣ дастҷамъона 200 адад тоқии зебо таҳия намудем, ки харидорони худро пайдо кард, - гуфт муаллима.
Чун муаллима дар масоили рӯзгордорӣ сарфакор аст, ба шогирдон аз зоеъ нагузарондани вақт, исроф накардани маҳсулот ва ҳатто сарфаи барқу об сухан мегӯяд.
- Пораҳои матоъро ҳеҷ гоҳ намепартоям, аз онҳо қуроқ медӯзем. Аз риштаҳои боқимондаву матоъҳои майда-чуйда низ гулҳои зебо сохта, ба харидорон пешкаш менамоем ва ба маблағи он боз ресмон мехарем. Зан ҳар як дирами оиларо аз хароҷоти беҳуда бояд нигоҳ дорад ва чун муҳандиси хуб буҷети оиларо бо мақсадҳои дақиқ истифода барад, - мугӯяд ӯ.
Ба андешаи ӯ маблағ барои таълиму тарбияи фарзандон, тандурустӣ ва дурнамои зиндагӣ бояд нигаронда шавад:
- Аз харидани ҷавоҳир ва матоъҳои гаронбаҳо бонувон бояд худдорӣ намоянд, зеро ҷавоҳири мо – фарзандони моянд, агар маблағро барои ояндаи онҳо сарф намоем, рӯзе ҳатман ҷило зада, рахшон мегарданд.
Чор фарзанди муаллима соҳибмаълумоту соҳибкасб аст. Бо раҳнамоии ӯ ду арӯси хонадон донишҷӯ мебошад. Шавҳари мушфиқаш дар ҳама кор ӯро дастгиру маслиҳатгар аст ва барои дастрас намудани ашёи хом ва маҳсулот ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ зиёд сафар менамояд.
- Беҳтарин ҳадия барои мо, ҳунармандон, эълон шудани соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва идомаи он то соли 2021 аст, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбинӣ шудааст. Моро зарур аст, ки имтиёзҳои андозро мақсадноку самаранок истифода барему ояндаи хешро дурахшон гардонем, - афзуд бонуи муваффақ Давлатбӣ Ёдгорова.
Ҷӯраева Мавҷигул Каримовна