Посухе чанд аз муовини раиси ноҳияи Дарвоз Мирзозода Заррина Баҳриддин
Соли равон бештар аз 10 ҳазор сайёҳ аз гӯшаву канори мамлакат ва хориҷи он ба ноҳия вуруд омад. Шояд пазироии баланд ва меҳмондориву хизматрасонӣ ба меҳмонон боиси ҷалби сайёҳони бештар ба ноҳия бошад.
Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ бахшида, сокинони ноҳия аз имкониятҳои сайёҳӣ барои ғанӣ гардондани буҷети хонаводагӣ ва манбаи даромад самаранок истифода мебаранд. Иддае аз сокинон манзилҳои сукунати хешро баҳри истироҳату фароғати меҳмонон мутобиқ сохтаанд, ки сайёҳон шабу рӯз ва дар ҳама ҷо имконияти истифода аз чунин «ҳомстей» ё меҳмонсаройҳо доранд. Аз лутфи мардуми меҳмоннавоз нафаре дар ин мулк худро бегона ҳис намекунад ва тавре мегӯянд: «Даре пӯшида дар Дарвози мо нест».
Дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 90 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири автомобил ба мизоҷон хизмат мерасонад. Мардум ба муҳити зист боэҳтиёт муносибат мекунад. Сари шоҳроҳи нақлиётӣ дар наздикии мазорҳо, чашмаҳо ва дигар мавзеъҳо 21 ҳоҷатхонаи замонавӣ сохта шуда, бо навиштори тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аломатгузорӣ шудааст. Ҳар деҳа ҳаммом, кошонаи ҳусн, толори зебоӣ ва мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандии худро дорад ва сокинону меҳмонон аз ин намуди хизматрасониҳо баҳра мебардоранд.
- Дарвоз барои сайёҳон чӣ ҷаззобияте дорад?
- Сарвати асосӣ - мардуми заҳматқарину меҳмоннавоз ва ҳунарманди ноҳия аст. Ҳар як сайёҳ бо шиносоӣ ба таъриху фарҳанги он барояш боз як дунёи нотакрору рангини тамаддуни мардуми тоҷикро кашф месозад.
Шавқи тамошои табиати зебо ва олами набототу ҳайвоноти нодир сайёҳони зиёдро ба ин ҷо меорад. Анору анҷире, ки ду навъи беҳтарини сурху сафеди он дар ноҳия мерӯяд ва намудҳои дигари меваҳои тару тоза, бузи нодири пармашох, ки бо теъдоди кам фақат дар минтақаи Дарвоз боқӣ мондааст, аз сарватҳои табиии беназири диёранд. Дар тобистони ин ҷо зебоиҳои чор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст. Манзараҳои шигифтангези ин ҷо ба шоирони зиёд илҳом бахшидаанд.
- Бобати равнақи ҳунармандӣ дар ноҳия чӣ метавон гуфт?
- Ҳунарҳои дӯзандагиву бофандагӣ, кулолӣ, чӯбтарошӣ ва оҳангарӣ шуғлҳои қадимаи мардум буда, солҳои охир бештар равнақ пайдо карданд. Сокинони камзаминамон карбос ва дигар маҳсулоти бофандагиву дӯзандагиашонро ба Кӯлоб ва минтақаҳои дигар бурда, бо гандум иваз мекарданд. Ҳунари дӯзандагӣ ва бофандагии бонувони чирадаст бо мурури замон сайқал ёфта, имрӯзҳо низ болишту кӯрпаҳои пурнақшу нигори зардӯзишудаи бонувон беҳтарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешаванд.
Ба офаридаҳои зебои дастони моҳири ҳунармандони маҳаллӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гуттереш ва Дабири кулли вақти Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск, ки пас аз боздид аз кӯли Сарез дар мавзеи Паткуноби Дарвоз ба дастовардҳои ҳунармандӣ шинос шуданд, иброз доштанд, ки тамаддуни бою рангини тоҷикон онҳоро шефтаи худ гардондааст.
- Мақоми бонувони ноҳияро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Бонувони ноҳия дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ нақши фаъол доштанд. Бонувоне ба мисли Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Фотима Сӯфихонова, намояндагони мардумӣ дар сатҳи умумииттифоқ ва ҷумҳурӣ Раъногул Амиршоева, Зумратмо Холова, дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Анварбибӣ Юсуфҷонова, Калон Бурҳонова ва дигарон номбардори диёр гардидаанд.
Бонувон дар соҳаи фарҳангу маориф саҳми назаррас доранд. Лола Муҳаббатова, ҳунарпешаи ансамбли рубобнавозони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки дар ҳайати санъаткорон ба ҷанговарони шуҷоъ дар майдонҳои ҳарби Ҷанги Бузурги Ватанӣ барномаҳои консертӣ нишон додааст, аз чунин чеҳраҳои шинохтаи ҳунарӣ дар ҷумҳурӣ буд. Гуландом Муҳаббатова, Зуҳро Рауфова ва Фарангис Шарифова аз зумраи насли ҷавон ҳастанд, ки фаъолияташонро ба рушди фарҳанг бахшидаанд.
Мақоми зан дар ҷомеа таҳким ёфта, шумораи занони роҳбар дар сохтори мақомот меафзояд. Дар соҳаи маориф - 221, тандурустӣ - 230, фарҳанг - 56 ва кишоварзӣ ва савдо 291 зан фаъолияти пурсамар дорад.
-Нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонӣ дар маркази Дарвоз бештар ба назар мерасанд. Чаро?
- Бо маблағгузории Ҳукумати кишвар дар ноҳия иншооти зиёди маъмурӣ ва дорои аҳамияти иҷтимоӣ бунёд ёфтаанд. Дар баробари давлат соҳибкорони саховатманд ва сокинони меҳнатқарин бо ҳисси баланди ватандорӣ ва боварӣ ба ояндаи нек дар ҳалли масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии маҳаллаашон фаъолона ширкат меварзанд.
Сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, варзишгоҳҳо ва марказҳои тиҷоратӣ бо маблағгузории соҳибкорони ободкору созанда суръат гирифт. Онҳо дар таъмири муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, сохтмони роҳҳо ва беҳтар сохтани шароити дастрасӣ ба оби нӯшокӣ саҳм мегузоранд. Ободии ноҳия натиҷаи ҳамкории созанда ва аҳлонаи давлат бо бахши хусусӣ аст.
- Ширкати фаъоли мардумро дар маъракаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ ба кадом омилҳо вобаста медонед?
- Сари ҳар қадам ва мудом сокинон ғамхориву дастгирии Ҳукуматро эҳсос менамоянд. Як ҷавони лаёқатманди ноҳияро, ки мушкилоти иҷтимоӣ дошт, аз ҳисоби маоши вазифавӣ Президентамон хонадор карданд, ки имрӯз оилаи саодатманду хушбахт дорад. Бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ барои 22 зарардида аз сели деҳоти Шикев ва Хостав дар маҳали Яхчисор шаҳраки замонавӣ бо тамоми шароитҳои маишӣ бунёд гардид.
Сокинони ноҳияи Дарвоз сиёсати Ҳукумати кишварро пурра дастгирӣ менамоянд. Мо - бонувон бо Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефахрем ва тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри ободии диёр равона месозем. Хубаш ба Дарвоз биёеду аз чаманистону анористон, обҳои мусаффо ва деҳоти гулбасараш дидан кунед…
М. ШОҶАМОЛ,
ноҳияи Дарвоз