Кӯҳи Имом Аскара дар силсилаи қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин воқеъ аст. Гирду атрофи кӯҳ ба таври табиӣ бурида шуда, ҳамчун як санги алоҳида арзи ҳастӣ менамояд. Мутахассисон ин кӯҳро дар алоҳидагӣ, ҳамчун як санги бузург эътироф кардаанд. Дар дунё ин гуна сангҳои бузургу азим хеле каманд ва ба қавли олимон, Имом Аскара аз рӯи ҳаҷм, ҷинс ва намудаш ба ҳайси як санги алоҳида дар Осиёи Марказӣ калонтарин ба шумор меравад. Чунин як санги азим, ки масоҳати умумияш тақрибан 10 километри мураббаъро ташкил медиҳад, воқеан, барои ҳар сарзамине мояи ифтихор аст. Имом Аскара барои қитъаи Осиё як санги беназир маҳсуб мешавад.
Имрӯз, ки таваҷҷуҳ ба зебоиҳои табиии Тоҷикистон хеле зиёд гардидаву солҳои 2019 – 2021 бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, ин мавзеи тамошобоб, аҳамияти хосса касб менамояд.
Ҳар касе Имом Аскараро аз наздик дида бошад, хуб дарк мекунад, ки ин ҷо беҳтарин мавзеи сайёҳист. Аз ин ҷо гирду вана, тамоми қаламрави собиқ вилояти Кӯлобро метавон дид. Дидани ин манзараҳо на танҳо барои дунёгардони хориҷӣ, балки барои сайргарони дохилӣ низ хеле мароқовар аст.
Аз тарафи офтоббаро, дар қисмати чапи ин кӯҳ як мавзеи нодирест, ки мардуми маҳал онро “Калоти арчаҳо” унвон додаанд. Воқеан, дар ин макон арчаҳои зиёде рӯидаю паҳн гаштаанд. Ин ҷо ҳатто арчаҳоеро дучор омадан мумкин аст, ки баландиашон аз 25 – 30 метр ҳам бештар аст ва ғафсии танашон бошад, 2,5 – 3 метрро ташкил медиҳад. Ин гуна дарахтони азими арча шояд дар дигар мавзеъҳои кишвар пайдо нашаванд. Сабаби ба ин бузургӣ расидану ин андоза ҳашамат ёфтани онҳо дар он аст, ки арчаҳо ба таври табиӣ ҳифз мешаванд. Яъне, маҳз ҳамин баланду мушкилгузар будани мавзеи ҷойгиршавӣ, ба сокинони маҳал имкони ба ин ҷо омаданро намедиҳад…
Дар доманаҳои ин кӯҳи бузург, ба мисли “Калоти арчаҳо” боз мавзеъҳои дигари зебою табиие мавҷуданд, ки бо номҳои “Калоти юрғаё”, “Хами пушоло”, “Хами чукриҳо”, “Хами шутургардан”, “Ёли хар”, “Хами замбурак” “Париш”, “Кафтарбол”, “Барфдон” ва амсоли инҳо ёд мешаванд, ки ҳар кадоме бо зебоию дилрабоӣ аз якдигар фарқ доранд. Табиист, ки ин ҳама манзараҳои зебо муҷиби тамошоянд ва ҳар сайёҳе, ки барои дидани ин ҷо меояд, таассуроти зиёде мебардорад.
Воқеан, Имом Аскара дорои иқлим, табиат, наботот ва ҳайвоноти ба худ хос мебошад. Ҷиҳати аз ҳама муҳим ва хосаш он аст, ки зимистони ин ҷо ниҳоят сард, шамолдору сербарф меояд. Дар ин фасли сол кӯҳро пурра барф мепӯшонад ва барои ҳайвонҳо мушкилоти зиёде пеш меояд. Қисмати зиёди ҳайвонҳо, аз сабаби хунукӣ ва барфи зиёд, маҷбур мешаванд, ки кӯҳро тарк кунанд ва рӯи баҳор боз баргарданд. Баҳору тобистонаш хеле салқину мусоид аст ва ҳавои серун барои сайёҳон имкони хуберо ба вуҷуд меорад.
ЧАШМАИ ИМОМ АСКАРА
Чашмаи Имом Аскара аз обҳои нодири Тоҷикистон аст, ки дар баландии беш аз 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Азбаски чашма дар ин кӯҳи бузург воқеъ гардидааст, номаш муродифи он афтодааст. Чашма дар қисмати ғарбии кӯҳ, дар ҷойи зиёратгоҳи зоирон, зери як равоқи сангин ҷойгир аст. Ин мавзеъ, ба сифати яке аз ҷойҳои муқаддаси кӯҳ шинохта шудааст.
Ин ҷой, қабл аз ҳама, бо намуди зебои худ диққати ҳар бинандаро ҷалб месозад. Дидани ин манзараи ҳайратангез касро ба олами афсонаҳо мебарад. Бинанда дар ҳайрат мемонад, ки чӣ гуна аз қалби ин кӯҳи бузург, ки саропо аз қабатҳои ғафси сангин иборат аст, тавонад чашмае бо ин қадар зебоӣ, мусаффо ва ширин ҷорӣ шавад.
Дарвоқеъ, агар ин чашма дар замин мебуд, шояд бо он ҳама зебоияш чандон аҷобате намедошт. Вале будани ин гуна чашма дар баландии кӯҳ тасаввурнопазир аст.
Чашмаро аз се тараф равоқи сангине пӯшондааст. Дохили он, тақрибан, 200 метри мукааб ҳаҷм дорад. Оби чашма аз боло, яъне аз сақфи он, ки тақрибан 4 - 5 метр баландӣ дорад, аз як сӯрохие, ки монанд ба сӯрохии санги осиёб аст, ба поён мешорад. Ҳангоми резиш, агар дурусттар назар афканӣ, аз чанд ҷойи дигари он низ, аз ҷӯйчаҳои риштамонанд шоридани обро мушоҳида месозӣ. Ин ҳама, дар маҷмӯъ, як чашмаи зебоеро ба вуҷуд меоранд.
Оби чашма аз ҳад зиёд сард аст. Маълум, ки он мисли чашмаҳои муқаррарӣ, на аз замин, балки аз дили санг шорида, ба замин мерезад. Саропо сангпӯш будани мавзеи ҷойгиршавии чашма низ оби онро сард нигоҳ медорад. Ҳангоми зимистон оби чашма пурра ях мебандад. Яъне, обе, ки чашма дар худ дорад, ба берун ҷорӣ нашуда, ба ях табдил меёбад. Маконе, ки чашма ҷойгир аст, ба яхдон мубаддал гашта, ин яхи бузург то аввалҳои моҳи июн боқӣ мемонад.
Алихон ЗАРИФӢ,
ноҳияи Ш. Шоҳин