Аз таърихи муҳоҷират
Соли 1956 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ як ноҳияи томи водии Зарафшон – Мастчоҳ барои азхудкунии заминҳои навкорам ба дашти Дилварзин кӯчонда шуд. Мардум зодбуми бобоии худро бо дили бирёну ашки сӯзон тарк намуда, аз кӯҳистони ободу хуррам ба биёбони бирёни пурғам кӯч бастанд.
Онҳо ба макони нав бо ҳамон номи куҳани ноҳия ва деҳоти худ омаданд ва дар муддати начандон зиёд биёбонро ба бӯстон табдил доданд. Мастчоҳи нав туфайли корнамоиҳо ва ҳатто қурбониҳо (солҳои аввали муҳоҷират хелеҳо, хусусан, пирону кӯдакон бо сабаби номутобиқатии обу ҳаво ва набудани шароити мусоиди тиббию беҳдоштӣ ҷони худро аз даст доданд) ҳамчун яке аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ номвар гардид.
Ҳоли бади диёри матрук
Мастчоҳи аслӣ аз одам холӣ шуда, дар ҳар деҳа як - ду нафар барои бонӣ кардани чорво монда буд. Биноҳои маъмурӣ, мактабу бунгоҳҳои саломатӣ дар собиқ маркази ноҳия – деҳаи Мадрушкат ва деҳоти дигар бо таъсири барфу борон тадриҷан валангор шуданд. Заминҳои кишт, боғҳои бесоҳиб оҳиста -оҳиста аз байн мерафтанд.
Дубора ба Мастчоҳи куҳна баргаштани сокинони Мастчоҳи нав қатъиян манъ буд. Ҳамин тавр ноҳияе, ки аз поён то болояш 120 километр масофа дорад, ба дараи махуф табдил ёфт.
Нахустқадами ободӣ
Дар нимаи аввали солҳои 70-уми асри гузашта дар матбуоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ мақолаҳое оид ба захираву имкониятҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва зарурати эҳёи он пайдо шуданд. Соли 1974 бо роҳбарии номзади илми иқтисодӣ Холмуҳаммад Сангинов дар ҳудуди Кӯҳистони Мастчоҳ, ки аз лиҳози маъмурӣ тобеи ноҳияи Мастчоҳ буд, иттиҳодияи байниколхозии гӯсфандпарварӣ ташкил гардид, ки нахустин қадами ҷиддӣ барои ободонии ин диёри матрук ба ҳисоб мерафт. Бо ташаббуси ин марди наҷиб роҳи ағбаи Оббурдон мошинравак шуд, роҳҳову пулҳо таъмиру тармим гаштанд.
Ба шарофати истиқлолият
Дар Кӯҳистони Мастчоҳ аҳолӣ моҳ ба моҳ меафзуд. Аз ин лиҳоз, ду ҷамоати деҳот ташкил шуд, вале, азбаски то маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон беш аз 300 километр масофа буд, идоракунии он душвортар мегардид. Зарурати ташкили ноҳияи нав ба миён омада буд, аммо роҳбарияти ҳизбу ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ ба ин масъала аҳамият намедоданд. Таъсиси ноҳияи алоҳида орзуи дастнорас буду бас.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва, хусусан таваҷҷуҳи Сарвари нави давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин орзу ҷомаи амал пӯшид. Соли 1997 фармон дар бораи таъсиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба тасвиб расид.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳо бо сокинони ҳар ду ноҳияи Мастчоҳ гуфтаанд, ҳангоми гирифтани ин тасмимашон 90 дарсади аъзои Ҳукумат ва роҳбарияти вилояти Суғд ба ин қарор зид будаанд.
20-уми июли соли равон ҳангоми мулоқоташон бо сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бори дигар ин нуктаро ёдовар шуданд: «Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон мебошад ва маҳз ба туфайли истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам омад, ки ин гӯшаи биҳиштосои сарзамини аҷдодиамон эҳё гардида, ба яке аз мавзеъҳои муҳими кишоварзии мамлакат табдил ёбад».
Картошка – нони дуюм
Картошкаи сурхи болаззати Кӯҳистони Мастчоҳ дар бозорҳои Тоҷикистон ва берун аз он шуҳрат дорад. Ҳарчанд таърихи парвариши он дар ин мавзеи кӯҳистон сад сол аст, аммо деҳқонон ҳосилнокии онро ба авҷи аъло расондаанд. Масалан, соли 2008 ноҳия 46 ҳазору 200 тонна картошка истеҳсол карда бошад, соли 2018 ин рақам 73 ҳазору 600 тоннаро ташкил дод. Сарвари давлат супориш доданд, ки то соли 2021, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон истеҳсоли картошка ба 100 ҳазор тонна расонда шавад. Картошкапарварони ноҳия ин амрро мақбул донистанд. Зеро тавассути дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат имсол дар ноҳия дар дашти Фалахмон 240 гектар замини бекорхобида обёрӣ гардид, ки бештар картошка парвариш карда хоҳад шуд.
Боиси тазаккур аст, ки иқлими кӯҳистон ба деҳқонон имкон медиҳад, ки ҳосили картошкаро дар анборҳои махсуси зеризаминӣ, ки мастчоҳиён онҳоро «чағора» унвон додаанд, то баҳору аввали тобистон тару тоза нигоҳ доранд.
КВД «Агролизинг» дар деҳаи Роғ маркази таъминоти техникӣ таъсис додааст, ки туфайли он ба картошкапарварон техникаи муосир пешниҳод мегардад.
Боғҳо интенсивӣ мешаванд
Дар бораи Кӯҳистони Мастчоҳ муаррих Ҷонибек Асрориён филми мустанаде офаридааст, ки чанд сол пеш аз тариқи шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Муаллиф аз тамошои боғҳои зардолую тут, себу олучаю гелос ба ваҷд омада мегӯяд, ки дар миёнаи тобистон, ки дар дигар шаҳру навоҳии кишвар туту зардолу тамом мешаванд, дар ин ҷо нав туту зардолу, олучаю гелос мепазанд.
Воқеан, дар нимаи дуюми моҳи июл дар Кӯҳистони Мастчоҳ дидем, ки дар аксари деҳоти поён мардум ба чидани меваҳои шаҳдбори боғоти худ машғул буданд. Ҳосил имсол хеле зиёд аст ва мардум зардолуро асосан бо усули бобоӣ – дар суфаҳои махсуси сангӣ, ки долакандоз мегӯянд, мехушконанд. Ҳарчанд бо ин усул таъми бебаҳои ғӯлинг боқӣ мемонад, сифати молияшро гум мекунад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат супориш доданд, ки дар ноҳия як семинари омӯзишӣ оид ба хушкондан, коркард ва бастабандии зардолу ва дигар меваҳо бо иштироки боғдорони ботаҷрибаи шаҳрҳои Исфараю Конибодом ташкил карда шавад.
Боғдорон солҳои охир ба бунёди боғҳои интенсивӣ даст задаанд, ки дар шароити кӯҳистон хеле самаровар хоҳанд буд. Аз 24 гектар боғи нав 2,4 гектараш боғи интенсивӣ аст, ки тӯли ду - се сол пурра ба ҳосил медарояд.
Қутосҳои Кӯҳистони Мастчоҳ
Мардуми саргаҳи Зарафшон дар бораи қутос маълумоти ночиз доштанд. Дар тасаввури онҳо ин ҳайвони камхарҷи манбаи гӯшту шири парҳезӣ ва пашми хушсифат танҳо дар Бадахшон зиндагӣ карда метавонаду бас. Маҳз талқинҳо ва истодагариҳои Пешвои миллат буд, ки чанд сол пеш ба Кӯҳистони Мастчоҳ аз Бадахшон 30 сар қутос оварданд. Тангназарон ин иқдомро намеписандиданд ва мегуфтанд, ки иқлими ин ҷо ба парвариши қутос созгор нест. Имрӯз ҳаёт дурустии ин ибтикорро собит кард. Алҳол саршумори қутос дар ноҳия аз 600 сар гузашта, рӯ ба афзоиш аст.
Чорводории маъмулӣ - гӯсфандпарварӣ ва парвариши чорвои калон ҳам торафт рушд меёбад ва боиси хурсандист, ки дар деҳаи Лангар ба қарибӣ коргоҳи маҳсулоти ширӣ ба кор оғоз мекунад.
Аз ҳуҷҷатҳои аз қалъаи Муғ дарёфта маълум аст, ки дар деҳаи Мадрушкат коргоҳҳои зиёди чармгарӣ мавҷуд будаанд ва шоҳи Суғд – Деваштичро бо чарм таъмин мекардаанд. Эҳёи ин соҳа бо назардошти хеле зиёд будани ашёи хом дар минтақа кори сердаромаде хоҳад буд.
Асал ва гиёҳҳои шифобахш
Дар Кӯҳистони Мастчоҳ қариб тамоми намуди гиёҳҳои шифобахши дар ҷумҳурӣ маълумро пайдо кардан мумкин аст. Аз ҷумла, ангубине, ки занбӯриасалпарварон мегиранд, аз ҷиҳати шифоӣ камназир аст. Соли гузашта онҳо 40 тонна асал ҷамъ оварданд. Дар ноҳия барои зиёд кардани оилаҳои занбӯри асал имкониятҳо фаровонанд.
«Бинобар ин, бояд дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд, то ки асали истеҳсолшуда на танҳо ба бозори дохилӣ, балки ба хориҷи кишвар низ ба фурӯш бароварда шавад. Зеро талабот ба ин намуди маҳсулоти шифобахш, махсусан, аз Тоҷикистон сол ба сол афзоиш ёфта истодааст», - маслиҳат доданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ҳам ояндаи хуб дорад. Дар маркази хизматрасонии «Ҳусни Роғ», ки дар раванди ташрифи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дорухона бо гӯшаи гиёҳдармонӣ мавҷуд аст, ки эшум, матор, хуч, мухаллас, чойкаҳак, талхак, талхаки зардак, зуда, себаргаи сурх ва дигар гиёҳҳои шифобахшро барои сокинон ва меҳмонон пешкаш намуданд.
Саноатикунонӣ имконпазир аст
Дар Кӯҳистони Мастчоҳ захираҳои зиёди маъданҳои гуногун мавҷуданд. Соли 2017 Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Қудрат - 2010» дар кони ангишти Ғузн ба истеҳсоли ангишт оғоз кард. Истеҳсолоти солона ба 10 ҳазор тонна ва шумораи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба 35 нафар расидааст. Мутахассисон захираи конро 27 миллион тонна ҳисоб кардаанд. Роҳбарони корхона ният доранд, ки бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсоли солонаи ангиштро ба 100 ҳазор тонна расонанд. Бояд зикр кард, ки коргоҳ дар таъмиру тармими роҳҳои ноҳия бо техникаҳои муқтадираш фаъолона ширкат меварзад. Аз ҷумла, соли равон роҳи ағбаи Оббурдон, ки Кӯҳистони Мастчоҳро бо ноҳияи Деваштич мепайвандад, хеле ҳамвору васеъ намуданд.
Дар ноҳия тилло ҳам ҳаст ва корҳои иктишофию таҳқиқотӣ дар ин самт идома доранд ва эҳтимоли таъсиси корхонаи коркарди тилло зиёд аст. Дарёи Зарафшон, ки аз пиряхҳои азими Мастчоҳ сар мешавад, воқеан зари бисёр дорад, ки дар соҳилҳои он мардум заршӯӣ мекарданд. Эҳёи ин касби ниёгон амрест фарзу воҷиб.
Сайёҳӣ рушд бояд кунад
Дар деҳаи Сабағи ноҳия сангнигораҳое мавҷуданд, ки бостоншиносон таърихи онҳоро 5000-сола, қариб баробари ёдгориҳои Саразм донистаанд. Чандин сол аст, ки бостоншиносони тоҷику рус ба ҳафриёти қалъаи Ҳисорак (воқеъ байни деҳоти Мадрушкату Падаск) машғуланд. Бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки ин дижи суғдиёни бостон таърихи наздик ба 3 ҳазор сол дорад.
Дар саргаҳи ноҳия мазорҳои машҳури Аълами Оламиён ва Абумӯсои Ашъарӣ ва қариб дар ҳар деҳа мазорҳои шахсиятҳои маъруф воқеъ гардидаанд, ки дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он зоирони бисёр доранд.
Табиати нотакрор, тагобаҳои бешумор низ сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб месозанд, ки дар сурати дуруст муаррифӣ кардани онҳо метавон сайёҳии экологиро низ ба роҳ монд.
Меҳрон ободон мешавад
Маркази маъмурии ноҳия - шаҳраки Меҳрон, ки ҳамагӣ ду сол пеш ба мавзеи нав – дашти Рогиф кӯчонда шуд, бо ҳар ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зеботар мешавад. Дар рафти ин сафар ҳам дар шаҳраки Меҳрон чандин иншооти муҳим, аз ҷумла беморхонаи марказии ноҳия, биноҳои маъмурии суд, шуъбаҳои амнияту корҳои дохилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ҳолатҳои фавқулода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва сохтмони чанд бинои нав давом дорад.
Рамзҳои муқаддаси миллӣ - Парчам ва Нишони давлатӣ қад афрохтанд ва Меҳронро нурборон карданд. Пешвои миллат дар хотимаи суҳбаташон аз ҳисси баланди миллии сокинони ноҳия бори дигар ёдовар шуданд:
«Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат бо иқдомҳои тозаи бунёдкорӣ барои пешрафту ободии ноҳия, таъмини зиндагии шоистаи сокинон ва бо дастовардҳои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд».
Ҷӯра ЮСУФӢ,
Кӯҳистони Мастчоҳ