Дар иқлими баландкӯҳ ва сарди ноҳияи Мурғоб танҳо шахсони мушкилписанд умр ба сар мебаранд.Вақте Гулнамо Носиршоева омӯзишгоҳи савдоро хатм намуда, бо роҳхат назди роҳбари ҷамъияти матлуботи ВМКБ даромад, фикр мекарданд, ки ӯ низ мисли аксари мутахассисони ҷавон аз рафтан ба ноҳияи дурдасти Мурғоб гардан мепечад.
- Духтарам, ҳама ҷой банд, танҳо дар ноҳияи Мурғоб як воҳиди корӣ дорем, - суоломез ба Гулнамо нигарист сарвари ҷамъият.
- Ба Мурғоб меравам, кор бошад шуд, - бидуни муқаддима ва бедудилагӣ изҳор дошт Гулнамо.
Посухи боварбахши духтари ҷавон то андозае барои раис ғайриинтизор буд. Одатан, дар чунин мавридҳо, ҷавонон пешниҳоди кор дар ноҳияи баландкӯҳро ба таъхир меандохтанду ба умеди пайдо шудани ҷойи кори муносиб дар шаҳру ноҳияҳои наздики маркази вилоят моҳҳо интизорӣ мекашиданд.
Ҳамин тавр, Гулнамо дар Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мурғоб ба фаъолият пардохт. Дере нагузашта бар асари дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҷойи таъминоти мутамарказро ба тадриҷ муносибатҳои бозаргонӣ танг карданд. Гулнамо молу маҳсулоти чорвопарварони ноҳияро харида ба шаҳру ноҳияҳои вилоят мебурд ва бар ивазаш маҳсулоти кишоварзонро ба ноҳия оварда мефурӯхт. Бо гузашти чанд сол духтари меҳнатдӯсту ташаббускор чун соҳибкори муваффақ ном баровард.
Вале, ба ҳукми тақдир, нахусткӯдакаш маъюб ба дунё омаду побанди ҷигаргӯшааш гардид. Акнун ҷойи сафарҳои тиҷоратиро шабҳои тӯлонии саҳар карданҳо сари гаҳвораи духтарчаи маълулаш, ки Дилрабо ном гузоштанду умед ба муъҷизаи сиҳат ёфтанашро то ба ҳол аз даст намедиҳанд, гирифтанд.
Гулнамо бештари вақт дар чордевори хона танҳо бо дарёи андеша меомехт ва лаҳзаҳое, ки кӯдак мехуспид, сихҳои ҷуроббофии аз модараш меросмондаро гирифта, бофандагӣ мекард. Ба ёд меовард, ки чӣ тавр модараш бо завқ ҷуроб мебофт. Гулпартоӣ, назири «Шамшод ва алов», «Пайи нахчир», «Дарахтак», «Каждумак», «Пайи гунҷишк» аз нақшҳои дӯстдошта маҳсули дастонашро оро медоданд.
Модар дар дӯхтани пакол - тоқии помирӣ низ маҳорати беҳамто дошту аз фурсати хонашинии иҷборӣ дар зимистони дароз ва қаҳратуни кӯҳистон барои пур кардани буҷети оилавӣ аз он самаранок истифода мебурд. Гирдогирди паколҳоро бо шерозаҳои рангбаланд ва равшан бо нақшҳои «Гули товус», «Чашми булбул», «Тоҷи хурӯс», «Қулфак» ва амсоли инҳо оро медод. Тӯйдорҳо барои шаҳмард ва ёронаш мехариданд.
Дар дӯхтани пероҳани қадимаи занонаи «чиндоркурта» ягонаи даврон буд. Гулнамо тавассути модар аз асрори дӯзандагӣ ҳам бархӯрдор гашт. Бо илҳом аз ҳунари модар даст ба кор шуд ва малакааш такмил ёфт. Салиқаи модарзодӣ имкон дод, ки дар бофандагӣ ва дӯзандагӣ муваффақ шавад.
Солҳо турнасон гузаштанду соҳиби писару духтар ҳам гаштанд. Алҳол Моҳинав донишҷӯи риштаи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Хоруғ аст. Вай мехоҳад дар оянда ширкати сайёҳӣ таъсис дода, дар самаранок истифода бурдани имкониятҳои сайёҳии Бадахшон саҳм гузорад.
Тибқи маълумоти расмӣ соли равон бештар аз 6 ҳазор сайёҳ аз ноҳияи Мурғоб дидан намудааст. Табиати дастнохӯрдаи маҳтобӣ, олами рангини набототу ҳайвонот, кӯлҳо, дастранҷи ҳунарҳои мардуми тоҷику қирғиз ҷаҳонгардонро бештар ба ноҳия ҷалб месозанд. Дар ин ҷо аллакай 15 ширкати сайёҳӣ амал мекунад. Қариб ҳар хонавода забондону роҳбалади худро дорад ва манзилашонро ба меҳмонсаро табдил додаанд.
Тирамоҳи соли гузашта, ҳангоми бо ширкати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон НБО «Тоҷикистон» дар Мурғоб ба кор даромад ва маркази ноҳияву гирду атрофи он нурборон гардид, дар дили писарбачаҳои зиёд орзуи барқкор шудан шуъла зад. Ҳайдар - фарзанди Гулнамо яке аз он ҷавонон аст, ки бо чунин орзу таҳсилро дар шуъбаи шартномавии риштаи энергетикаи факултаи муҳандисии донишгоҳи Хоруғ идома медиҳад ва мехоҳад, ки ҳамчун мутахассис дар равнақи барқи обӣ ва офтобӣ дар минтақа саҳмгузор бошад.
Гулнамо маҳсули дастонашро ба бозор, ба нуқтаҳои фурӯши назди меҳмонхонаҳо мебарад. Офаридаҳои зебои дастони соҳибсалиқаи ин бону ҳамеша харидор пайдо мекунанд. Ӯ дар маҳсулоташ нақшу нигори бонувони ҳунарманди тоҷику қирғизро эҷодкорона истифода мебарад. Бонувони қирғиз, бахусус дар қуроқдӯзӣ, моҳиранд ва Гулнамо низ ин ҳунарро аз бар намудааст.
Ба куртаҳои дӯхтаи ӯ барои арӯсу домод менигарам ва мепурсам, ки чаро порчаҳои матои сурх бештар истифода мешаванд?
-Аввалан, ранги сурх рамзи нур, гармӣ ва шодӣ аст ва курта бо ин рамз хосияти хуб дораду дигар ин, ки истилоҳи «хушбағал» маъмул буда, мардум эътиқод доранд, ки шахс рӯзи тӯй чунин курта ба бар кунад, кулли балову бадбахтиҳо рафъ гардида, шодиву нишот дар хонадон ҳукмфармо мегардад, - посух дод бонуи ҳунарманд.
- Рӯзҳои ҷашну маросимҳо тоҷикону қирғизҳо сарулибоси миллӣ ба бар мекунанд. Талабот ба либоси миллӣ байни хонандагони мактаб ва ҷавонон рӯз ба рӯз меафзояд. Агар пештар тоҷикони ноҳия либоси миллиро дар Хоруғ фармоиш медоданд, ҳоло ба шарофати бонувони ҳунарманд, ба мисли Гулнамо мувофиқ ба завқу табъ ва андоза либосҳои гуногуни миллиро дар худи ноҳия дастрас менамоянд, - мегӯяд муовини раиси ноҳия Ҳусния Раҷабова.
Гулнаморо бонуи қавиирода меноманд. Вақте бо амри тақдир дар чаҳордевори хона «бандӣ» шуд, рӯҳафтода нагашт. Даст ба кор соҳибҳунар гардид ва алҳол ҳамчун бофанда ва дӯзандаи босалиқа шуҳратёр асту мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ дорад, дар чорабиниҳои сатҳҳои гуногун бо офаридаҳояш бонувони ҳунармандро муаррифӣ месозад.
Шавҳараш, устои таъмиргари автомобилҳо, ба сайёҳони зиёд ёрӣ мерасонад, бо меҳнати ҳалол ва хоксоронааш ном баровардааст.
Чанде қабл Гулнамо сехи дӯзандагиро ба кор даровард. Дар сех шаш бонуи ҳунарманд ба кор ҷалб шуд, онҳо маҳсули дӯхтаашонро ба бозор мебароранд. Фаъол шудани корхонаи дӯзандагӣ ба шарофати гранти президентӣ муяссар гашт.
- Грантҳоро бояд мақсаднок ва босамар истифода барем, то бонувон бештар корёб шаванду аз ҳисоби ҳунармандӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ рӯзгорашонро пеш баранду ҳаёти иҷтимоиашонро беҳтар созанд, - мегӯяд Г. Носиршоева.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
ноҳияи Мурғоб