Сафари мо аз маркази ноҳияи Данғара ба деҳаи Пушинг оғоз ёфт. Роҳи ҳамвори мумфарш, аз ду канори роҳ ҷӯйборҳои обгузар, чароғҳо болои сутунпояҳои бешумори қад- қади роҳ, пиёдараҳа, даҳҳо адад аломатҳои ишоратӣ, деворҳои ботартибу рангдидаи зистгоҳи мардум, дарахту буттаҳои сафороста гӯё бо расидан ба деҳа анҷом меёфтанд, аммо на. Ин намои дилкашу зебо, ки аз пушти шишаи мошин ба чашм мехӯрд, дар деҳа низ идома дошт. Кӯчаҳои марказӣ ва роҳҳои дохили деҳаи Пушинг ба масофаи 16 километр ба чунин тарз ороиш ёфта, ҳазорҳо бех дарахтони зебои сояафкан зеббахши ин макон гардидаанд.
Мошин назди мавзеи хушбоду ҳаво - варзишгоҳи навбунёди деҳа, ки дар масоҳати 2,5 гектар доман густурдааст, қарор гирифт. Дар майдони ду канори ин варзишгоҳ гулгашт бунёд гардидааст, ки дар самти чапи он Нишони давлатӣ бо баландии 17 метр ва дар самти рост Парчами Тоҷикистон бо 25 метр қомат афрохтаанд. Варзишгоҳ дорои 2500 ҷойи нишаст буда, ҳамакнун имкон фароҳам аст, то сокинони деҳа чорабиниҳои варзишиву фарҳангиро доир намоянду аз самари созандагиҳо ҳаловат бубаранд. Зери нишастгоҳҳои варзишгоҳ, аз самти берун 18 адад дукони ҳунармандон сохта шуда, он «растаи ҳунарҳои мардумӣ» ном гирифтааст. Ройгон пешниҳод гардидани ин дуконҳо ба ҳунармандони деҳа аз ғамхории навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба аҳли ҳунар аст, то дар боло бурдани сатҳи зиндагии хеш аз чунин имтиёзҳои Ҳукумати кишвар баҳравар гарданд.
Садои муҳаррики мошин баланд шуду пас аз чанд муддат назди сайргоҳи дигар - боғи фарҳангию фароғатии деҳаи Пушинг расидем. Масоҳаташ 0,70 гектар буда, дар миёнаҷойи он се суҳбаткада, нишастгоҳҳои бароҳат, 60 адад фурӯзонакҳои ороишиву равшанидиҳанда, майдончаи варзишии муосир, пулҳои лағжонак, хоначаи бозии кӯдакон дар шакли киштӣ ва дигар таҷҳизоти варзишию бозии хурдсолон насб шудаанд. Ҳудуди 2000 бех дарахти ороишиву сояафкан ва гулҳои мавсимӣ роҳравҳои сафолакпӯшу аз ду паҳлу ба шакли дил оросташударо боз ҳам назаррабо мегардонанд. Бо ғуруби офтоб сокинону меҳмонони деҳа баҳри рафъи хастагӣ ба ин макони тафреҳ мешитобанд. Кӯдакон рӯи пулҳои рангоранг мелағжанду завқ мебаранд. Модарон аз хурсандии бекарони тифлакон меболанд, хурду калони деҳа гурӯҳ - гурӯҳ дар майдончаи варзиш сабқат меварзанду бо ба даст овардани пирӯзӣ садои нишот дар медиҳанд. Аз шафати ин боғ мактаббачагон хушҳол сӯи хонаҳояшон мешитобанд, чаро ки соли равон онҳо соҳиби мактаби хуштарҳу замонавӣ гардидаанд, ки барои 1520 нафар хонанда пешбинӣ шуда, дар он муосиртарин шароити таҳсил фароҳам оварда шудааст. Ошхона, буғхона барои гармидиҳӣ ба синфхонаҳои мактаб, захираи ангишт ва ҳавзи об барои таъмини оби ошомиданӣ аз имконоти дигари ин муассиса қобили қабулу хушнудист.
Бо убур кардани таваллудхона ва маркази саломатии замонавӣ чанде пас дар бинои хушсохт коргоҳи дӯзандагӣ намоён гардид. Чевари гулдаст Барно Ғуломқодирова саргарми кор барои хонандагони мактаб пиҷак медӯхт.
- Аз эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бонувони хонашини деҳа ба илҳом омада, касбомӯзиву пешаварӣ менамоянд,- гуфт ӯ. - Алҳол, дар ин коргоҳ 10 бону фаъолият менамояд, онҳо духтарони деҳаро низ аз нозукиҳои ҳунар сабақ меомӯзанд. Дар ин ҳунаристон 10 мошини дарздӯзии муосир мавҷуд аст ва ин бонувони чирадаст тавонистанд соли равон хонандагони деҳаро бо либоси мактабии хушдӯхту босифат бо нархи нисбатан арзон таъмин намоянд.
Бо роҳнамоии ӯ роҳ гирифтем ба самти ҳавзи моҳипарварӣ, ки дар қисми шарқии деҳа ҷойгир буда, дар атрофи он боғи фарҳангию фароғатӣ доман густурдааст. Масоҳати умумии ин тамошогоҳ ба 6 гектар рост меояд. Дар тамошогоҳи назди ҳавз 4 суҳбаткада, 4 кат ва 30 курсӣ барои истироҳату фароғати мардум фароҳаманд. Дар ҳавзи бузург акси осмони софу ҷо - ҷо абрҳои шиновар таҷассум ёфта, аз дур суроби талу теппаҳо ва сабзаву дарахтон манзараи дилфиребро манзури тамошогарон мегардонад. Лавҳаҳои шеъру андарзҳои бузургон, 2,5 ҳазор ниҳолу буттаҳои ороишӣ, қаҳрамонони афсонавии аз оҳан ва чӯби дарахти шулаш сохташуда, диққати бинандаро мерабоянду қалбҳоро ба шӯр меоранд. Даруни ҳавз моҳиҳои навъи амури сафед, пешонапаҳн, зағорамоҳӣ ва карп дар ҷӯш аст, ки ба иқлими ин макон мувофиқ омада, миқдори онҳо тақрибан ба 30 тонна рост меояд.
Як километр роҳи атрофи ҳавз барои давидан мутобиқ карда шудаасту дар гӯшае лавозимоти варзишӣ низ насб гардидааст. Чор қаиқ ва ду адад мототсикли обӣ низ дар соҳили ҳавз лангар партофтаанд. Шомгоҳон, ки ин мавзеъ чароғон аст, макони асосии истироҳату сайругашти аҳли деҳа, деҳоти гирду вана ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ мегардад. Устоҳои гулдаст дастранҷҳои худро ба маъраз гузошта, кадбонуҳои маҳаллӣ таомҳои миллӣ, аз қабили палав, оши тупа, оши бурида, далда, биринҷоба ва ғайра пухта, ба фурӯш мебароранд. Аз ошхонаи боғ низ накҳати сихкабобҳои болаззат, палав ва хӯрокҳои аврупоӣ ба машом мерасад. Барои дидани ин макони дилфиреб сокинони шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар низ зуд - зуд рӯ меоранд. Азизулло Зубайдуллоев, корманди ин мавзеъ, иброз дошт, ки барои хоҳишмандон, бахусус меҳмонони дохили кишвар, сайр бо қаиқҳо ройгон аст.
Ба ин сайргоҳи хушнамову оромбахш меҳмонони хориҷӣ низ ташриф меоранд. Рӯи катҳои пурнақшу нигор, ки дастранҷи кандакорони моҳири кишвар аст, нишаста, аз шаббодаи фораму серун ҳаловат бурда, аз табиати афсункори Пушинг лаззати нотакрор мебардоранд.
Сафар ба деҳаи Пушинг, мавзеи қадимии Тоҷикистон, ки дар гузашта яке аз марказҳои илму фарҳанг ва ҳунармандии минтақа ба шумор мерафт, барои мо хотирмону ҷолиб гардид. Фарзандони фарзонаи ин куҳандиёр бо заҳмати дастаҷамъона тавонистанд, ки ин гӯшаи диёрро ба фароғатгоҳу боғистони ободу зебои кишвар табдил диҳанд.
Ҳини бозгашт гузори мо аз назди Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара иттифоқ афтод. Аз самти рости роҳ иншооти зиёди навбунёд ба чашм мерасид, ки зебову дилрабо дар як қатор саф оростаанд. Кунҷковона аз мошин берун шудем ва ин биноҳоро тамошо кардем. Бинои якум дорои ҳаммом, сауна, толори таҷҳизоти варзиш, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва коргоҳи дӯзандагӣ будааст. Бинои дигари сеошёна дорои меҳмонхона, ошхона, қаҳвахона ва толори варзишист. Дар ду бинои дигар корҳои сохтмонӣ идома доштанд. Ду бинои дигари сеошёнаи зебо, яке коргоҳи «Файзи Карим» ва дигаре меҳмонхонаи замонавӣ будааст, ки бо дастгирии соҳибкорони ҳимматбаланд қомат афрохтаанд.
Гурӯҳе ба коргоҳи «Файзи Карим» ва қисми дигар ба ҷониби меҳмонхона рӯ овардем. Ин бинои хуштарҳи сеошёна дорои 12 ҳуҷраи меҳмонӣ буда, дар ҳар қабати он чор ҳуҷраи зебову барҳаво ҷой гирифтааст. Чор ҳуҷраи он бо рахти бузурги хоб аз дигар ҳуҷраҳо фарқ дошт. Ҳуҷраҳои боқимонда ҳар кадоме бо се рахти хоби якнафара оро дода шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо дорои тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва ҳаммомхонаву ташноб буд. Даҳлезу роҳравҳо ва зинапояҳои дохили ин бино хушнамову дилкаш буда, фарши он саросар бо қолинҳои нақшину сернах густурда аст. Дар саҳни ҳавлӣ ошхона ва ҳуҷрачаҳои алоҳидаи нишаст, фаввора ва мизу курсиҳои афсонавӣ ҷойгир буда, замини он саросар сафолакпӯш мебошад. Оилаи соҳибкорони маҳаллӣ - Чиллазодаҳо, ки ин биноро сохта, ба истифода додаанд, мегӯянд, ки аз роҳнамоиву дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ин иншоотро дар ҳошияи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эъмор намудаем.
Бо як ҷаҳон таассуроти нек аз заҳмати софдилонаву ватандӯстонаи сокинони деҳоти Пушинг ва Корез дар роҳи бозгашт ба Душанбе дарк намудем, ки ободкориҳо дар ин хиттаи бостонӣ идома дошта, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашнвораи бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзонафарзандони ин макон камари ҳиммат бастаанд.
Ситора АШӮРОВА,
ноҳияи Данғара