Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз бузургтарин пружаҳои стратегии на танҳо Тоҷикистон, балк Осиёву Аврупо ба ҳисоб рафта, ба истифода додани ҳар шаш чархаи ин неругоҳ такони бузурге дар ҳаёти иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва ҳалли масоили обу энергетикаи кишварҳои минтақа хоҳад бахшид. Ифтитоҳи аввалин чархаи неругоҳ, ки 16 - уми ноябри соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, паёми рӯшане аз гомҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва мусоидат ба беҳдошти зисту зиндагонии инсонҳо буд.
Инак, дар идомаи корҳои сохтмонӣ ва омодагиҳо барои ба истифода додани чархаи навбатии тавлиди барқ дар НБО «Роғун» Тоҷикистон дубора дар сархати ВАО - и ҷаҳон қарор мегирад. Дар 28 – умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омадани маросими расмии ба кор андохтани дувумин чархаи неругоҳ армуғони бахтоваре ба мардуми заҳматкаши Тоҷикистон аст, ки ба хотири ояндаи неку ҳаёти осудаи наслҳои минбаъда ва рушду пешрафти иқтисодӣ -иҷтимоии кишвар саъю талош доранд. Аз бозе, ки коргоҳи НБО «Роғун» ба майдони заҳмати созанда ва саҳнаи нангу номуси миллат табдил ёфт, ҳама фикру таваҷҷуҳи мардум ба сӯи ин манбаи нур аст, то ҳар рӯзу соат аз рафти корҳои сохтмонии ин иншооти таърихӣ пайки хушоянде шунида бошанд.
Кошки ҷавонони моро фаҳму дарки моҳияти стратегии ин пружаи бузурги аср ва дидори рӯ ба рӯ аз кору пайкори шуҷоатмандонаи бунёдкорони ин неругоҳи азим насиб гардад, ки бо заҳмати содиқона моро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ва орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёконамон мерасонанд. Чаро ки аз нахустин лаҳзаҳои ворид шудан ба сохтмон ва дидани матонату рӯҳияи болидаи бунёдкорони неругоҳ, касро эҳсоси бузурге фаро мегирад.
Ғурросу гурс - гурси тракторҳои кӯҳкан ва садои марғӯладори мошинҳои вазнинборе, ки яке аз паси дигар пайроҳаҳои кӯҳиро тай намуда, сӯйи қитъаҳои гуногуни сохтмонии неругоҳ ҳаракат мекарданд, ба манзараи нилгуни обанбору кӯҳпораҳои чорсӯи ҳавзаи Роғун шукӯҳу ҷалоли беназир мебахшиданд.
– Дар арсаи корҳои бузурге мисли бунёди неругоҳи «Роғун», ки бо қувваи дастаҷамъонаи мардум иҷро мегарданд, хосияти пурасроре нуҳуфтааст, ки бо ҳама кору пайкори беист хастагиро эҳсос намекунам, - изҳор дошт ҷавонмарде, ки ҳаракати нақлиёти гуногунро дар чорроҳаи яке аз нақбҳои сохтмонии неругоҳ ба танзим медаровард.
Иҷрои аъзами корҳои бунёду таҳкими сарбанд, сохтмони баъзе нақбҳо, насби трансформаторҳои пуриқтидор ва танзими толору хатҳои барқ ва дигар корҳои васлгариро дар қитъаҳои гуногуни неругоҳ ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» (ТГЭМ) ба уҳда дорад, - мегӯяд сардори шуъбаи идоракунии кормандони ширкати мазкур Обидҷон Исмоилзода.
- Аз 3 ҳазор корманди Раёсати сохтмони истеҳсолии ҶСК «ТГЭМ» дар шаҳри Роғун 60 нафар бонуст, ки онҳо дар қитъаҳои гуногуни сохтмонии неругоҳ заҳмат мекашанд. Ширкат дар 60 сол дар арсаи бунёдгузории тарҳҳои бузурги сохтмону энергетикаи Тоҷикистон нақши муассир гузошт, мутахассисони варзидааш дар бунёди НБО «Норак», Корхонаи алюминии тоҷик, НБО «Сангтӯда-1», НБО «Сангтӯда-2» саҳм гирифт. Аз ин лиҳоз, зарфияти асосии ҶСК «ТГЭМ» мутахассисони пуртаҷрибаи онанд, ки кафили пешрафту дастовардҳо ва нақши ояндасози ширкат дар рушди минбаъдаи иншооти барқу дигар соҳаҳои Тоҷикистон аст, - иброз дошт О. Исмоилзода.
Дар идомаи сафар аз нақбҳои пурпечутобу бисёрроҳа гузашта, гӯё дар таҳроҳаҳои кӯҳӣ жарфтар мерафтем, ки торафт ҳавои раҳу даруни мошинро сардии дилгумак фаро мегирифт. Дар баробари аз баромадгоҳи нақби чароғон намоён шудани нурҳои тиллоранги офтоб, садои ҳаракати мошинҳои вазнинбор ва садои шиббаи замин аз қитъаи сарбанд баландтар мешуд.
Минтақаи чаҳоруми сарбанд. Аз миёни мошинҳои боркашу техникаҳои гуногункор, ки ба самтҳои муқобил ҳаракат мекарданд, ҷавоне бо имову ишора бо муҳандисоне, ки рафту сифати мустаҳкамкунии ҳар қабати сарбандро назорат мебурданд, машварат дода, ба истиқболи мо омад. Ҳисобчии қитъаи сарбанд Рустамбек Рустамбеков, кор дар неругоҳи «Роғун»- ро мояи ифтихору сарбаландии синфи коргар медонад, ки дар бунёди ин иншооти тақдирсози кишвар саҳми худро гузошта истодаанд. Ба хусус, ҷавонони Бадахшон ин рӯзу рӯзгоронро, ки дар арсаи ифтихору номбардори Ватан заҳмати созанда доранд, беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёт мешуморанд. Чаро, ки дар баробари иштирок дар бунёди баландтарин сарбанди ҷаҳон, ин сарчашмаи нуру бахту саодати миллат, истиқлолияти энергетикии кишвари моро таъмин намуда, ба амалӣ гардидани ҳадафҳои бузург ва рушду ободии Тоҷикистони азиз муяссар мегардонад.
Ба гуфти Р. Рустамбеков, алҳол дар басти кории ин қитъаи сарбанд 60 ронандаи мошинҳои боркаш, 35 механизатори экскаватору шиббамошинҳо, 14 танзимгару ҳисобчӣ, сардори қитъа, ду устод ва даҳҳо тан коргарони касбу кори гуногун кор карда истодаанд. Дар мисоли басти шабона ба ин қитъа беш аз 10 ҳазору 40 мукааб сангу шағалу дигар масолеҳи сохтмонӣ рехта шудаанд.
Тибқи нақша сарбанди неругоҳи «Роғун» ба шакли аҳром (пирамида) сохта шуда, баландии он ба 335 метр расонда мешавад. Дарозии дарғот 609,5 метрро ташкил дода, паҳнои он аз сатҳи поёнии дарғот 1850 метр ва қисмати болоии он ба 20 метр расонда мешавад. Дарвоқеъ ҳам, «Роғун» ба мактаби бузурги таҷрибаомӯзии ҳазорҳо нафар муҳандисону барқчиёни ҷавони тоҷик ва бинокорону бунёдгарони неругоҳҳои ояндаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳо табдил ёфтааст.
Биноан, он рӯзи хуҷастапайку санаи фархундаи миллату давлати мо дур нест, ки неругоҳи «Роғун» бо иқтидори пурра ба фаъолият оғоз намуда, Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ – иҷтимоӣ дар радифи кишварҳои пешрафтаи олам қарор ёбад. Мардуми шарифи Тоҷикистонро зиндагии осудаву фароҳамии имкониятҳои бузург, хушбахтию саодати рӯзгор насиб бошад. Ва тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маросими ба истифодадиҳии аввалин чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» гуфта буданд: «Баъди гузашти айём мову фарзандонамон бо ифтихор хоҳем гуфт, ки неругоҳи «Роғун» – ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъю талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардаем».
Ҷ. САЙФИДДИНОВ,
НБО «Роғун»