Шабҳангом аз як дудмоне дар кӯҳистони Муъминобод садои базми рақсу зам-замаи шеъру таронаҳои халқӣ, ки ба таҳсину кафкӯбиҳои аҳли хонавода ҷамъбаст мешуд, танинандоз буд. Чун анъана, ҳар шаб, баъди ғизои шом, истеъдодҳои наврас дар ҳавои чангу дафу дуторнавозии зодмандони ҳунарпарвари хеш рақсу cурудҳои ҷаззоби худро такрор мекарданд.
Шабнишиниҳои пурнишоти ин хонавода арзи шукргузорӣ ба як рӯзи сипаришудаи зиндагӣ буду ҳам тафреҳи пеш аз хоб, то субҳи навро бо вақти хушу рӯҳияи болида истиқбол намоянд. Бо мурури замон, аз ин кошонаи равшанзамирон духтари хушсалиқае ба воя расид, ки бо фикру андешаҳои ояндасозу фидокориҳои ватандӯстонааш намунаи ибрати дигарон шуд.
Мактаби миёнаро бо медали тилло ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо дипломи сурх хатм намуда, қариб 15 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфт. Тӯли ин муддат фориғ аз илмомӯзию фаъолияти омӯзгорӣ, ҳунарҳои мардумии аз зодмандон омӯхтаашро ривоҷу равнақ медод.
– Сарфи назар аз сарбориҳои рӯзона, ҳар шаб то дар сӯзанию дастидӯзҳо як гул нашукуфонда, сар ба болин намегузоштем. Зеро аз модар шунида будем, ки одамони машҳури олам маҳз бо саъю заҳмату шабзиндадорӣ ба ҳадафҳои худ расидаанд,- хотираҳои наврасиро варақ мегардонад Гулбарг Боқиева.
– Дар баробари таҳсилу фаъолияти омӯзгорӣ ҳунарҳои мардумии аз модар омӯхтаро дар муҳити хонавода рушду инкишоф медодем. Гарчанде санъату ҳунармандиҳои ирсиро пеша накарда бошем ҳам, тамоми пешрафту дастовардҳои ҳаётию касбиамон аз муҳиту тарбияи хонавода сарчашма мегиранд, ки падару модар дар ташаккули зеҳнию ҳунаромӯзии фарзандон таваҷҷуҳи хосса доштанд.
Бо амри тақдир дар кадом ҷодае, ки фаъолият дошт, маҳфилҳои ҳунарӣ таъсис медод ё аз ҳисоби ҳаваскорони мардумӣ гурӯҳи эҷодиеро созмон дода, истеъдоди дар зеҳну замири халқ нуҳуфтаро пешкаши ҳаводорони фарҳанги воло мегардонд. Чун меросбари фарҳанги ниёконаш ин нуктаро ба хубӣ дарк намуда буд, ки яке аз омилҳои рушду пешрафт намудани деҳот маърифатнокии сокинон ва бедор намудани ҳисси фарҳангдӯстию завқи худшиносии мардум аст. Дар замони роҳбарии Ҷамоати деҳоти «Кӯлчашма»-и ноҳияи Муъминободро ба зимма доштанаш, ки ба солҳои 2003 -2010 рост меояд, беҳтарин сарояндаву навозандагони ҳаваскори деҳотро ҷамъ намуда, чаҳор гурӯҳи ҳунарӣ таъсис дод, ки аз бошгоҳҳои саҳроӣ то чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ноҳияву вилоят ва фаротар аз он муаррифӣ шудаанд.
- Баъди як маросими фарҳангӣ, ки дастовардҳои меҳнатии Ҷамоати деҳоти «Кӯлчашма»-ро ба намоиш гузошта будем, бо мошини сабукрав ва ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шудем. Аз он пас, санъату ҳунармандиҳои миллии мардуми деҳоти Кӯлчашмаро дар озмуну чорабиниҳои вилояту ҷумҳурӣ муаррифӣ мекардем.
Соли 2004 ба истиқболи 80 - солагии пойтахти кишвар моро ба рӯзҳои фарҳангии вилояти Хатлон дар Душанбе даъват намуданд. Лаҳзае, ки дастаи ҳунарпешагони деҳоти Кӯлчашма аз минбари баланд қадрдонӣ мешуданд, як панди модарам ба хотирам омад, ки гуфта буд: «Агар бихоҳӣ, ки аз худ нақше ба ёдгор бимонӣ, пас, интизори суду подоши заҳматҳои худ машав то ҳамеша дар пайи эҷоду ҷустуҷӯи навовариҳо бошӣ, ки аз одам дар ин дунё танҳо илму амали нек боқӣ мемонаду бас».
Дар мушкилу монеаҳо мубориза бурданро имтиҳони қисмат дониста, ба гоҳе дар зиндагӣ луқмаи тайёру роҳи осонро интихоб накард. Аҳли фарҳанг аз заҳматҳои арзандаи Гулбарг Боқиева дар бунёду барқарорсозии муассисаҳои фарҳангии ноҳия ба некӣ ёд оварда, марҳилаи мондагори рушду нашъунамои соҳаро ба солҳои роҳбарии шуъбаи фарҳанги ноҳияи Муъминободро ба уҳда доштани ӯ нисбат медиҳанд.
Пешниҳоди таъсису роҳбарии нахустин ансамбли рақсии «Ситора»-ро дар маркази вилояти Хатлон насибаи тақдир гуфту ба шаҳри Бохтар кӯчид. Дар ду соли аввали фаъолияти роҳбарии Гулбарг ансамбли мазкур гули сари сабади маъракаву маросимҳои идонаи вилоят ва ҷумҳуриро мемонд.
Баъди бист соли фаъолияти пурсамар аз ҷодаи фарҳанг канор рафтанашро ҳукми тақдир хонда, ба фаъолияти соҳибкорӣ рӯ овард. Коргоҳи дӯзандагии ӯ бо тарҳҳои дилкашу сифати дӯхти либос ба зудӣ дар бозори минтақа муаррифӣ гардида, муштариёни худро пайдо карда истодааст. Итминон дорад, ки бо таҳияи лоиҳаҳои ҷадид дар таъсиси ҷойи кор, ҷалби бонувони хонашин ба истеҳсолот ва рушду муаррифии ҳунарҳои мардумӣ дар берун аз кишвар саҳми бештар гузошта метавонад.
- Коргоҳи дӯзандагӣ, ки ба ҷуз касбомӯзони ҷавон 20 тан занону духтарони оилаҳои ниёзмандро ба ҷойи кор фаро гирифтааст, макони дидору шиносоии бонувон аз ҳаёту рӯзгори ҳамдигар аст, - қисса мекунад Гулбарг Боқиева. - Лаҳзаҳои фориғ аз кор атрофи мавзӯъҳои мубрами ҷомеа мубодилаи афкор дошта, дар ҳалли мушкилиҳои зиндагӣ дастгиру мададгори ҳамдигар мешавем. Фаъолияти коргоҳи дӯзандагӣ ба дӯхту дӯзи сарулибоси мактабӣ ва абзори занона маҳдуд нашуда, ояндаи наздик дуконҳои адрасу атласбофиро низ ба кор дароварда, дастикам 10 -15 нафар занону духтарони хонашинро ба кор таъмин месозем. Баъди сафарҳои омӯзишӣ аз хориҷи кишвар якчанд барномаву лоиҳаҳои тиҷоратиро тарҳрезӣ намудаам, ки умр фурсат диҳад, онҳоро амалӣ хоҳам кард.
Баъди иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб, ки Гулбарг Боқиева чакани тоҷикиро муаррифӣ кард, бори дигар итминон ҳосил намуд, ки аз ин мероси фарҳангии миллат метавон намунае аз мудҳои ҷаҳониро эҷод кард, ки дар хориҷ аз кишвар ҳам харидори худро пайдо намояд. - Бонувони тоҷикро дар ақсои олам бо либоси чакану адрасу атлас мешиносанд, пас, чаро либоси расмии бонувони тоҷик аз ин матоъҳои оламгир набошад? - суолгузорӣ дошт ҳамсуҳбатам.
Ӯ ҳам мисли дигар занони мубориз аз дастоварду комёбиҳои худ неруи тоза мегирад, вале дар айни мушкилу бебарориҳои зиндагӣ аз ҳикматҳои дарёфтааш таскин меёбад, ки: «Одамизод то пешпо нахӯрда буд, гоми устувор нагузошт. То гуруснагиро эҳсос накард, ба қадри серӣ нарасид». Бад-ин минвол, ноумедӣ пешаи мо нест, - гӯён барои дар ҷомеа пайдо кардани ҷойгоҳи муносиб бонувонро ба илму донишандӯзӣ, фарҳангу худшиносӣ ва дар зиндагӣ мубориз будан даъват дорад. Аз сӯи дигар, дар симои бонуи тоҷик офарандаву тарбиятгари насли ояндаро мебинад, ки ба хотири пойдории оилаву ҳифзи муқаддасоти хонаводааш бояд чун мӯр заҳматкашу мисли кӯҳ босабру собит бошад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон