Маркази солимгардонии «Шоҳин - БМТ», ки соли 2013 бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд, дар тӯли шаш соли мавҷудияти худ яке аз беҳтарин марказҳои солимгардонӣ барои бачаҳову наврасону ҷавонон ва мавзеи сайёҳию варзишӣ, макони баргузории чорабиниҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ барои мардуми кишвар, ташкилотҳои дохиливу байналмилалӣ эътироф шудааст. Дар зарфи ду соли охир, ки ба ҶДММ «Шоҳин - БМТ» Раҳмат Азизов сарварӣ мекунад, тағйироти зиёди мусбат ба назар мерасанд.
Гулзори шукуфон, боғҳои сарсабз
- Ман, азбаски худ дӯстдори гулу дарахт мебошам, дар нахустин рӯзҳои кор дар марказ қариб 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан шинонда, боғҳои анору зардолу бунёд намудам. Се гармхонаи мавҷударо таъмир карда, ба гулпарварӣ махсус гардондем ва ҳар сол дар ҳудуди марказ, ки қариб 24 гектарро дар бар мегирад, 45 - 50 ҳазор бех гулҳои зебои мавсимӣ мешинонем. Қариб 40 ҳазор бех гулҳои гуногунранги садбарг ҳам парвардем.
«Шоҳин-БМТ», ки дар минтақаи фароғатии шаҳри Гулистон, дар соҳили баҳри Тоҷик ҷойгир аст, бояд дар ҳама фасли сол сабзу хуррам бошад. Ин аст мароми мо. Ногуфта намонад, ки гулпарварони мо маҳсули корашонро ба дигар ташкилоту муассисаҳо пешкаш менамоянд. Аз ҷумла, барои ороиши пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар арафаи чорабинии байналмилалии Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё беш аз 50 ҳазор бех гули тару тоза ҳадия намудем, - гуфт зимни суҳбат Раҳмат Азизов. – Аммо, мизоҷонро танҳо бо табиати зебо, гулгаштҳои дилрабо, оби баҳри мусаффо, фаввораҳои нуқраосо наметавон қонеъ кард.
Навсозии таҷҳизот ҳам самар дод
Талаботи мардум ба хизматрасонӣ дар асри ХХI бо суръати кайҳонӣ меафзояд. Масалан, он таҷҳизоте, ки ду сол пеш гӯё навтарин буданд, акнун куҳна ба ҳисоб мераванд. Сарвари нав тамоми биноҳои мавҷуда, майдонҳои фароғатию варзиширо мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ бозсозӣ кард ва бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз намуд. Ҳарчанд дар ин кор маблағи калон ҳам сарф шуд, натиҷаи хуб ба бор овард. Соли 2018 назар ба як соли пеш шумораи онҳое, ки «Шоҳин»-ро барои истироҳату фароғат интихоб карданд, ба 500 нафар боло рафт ё ки аз 3000 нафар ба 3500 нафар афзуд, ки 20 дарсадашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд ва фоидаи калон ҳам ба даст омад.
- Соли гузашта ва дар нимаи соли равон бисёр чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ дар сатҳи баланд гузаронда шуданд. Тобистони соли гузашта Вазорати маориф ва илм ба 1500 нафар омӯзгор дар маркази мо тарзу усулҳои нави таълиму тадрисро тибқи барномаи «Ҳамроҳ бихонем» омӯзонд, ки муаллимон ҳам дониши худро такмил доданду ҳам саломатии худро қавӣ гардонданд. Мувофиқи шартнома ин кор имсол ҳам доир мегардад, - мегӯяд муовини раис Умеда Раҳимова, ки масъули маркетинг аст.
– Аввалҳои имсол олимпиадаи байналмилалии арифметикаи менталиро бо иштироки 168 нафар навраси қобилиятноки мамолики Россия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гузарондем, ки ба мутасаддиён писанд омад. Бозии байналмилалии кушоди Осиёи Миёна бо иштироки 300 нафар навраси футболбози кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Россия бо унвони «Дарёи футбол» низ хотирмон буд. Онҳо ба сифати ду майдони стандартии футболи мо баҳои баланд доданд. Роҳбарони дастаи «Локомотив»-и Москва, ки дар ин мусобиқа ба ҳайси довар иштирок доштанд, қарор доданд, ки моҳи октябри соли равон 300 нафар футболбози ояндадори дастаҳои Россияро барои машқу тамрин ба «Шоҳин» меоваранд.
Дар ҳама фасл – дарҳо кушода
Биноҳои зимистонаи маркази «Шоҳин» тамоми фасли сол дар хизмати мизоҷон мебошанд, ки ҳамаи шароити зистро доранд. Маҷмаи гармобаҳо дорои бар, саунаи финӣ, ҳаммоми туркӣ, ҳаммоми русӣ, душ, ҷои либоскашӣ, ҳуҷраи масҳ ва ҳавз мебошад. Дар ошхона се вақт хӯроки солимро аз маҳсулоти тару тоза тановул кардан мумкин аст. Толорҳои машқу варзиш бо таҷҳизоти муосири обутобдиҳии бадан таъмин мебошанд.
Марказ маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ дорад. Ҳамчунин, дорои толори гуфтушунидҳо бо микрофонҳо, тарҷумаи синхронӣ, проектор, тахтаи сенсории интерактивии планшетӣ аст. Дар ҳолати зарурат маҷлису машғулиятҳоро дар саҳни ҳавлӣ низ гузарондан имконпазир аст.
Ногуфта намонад, чун маркази «Шоҳин» дар соҳили баҳр қарор дорад, барои истироҳаткунандагон саёҳат бо киштию заврақ, гидросиклҳо низ дастрас мебошад.
Аммо, тобистон дигар аст
Бо фарорасии таътили тобистонаи мактабиён мавсими пурмасъулияти кормандони марказ оғоз меёбад. Баробари 52 нафар корманди доимӣ, ки музди корашон соле 20 -25 дарсад меафзояд, боз камаш 30 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб хоҳад шуд. Зеро, дар муддати таътил марказ дар 6 басти 10 - рӯза мактабиёнро қабул мекунад. Дар мувофиқат бо мақомоти иттифоқи касабаи соҳавӣ имсол қариб ҳамаи роҳхатҳо барои тамоми давраи таътил фармуда шудаанд, ки фоли нек аст. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ғайр аз машғул шудан ба бозиҳо ва варзишҳои солимгардонӣ мувофиқи хоҳишашон ба 12 маҳфил: кулолӣ, рассомӣ, рақсу мусиқӣ, журналистии матбуоту телевизион, маҳорати суханварӣ, кӯҳнавардӣ, ошпазӣ ва ғайра бо роҳбарии мутахассисони варзидаи ин соҳаҳо машғул шуда метавонанд. Барои онон 5 вақт хӯроки гарм ташкил карда мешавад.
Маркази солимгардонӣ ва сайёҳию варзишии «Шоҳин - БМТ» имкони дар як шабонарӯз қабул кардани то 600 нафар мизоҷро дорад ва имрӯзҳо даҳҳо нафар бачаҳо таътили тобистонаи худро дар ин ҷо хушу хурсандона мегузаронанд.
Бачаҳои имконияташон маҳдуд ҳам соле то 240 нафар баробари дигар ҳамсолонашон бо имтиёз аз ин фароғатгоҳи хотирмон баҳра мебаранд, ки беҳтарин кори хайр аст.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Гулистон