Чун вориди хонаи бону Фотима шудем, ӯро ҳамроҳи ҳамсоягону хешовандон ба ҷамъоварии пилла андармон дарёфтем. Маҳину нозук, вале чобукона аз дастаи ғӯзапоя кирмакҳоро мечид.
Фотима Тӯхтаева, сокини Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Хуросон, зиёда аз 20 сол аст, ки ба кирмакпарварӣ шуғл дорад. Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ пас аз дарс ба бобову амакҳояш дар ин кор ёрӣ мерасонд. Аз ҳамон замон меҳри кирмакпарварӣ дар қалбаш ҷой гирифт. Аз бобо тарзи дурусти нигоҳубин ва сирру асрори пиллапарвариро пурсон мешуд ва дастуру ҳидоятҳои эшонро дар амал татбиқ менамуд. Пас аз ҷашни арӯсӣ пиллапарвариро дар хонаи хушдоманаш низ идома дод. Тадриҷан аҳли хонаводаи шавҳараш ба парвариши пилла омӯхт шуданд.
- Аҳли байти шавҳарам соҳиби хоҷагии деҳқонӣ мебошанд. Барои парвариши пилла ин бас мувофиқ буд. Заҳматҳоямон самар медод. Худро бидуни ин фаъолият тасаввур карда наметавонистам. Баъд аз супурдани пилла гумон мебурдам, ки чизеро аз даст додаам. Ҳамасола мавсими тақсимоти кирмакҳоро интизорӣ мекашам, - қисса оғоз кард Фотимабону.
Агарчи ӯ имрӯз соҳиби манзили хеш аст, ҳамоно кирмакҳоеро, ки аз ҳисоби замини хоҷагии деҳқонии хусураш дода мешаванд, дар манзили худ бо шавҳар ва ҷамъи фарзандон парвариш менамояд. Ҳамасола як қуттӣ кирмак гирифта, давоми 40 рӯз нигоҳубин менамояд ва аз ин миқдор 60 – 66 кг пилла месупорад.
- Барои ҳосили хуб ба даст овардан, кирмакро мебояд дар ҷойи гарму рӯшан нигоҳубин кард. Ҳамчунин, ғизояшро дар вақту соати зарурӣ додан лозим аст. Рӯзҳои аввал тӯли як шабонарӯз 2 - 3 маротиба ба кирмакҳо барги тут медиҳем, вале тадриҷан бо бузург шудани онҳо андозаи ғизоро зиёд менамоем. Ҳаҷм ва муҳлати хӯрокдиҳӣ бояд сари вақт иҷро гардад. Дар сурати зиёд ва ё кам додани хӯрок ҳосилнокӣ низ паст мегардад.
Кирмакпарварӣ, агарчи дар назари аввал кори саҳл намояд ҳам, амалест заҳматталаб. На ҳар шахс барои додани ғизо назди кирмак медарояд. Кадом марҳила ва дар хоби чандум қарор доштани кирмакҳо ҳам ба инобат гирифта мешаванд.
- Кирмак марҳилаҳои гуногунро сипарӣ намуда, 4 маротиба хоб меравад. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ба онҳо ғизо намедиҳанд. Пас аз се рӯз, ки ба кирмакҳо барг дода мешавад, онҳо ду шабонарӯз хоб мераванд. Хоби дувум баъд аз 4 - 5 рӯз фаро мерасад, ки он низ ду шабонарӯзро фаро мегирад. Хоби сеюм се шабонарӯзро ташкил дода, пас аз як ҳафта ба марҳилаи охирини хоб, ки аз ду соат иборат аст, мерасанд, – мефаҳмонад Фотима Тӯхтаева.
Баъд аз хоби чаҳорум ранги кирмак зард шуда, дарак аз танидан меорад. Барои танидану пилла кардан ба болои онҳо ҷорӯби калон ва пояи ғӯза гузошта мешаванд, ки кирмакҳо танҳо дар чунин навъи шохаҳо тор метананд. Бо гузашти як ҳафта тамоми кирмакҳо ба пилла мубаддал гардида, аз шохаҳо тоза карда мешаванд. Дар сурати дер чидани пилла он хушк гардида, кирмаки дохили он шаҳпарак шуда, ба парвоз меояд.
- Пиллае, ки сап - сафед асту зоҳиран ба рақами 8 шабоҳат дорад, пиллаҳои бо сифат маҳсуб меёбад, - иброз дошт бону.
Имсол ӯ аввалин шуда, пеш аз муҳлат пилла супурд, ки аз як қуттӣ 66 кг ҳосил ғундоштааст. Тайи 10 соли охир дар самти пиллапарварӣ яке аз пешгомҳои Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ мебошад. Ғайр аз дастмузд, ҳамчунин, бо туҳфаҳои хотиравӣ низ қадрдонӣ мегардад, ки ин иқдом ба кирмакпарвар рӯҳбаландӣ меафзояд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам, солҳои охир норасоии барги тут мушкили асосии кирмакпарварон гардидааст ва на ҳама заминдорон барои онҳо барги тутро дастрас менамоянд. Бидуни барги тут парвариши пилла ғайриимкон аст. Барги тут ғизои ягонаи кирмак ба ҳисоб меравад.
- Солҳои пеш тракторҳои махсус фаъол буданд, ки кирмакпарваронро бо барг ва коғаз таъмин менамуданд. Ҳоло кирмакпарварон шахсан ба дарёфти барг рӯ меоранд. Барои овардани барг неруи мардона зарур аст, ки аз ин боб танқисӣ дорем. Аз ду писар якеаш донишҷӯ ва дигарӣ дар хизмати ҳарбӣ аст. Фарзандони дигарам хурдсоланд ва шавҳарам бештар ба корҳои хоҷагидорӣ шуғл меварзад. Мушкили дигар - кам будани арзиши заҳмати пиллапарварон аст, - мегӯяд Фотима.
Барои рафъи мушкилӣ ва ҷалби бештари мардум ба ин навъи машғулият Фотима Тӯхтаева ба он назар аст, ки замин барои ниҳоли тутшинонӣ бояд ройгон ҷудо гардад, то сари вақт кирмакҳо бо ғизо таъмин карда шаванд. Дар ин росто, зери дарахтони тут имкони кишт намудани дигар навъи сабзавот ва полизиҳо низ имкон дорад. Эҳёи анъанаи бо барг сари вақт таъмин кардани кирмакпарваронро муҳим медонад, ки аксарият кӯдакони хурдсол дошта, баъзан шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатианд.
- Дар ин сурат метавонем дар як сол 3 - 4 маротиба кирмак парвариш намоем. Чунин таҷрибаро ҳамсоякишвари мо – Ӯзбекистон ба роҳ мондааст. Чанд маротиба ба он ҷо сафар карда аз рафти фаъолияти онҳо бохабар шудам. Заҳматкашони он ҷо дар як сол 3 маротиба кирмак парвариш карда, ҳосил медиҳанд. Барои ҳар кадоме аз онҳо замини махсус ҷудо кардаанд ва барги тутро дар навданиҳол будан ба кирмак медиҳанд, ки суди бештар меорад. Ҳавасмандгардониҳои зиёдро низ роҳандозӣ менамоянд, ки фаъолиятро дар ин самт тақвият мебахшад. Имсол пиллапарварони ӯзбекистонӣ ният доранд, ки 4 маротиба кирмак парвариш карда, аз он ҳосили хуб ба даст оранд. Дар сурати рафъи камбудиҳо на танҳо хоҷагидорон, балки мардуми одӣ низ машғули кирмакпарварӣ хоҳанд шуд, ки он барои рушди иқтисодиёти кишвар ва некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард, - иброз дошт дар интиҳо ин бонуи пиллапарвар, ки дар ин радиф ба парвариши ҷорӯбак ва пахта низ шуғл дорад.
шаҳдреза,
ноҳияи Хуросон