Аз соли 2006 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкории занон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани онҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегарданд.
Зулайхо Муродова, сокини ноҳияи Лахш, аз зумраи бонувони саодатманд аст, ки соли 2018 ба гирифтани гранти президентӣ мушарраф гардида, дар хонааш коргоҳи хурди қолинбофиро таъсис додааст.
- Соли 2018 бо дархост дар озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ намудани занҳои соҳибкор дар соҳаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шароити кӯҳистон ширкат намудам. Хушбахтона, лоиҳаи пешниҳоднамудаам барои дарёфти грант - «Қолинбофӣ аз маҳсулоти пашми маҳаллӣ» аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт ва аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ба ман 30 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Тибқи лоиҳа бо ҷалби мутахассисон ва ҳунармандони маҳаллӣ аз ҳисоби занҳои хонашин, ки 30 дарсади корҳои лоиҳа аз ҷониби онҳо амалӣ мешавад, барои бонувон курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ ва ҷойҳои нави корӣ ташкил гардид. Ҳадафи мо аз ҳисоби маҳсулоти хоми маҳаллӣ – пашм, ки дар ноҳия бештараш талаф мегардад, истеҳсол намудани қолинҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, бе истифодаи неруи барқ бо тарзи дастӣ мебошад, - мегӯяд бонуи ҳунарманд Зулайхо.
Тавре ӯ иброз намуд, дар роҳи инкишофи санъати дастӣ мушкилоти гуногун вуҷуд доранд. Бархе аз ҳунарҳои косибӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони кишвар қариб аз байн рафтаанд. Бинобар ин ҳоло зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ин намуди ҳунар ба миён омадааст. Пеш аз ҳама, ҳунари дастии халқӣ ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.
- Боиси хушнудист, ки бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи косибӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Барои мо – бонувони ҳунарманд имкон фароҳам омад, ки боз ҳам маҳорати хешро ривоҷ дода, он ҳунарҳое, ки аз қадим боқӣ мондаанд, аз нав эҳё намоем. Имрӯз шоҳиди онем, ки дар партави ин ташаббус бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ занону духтарони хонашине, ки ҷойи кори доимӣ надоранд, ба омӯхтани касб ҷалб мешаванд. Дар натиҷа сатҳи зиндагии худро беҳтару хубтар месозанд. Ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат аз ҷониби худ кӯшиш мекунем, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ боз ҳам бештар талош намоем,- мегӯяд Зулайхо.
Дар ин коргоҳ алҳол 3 нафар бонуи ҳунарманд ба қолинбофӣ машғул буда, мувофиқи табъ ва хоҳиши мизоҷон қолинҳои дастбофи рангорангро омода месозанд.
- Хубии кор дар он аст, ки мо дар хона ба касби қадимӣ шуғл меварзем ва ҳам фарзандҳо таҳти назоратанду боз аз маблағи даромад рӯзгори худро пеш мебарем, - мегӯяд бонуи ҳунарманд Мастона.
Зулайхо аслан омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мебошад, вале ба касби дӯзандагиву қуроқдӯзӣ, намадрезиву сӯзаникашӣ ва бахусус қолинбофӣ, ки аз модараш омӯхтааст, шавқу рағбат дорад.
- Аз овони хурдсолӣ медидам, ки чи гуна модарам пашмҳои чорворо тоза карда маҳину суфта менамуд ва аз он калобаи ришта мересид. Риштаҳоро бо истифода аз гулу рустаниҳои табиӣ ранг мезад. Дар деҳаи мо бештар занон ба намадрезӣ шуғл меварзиданд, зеро он нисбат ба қолинбофӣ осонтар аст. Модарам қолини дастӣ мебофтанд, ки заҳмати бештар ва вақти зиёдро мегирифт. Агар барои як намади арӯсӣ як ё яку ним моҳ сарф шавад, барои ҳамин ҳаҷм қолин моҳҳо ва ҳатто сол масраф мегардад, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Барои такмил додани ҳунараш Зулайхо ба назди устоҳои чевари кишвари ҳамсоя, Қирғизистон сафар намуд. Ӯ як моҳ аз қолинбофон Оиша Ормонова ва Алтин Абдураҳмонова нозукиҳои касбро аз бар намуд.
- Мо қирғизтаборем ва мардумони мо, ки бештар чорвопарваранд, дар коркарди пашм таҷрибаи зиёд доранд. Аз ин хотир, ба назди бонувони ҳунарманди ноҳияи Чон - Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо ноҳияи Лахш ҳамсарҳад аст, рӯ овардам. Тӯли як моҳ тарзи коркарди дастии пашм, ресидану ранг намудани он, омода кардани торҳои ришта барои заминаи қолин, ки болои он баъдан бо риштаҳои пашмини ранга нақшҳо бофта мешаванд, омӯхтам. Қолини қирғизӣ, ки онро гилем меноманд, мисли намадҳошон, шакли росткунҷаи дарозрӯяро дорад (1,5 х 3м). Бонувони солманди олойӣ барои чен намудани гилемҳояшон ченаки қадимаи худ - «қулан» ва «қариш» - ро истифода мебаранд. «Қулан» ин андозаи байни аз ин дасти кушода то он дасти кушода ва «қариш» бошад, андозаи як ваҷабро мегӯянд. Одатан, қолинҳои қирғизҳои минтақаи Олой начандон калонанд, чоркунҷаву 80 бар 95 сантиметр, - меафзояд ӯ.
Дар шароити кӯҳистон истеҳсоли қолинҳои пашмӣ бамаврид аст, зеро барои он ашёи зарурӣ муҳайёст ва ин намуд маҳсулот таваҷҷуҳи сайёҳонро низ ба худ ҷалб месозад.
- Тибқи барнома мо бояд марҳила ба марҳила 20 нафар бонуро аз ҳисоби занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта, онҳоро бо шуғли доимӣ таъмин намоем. Ният дорем, дар назди фурудгоҳи ноҳия, ки корхонаи мо он ҷо қарор дорад, дукони худро кушоем. Зеро сайёҳону кӯҳнавардони хориҷие, ки ҳамасола ба ноҳияи Лахш ташриф меоранд, тавонанд армуғонҳоро бо худ ба ёдгор аз Тоҷикистон бубаранд, - гуфт дар охири суҳбат Зулайхо Муродова.
САбрина,
ноҳияи Лахш