Корхонаи «Зари Кӯлоб» аз шумори коргоҳҳои пешқадаму замонавии шаҳр аст, ки бо истеҳсоли маҳсулоти қиматбаҳои худ миёни дигар коргоҳҳои кишвар мақоми шоистае пайдо кардааст. Маҳсулоти он на танҳо дар дохил, балки берун аз мамлакат ҳам шуҳрат дорад. Номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудааш аз сад гузаштааст…
«Зари Кӯлоб» соли 2005 дар арафаи ҷашни 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, бо ҳидоят ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Сарвари давлат дар давраи омодагӣ ба ҷашн, дар яке аз суҳбатҳои хосса бо мардуми шаҳр чунин гуфта буданд: «Яке аз ҳадафҳои мо аз таҷлилу баргузории ин ҷашн, пеш аз ҳама, эҳё намудани ҳунар ва суннату анъанаҳои беҳтарини мардуми ин шаҳри бостонӣ мебошад. Шаҳри Кӯлоб макони ҳунармандон аст. Дар ин ҷо ҳазорҳо ҳунармандон кору рӯзгор карда, аз худ нақши неке ба ёдгор мондаанд. Бубинед, ки ин шаҳр чӣ қадар ба ҳунармандон иртибот дорад, то ҷое ки маҳаллаҳою кӯчаҳояш ҳам ба номи ҳунармандон ёд мешаванд. Аз ин мебарояд, ки ин ҷо ҳунар дар рӯзгори мардум нақши асосӣ дорад. Вазифаи мо - наслҳои имрӯза аз он иборат аст, ки ин ҳунарҳоро эҳё намоем ва идома диҳем».
Сарвари давлат дар он суҳбат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ишора карда, шахсони мутасаддиро муваззаф сохтанд, ки ба ифтихори ин ҷашн коргоҳҳои махсусеро вобаста ба эҳёи ҳунарҳои чакандӯзӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, кулолӣ ва амсоли инҳо бунёд намоянд.
«Зари Кӯлоб»
Вазорати саноат ва технологияҳои нав чун туҳфаи ҷашнӣ корхонаи «Зари Кӯлоб» - ро таъсис дод ва барои пеш бурдани фаъолияти он 20 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Роҳбарии корхонаро ба зиммаи яке аз ҳунармандон ва заргарони чирадасти Кӯлоб Шоҳқурбон Ҳакимов вогузоштанд.
- Ба ман гуфтанд, ки ин хоҳиши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, - ба хотир меорад усто Шоҳқурбон. - Он кас мехоҳанд, ки мо дигар дар хона нею, балки дар коргоҳҳои махсус фаъолият намоем, то маҳсули ҳунарамонро озодона ба мардум пешниҳод карда тавонем. Ин ҳунари аҷдодиро, ки аз бобою бобокалонамон ба ёдгор мондааст, дар як вақт ба дигарон омӯзонему нишон диҳем, - мегӯяд ӯ. - Ин пешниҳод моро болу пар бахшид ва эътимодамонро ба кору ҳунари худ садчанд кард…
Коргоҳи заргарӣ ва ҳунармандӣ
«Зари Кӯлоб» коргоҳи заргарист ва ин ҷо аз нуқраю тилло маҳсулоти қиматбаҳо истеҳсол менамоянд. Тилло ва нуқра, яъне зарро инсоният ҳамчун муодили сарвату боигарӣ ва дороӣ қабул кардааст. Вале, вақте ки зар ба дасти заргарони ҳунарманд меафтад, он ба моли ҳунар табдил меёбад. Ин ҷо дигар на зар, балки ҳунар чизи асосӣ аст. Қимати зарро заргарон аз рӯи ҳунарашон маълум менамоянд, на аз рӯи арзиши нуқраю тилло…
Ҳунари аҷдодӣ – мусибат ва мушкилиҳо
Заргарӣ барои оилаи Ҳакимовҳо аҷдодист. Усто Шоҳқурбон ин ҳунарро аз падари худ омӯхтааст.
– Падарам дар ибтидо намехост, ки заргар бишавам, - ба хотир меорад ӯ. – Зеро, дар гузашта маҳз ҳамин ҳунар боис гардида буд, ки ӯро ду маротиба ба маҳбас бикашанд ва озору ситами бисёре бидиҳанд. Солҳои баъд аз инқилоб ба ҳунармандон он қадар рӯи хуш намедоданд. Аксари онҳоро кулак гуфта, ба маҳбас кашиданд, қисми дигарро нобуд карданд. Дар ин миён падари ман низ бо гуноҳи фарзанди кулак будан, ба маҳбас афтод.
Ман, ки дар оила фарзанди ягона будам, падарам розӣ нашуд, ки ба сари ман низ ягон хел бадбахтӣ ояд. Аммо, ин ҷо воқеае рух доду падарам аз ин раъйи худ баргашт. Солҳои 60 – уми асри гузашта як барномае бо номи «Чашма» арзи ҳастӣ дошт. Боре кормандони телевизион ба хонаи мо омада, дар бораи падарам барномае омода намуда, ба ҳунараш баҳои баланд медиҳанд. Баъди ин ӯ бовар ҳосил мекунад, ки ҳукумат аз «гуноҳаш» гузаштааст.
Аз рӯи нақлҳои модарам, вақте ки кормандони телевизион ба хонаи мо меоянд ва дар ин хусус сухан мекушоянд, ӯ пинҳонӣ ҳама асбобҳои падарамро аз хона берун бурда, дар як ҷо зери хок мегӯронад. Вале, чун мефаҳмад, ки меҳмонон ягон нияти бад надоранд, дарҳол боз асбобу анҷомро ба хона бармегардонад.
Ҳунар беҳ аз кони зар
Коргоҳи «Зари Кӯлоб» маҳсули даврони истиқлолият аст. Маҳз соҳибистиқлолӣ барои ривоҷи касбу ҳунар имконияти фарохеро фароҳам овард. Ҳоло дар ин коргоҳ бештар аз 20 нафар ҳунарманд фаъолият намуда, зиёда аз сад намуд маҳсулоти ороишӣ меофарад. Дар ин ҷо асосан ороишоти занона, аз ҷумла: дастпонаю дастбанд, гӯшвору ангуштарин, гарданбанду қассоба ва боз ороишоти зиёде барои арӯсон истеҳсол мешаванд, ки имрӯз талабгоронашон зиёд шудааст.
Ду тан аз фарзандони усто Шоҳқурбон - Шуҳрат ва Ёқуб ин ҳунарро хеле хуб аз бар намуда, имрӯз озодона маҳсулотро мутобиқи тахайюлоти худ пардоз медиҳанд. Келинҳои хонадон Шабнам ва Меҳрангез низ заргариро хуб аз бар кардаанд.
«Моли Ҳиндустон ин ҷо чӣ мекунад!»
Соли 2010 Президенти Ҳиндустон Пратибҳа Патил ба Кӯлоб меояд. Меҳмони олиқадрро дар шаҳр гарм истиқбол мегиранд. Ӯ аз ҷойҳои тамошобоби ин шаҳри бостонӣ, аз ҷумла аз мақбараи орифи бузурги машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар Ҳиндустон бо номи Мири Кабир маъруф аст, дидан мекунад. Истиқболи гарм ва меҳмоннавозиҳои мардуми Кӯлоб ба ин бону писанд меафтад ва ӯ аз ин тарзи муносибат хушнуд мегардад. Шаҳрдорӣ дар фарҷом ба меҳмони олиқадр туҳфаи қиматбаҳоеро тақдим менамояд. Ин як гарданбанди бисёр зебое буд аз маҳсули ҳунармандони корхонаи «Зари Кӯлоб». Вақте ки туҳфаро ба Президенти Ҳиндустон пешниҳод менамоянд, ӯ дар ҳайрат монда мегӯяд:
- Ин моли моро аз куҷо овардед? Ба ман моли худатонро диҳед!
- Ин на моли шумо, балки маҳсули дасти заргарони кӯлобист, ки дар шаҳри Кӯлоб истеҳсол мешавад, - мегӯянд мутасаддиён.
Меҳмон боз бештар ба ҳайрат меафтад ва мегӯяд: «Наход дар Кӯлоби шумо ҳам устоҳои чирадасте бошанд, ки ин гуна ороишоти зебою нозукро офарида тавонанд? Дар Ҳиндустон ин гуна молҳоеро, ки маҳсули ҳунари баланданд, муъҷиза мегӯянд», - изҳор медорад ӯ.
Раиси шаҳр, муаллифи туҳфа - усто Шоҳқурбонро ба ӯ шинос карда мегӯяд, ки молеро, ки дар Ҳиндустон муъҷизааш мегӯед, маҳсули дасти ҳамин усто аст…
Мушкилиҳои истеҳсолӣ
Аз рӯи гуфтаҳои усто Шоҳқурбон имрӯз дар коргоҳ мушкилиҳои зиёде вуҷуд доранд ва ӯ баҳри бартараф намудани ин норасоиҳо ҳамеша дар талош аст. Ҳарчанд ки муваффақиятҳо ҳам назаррасанду маҳсулоти корхона соҳиби ҷоизаю мукофотҳо гардида, ба бозорҳои хориҷ роҳ ёфта бошанд ҳам, боз масъалаҳое низ ҳастанд, ки бидуни ҳалли онҳо, наметавон аз пирӯзиҳои бештаре ҳарф зад.
- Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки маҳсулотамонро замонавӣ гардонда, таҷҳизоти навтаринро ворид намоем ва ба бозорҳои калон роҳ ёбем, - мегӯяд ӯ. – Вале, барои анҷоми ин ҳама корҳо маблағи зарурӣ надорем. Дар тӯли 15 соле, ки коргоҳ фаъолият дорад, мо аз ягон бонк на танҳо қарзҳои имтиёзнок нагирифтем, балки қарзи муқаррарӣ ҳам гирифта натавонистем. Корхонаи мо Корхонаи воҳиди давлатӣ аст, вале аз ягон имтиёз бархӯрдор нест. Дар партави эълон шудани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба ҳунармандон имтиёзҳои зиёде пешниҳод гардид. Ҳама коргоҳҳое, ки ба ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, аз андозҳо озод шуданд, вале коргоҳи мо, ки сирф корхонаи ҳунармандист, аз ин имтиёзҳо бенасиб монд. Ҳоло ҳам аз «Зари Кӯлоб» андозҳои вазнин мерӯёнанд, ки ин мушкилиҳои кори моро боз ҳам печидатар мегардонад.
Усто Шоҳқурбон аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунар ва ҳунармандӣ, хеле хушҳол аст. – Ман ифтихор дорам, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар сафарашон ба Кӯлоб, бо ман дидорбинӣ ва суҳбату мулоқот менамоянду аз кору борам пурсон мешаванд. Ҳар дафъа ҳам ба мо маслиҳату ҳидоятҳо медиҳанд. Аз мушкилиҳо, аз камбудию норасоиҳо пурсон мешаванд. Вале, то кунун дар корамон, ки мушкилиҳо набуданд, чизе намегуфтам. «Ҳамааш хуб аст, Ҷаноби Олӣ» - мегуфтам. Агар ин дафъа дидор бо ин марди бузург иттифоқ афтад, аз мушкилиҳои кор сухан хоҳам гуфт. Ҳатман аз ӯ дархост мекунам, ки барои «Зари Кӯлоб» низ имтиёз муқаррар гардад, - изҳор намуд усто Шоҳқурбон Ҳакимов.
Алихон Зарифӣ,
шаҳри Кӯлоб