Раҳораҳ манзараҳои дилфиреби кӯҳистон чашмрабоӣ мекарданд, рӯди Зарафшон бо шӯри баҳорона, бо созу бо тарона моро гӯиё роҳбалад буд. Боғҳо баъди гулафшонӣ самар мебастанд. Дар саҳроҳо мардум, бо вуҷуди гармои барои ин фасли сол камсобиқа, киштзорони картошкаро, ки назар ба солҳои гузашта хеле бештар шудаанд, каланд мезаданд, об мемонданд. Кишти шолӣ низ дар авҷ буд, зеро деҳқонон ният доранд, ки истеҳсоли биринҷи девзираи Панҷакентро, ки дар дохилу хориҷи кишвар талабгори зиёд дорад, зиёдтар кунанд. Аммо, ҳадафи аслии мо ошно шудан ба ҳаёти ҳунармандони шаҳр дар оғози Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019–2021) буд.
Бонуи руси ҳунарманд
Анна Юсуфоваро чархи фалак ҳанӯз соли 1962 аз кишвари Красноярски Россия ба деҳаи Чинори Панҷакент, аз соҳили рӯди Ангара ба соҳили Зарафшон оварда буд. Аннаи 21- сола аввалҳо худро бегона эҳсос менамуд, зеро забони тоҷикӣ, урфу одати мардумро намедонист ва борҳо азми рафтан ба диёри худ кард. Вале, ба қавли шоир «муҳаббат омаду олам дигар шуд». Ба Анна як ҷавони коргар, ки ҳамроҳи геологҳо кор мекард, ошиқ шуд. Анна ҳам нисбат ба ӯ бефарқ набуд. Ниҳоят ҷуфти муносиб оила бунёд намуд. Анна забон ва расму русуми аҳли деҳро меомӯхт.
Махсусан, ҳунари гулдӯзии хоҳарони ҳамсараш ӯро ба ваҷд меовард ва, азбаски хушзеҳн буд, зуд нозукиҳои ин ҳунарро аз бар намуд.
Анна соҳиби 5 фарзанд, 18 набера, 16 абера аст. Ба ғайр аз забони модарӣ бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ҳам озодона суҳбат мекунад. Дини исломро ҳам бо хоҳиши дил пазируфт.
-Барои ҳунарманди асил шудан, пеш аз ҳама, оташаки меҳре дар дил лозим аст, - мегӯяд Анна Юсуфова. – Ман ҳунарро самимона дӯст медорам ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки эҳсосоти худро ба воситаи он таҷассум намоям. Асосан барои аҳли хонадон ва ёру дӯстонам ҳунармандӣ мекунам. Шод мегардам, вақте аз туҳфаҳои ман дар чашмонашон ҳисси шодию сипос ҳувайдо мегардад. Ба намунаи ҳунарҳои Анна Юсуфова дар озмуни вилоятии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баҳои баланд ва мукофот доданд.
Анна Юсуфова мамнун аст, ки Ҳукумати мамлакат ба ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.
- Хурсандам, ки туфайли тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии моддию маънавии ҳунармандон насли наврас ҳам ба ҳунаромӯзӣ шавқи беандоза пайдо кардааст. Аз ҷумла, аксари набераҳоям хоҳиш доранд, ки ба онҳо ҳунар омӯзонам. Ман ҳам бо камоли майл хоҳишашонро иҷро мекунам, Ҳунар беҳтарин ёдгорие хоҳад буд, ки барояшон мемонам.
То Амрикову Россия
Бунафша Раҳмонова, ки дар доираи ҳунармандони ҷумҳурӣ бештар бо номи Манижа маъруф аст, мегӯяд, ки ҳунари бофандагиро мустақилона омӯхтааст. Ба туфайли иштирок дар озмуну намоишҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ маҳсули ҳунари бофандагияш кайҳо берун аз Панҷакент маълуму машҳур аст. Аз ҷумла, дар Афғонистони ҳамсоя ба маҳсулоти бофтаи ӯ мароқ зоҳир кардаанд ва барои харид фармоиш додаанд.
Чанд намунаи ҳунари худро дар Россия ва Амрико бо маблағи хуб фурӯхтааст ва ният дорад, ки роҳу усулҳои бештар ба бозорҳои аврупоӣ баровардани офаридаҳояшро омӯзад.
-Аврупоиён аксар ба пӯшоки аз маҳсулоти табиӣ тайёршуда таваҷҷуҳ доранд. Агар тарғибу ташвиқи маҳсули бонувони ҳунармандро бештар намоем, солҳои наздик харидорони зиёде пайдо хоҳем кард, - бо итминон мегӯяд ҳунарманд.
Ба туфайли грантҳо
Дар шаҳру деҳоти Панҷакент ҳунарҳои миллии сӯзанӣ, яккабанд, кӯрпа, ҷомаву ҷиҳак ва зардӯзӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, пӯпаку гаҳвораву сандуқу кордсозӣ, сабаду шолбофӣ, қолину атласу адрасбофӣ, дӯзандагӣ ва ғайра умри дубора пайдо кардаанд ва имрӯз қариб ба 60 намуд ҳунари қадимии миллӣ бонувон машғул мебошанд.
Барои дастгирии ҳунармандон грантҳои таъсисдодаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят, ки ба тариқи озмун тақсим мешаванд, такони ҷиддӣ медиҳанд. Ин иқдом аз соли 2013 идома дорад ва ҳар сол ҳаҷми ин қарзҳои бебозгашт меафзояд.
Муовини раиси шаҳри Панҷакент Зайнура Азимӣ аз мусоидати грантҳои президентӣ ба ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ чунин иброз дошт:
- Ҳунармандон Манижа Бурҳонова ва Олеся Шодмонова соли гузашта соҳиби Гранти президентӣ ба маблағи 40000 сомонӣ гардиданд. Онҳо ин маблағро мувофиқи мақсад истифода бурда, ҳар кадом 20-нафарӣ - ҷамъ 40 нафар зани хонашинро ҳунар омӯзонданд ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуданд. Ҳамчунин, ҳунармандон Бибиробиза Нарзуллоева ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ, Зинатой Ҷӯраева ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ,Зиннатой Ҷалилова ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ сазовори гранти вилоятӣ гардиданд. Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии ҳунарҳои дастӣ ва хонагӣ дар соли 2019 дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр бо занону духтарони ҳунарманд машварату вохӯриҳо гузарондем. Алҳол бонувони ҳунарманд лоиҳаҳои худ-ро барои гирифтани грантҳо таҳия ва пешниҳод менамоянд.
Маҳфили сӯзанидӯзон
- Сӯзанӣ ва кашидадӯзӣ аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон мебошанд, -гуфт роҳбари маҳфили сӯзанидӯзон Матлуба Аминова, ки дар кохи фарҳанги шаҳр амал мекунад. Сӯзаниҳоро барои оро додани хонаи арӯсон, маросимҳои хурсандӣ истифода мебаранд. Дар ибтидо сӯзанидӯзӣ дар матоъҳои пахтагин бо риштаҳои абрешимину пахтагӣ иҷро мешуд, баъдтар сӯзанидӯзӣ дар матоъҳои шоҳӣ ва замонавӣ ҳам расм шуд. Мо нақшу нигорҳои қадимиро идома дода, мекӯшем, ки ба маҳсули ҳунарамон тобиши замонавӣ ҳам диҳем. Дар сӯзаниҳои мо манзараҳои табиати афсункори кишвар торафт бештар инъикос меёбанд.
Рушди қуроқдӯзӣ ва зардӯзӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои ҳар чи бештар рушд додани дигар ҳунарҳои бонувон то ҳадди имкон шароит муҳайё месозад. Чунончи, барои маҳфили қуроқдӯзон дар кохи Лоиқ Шералӣ ҳуҷраи алоҳида ҷудо шудааст.
- Таваҷҷуҳи бонувон ба ин ҳунар бештар аст, -гуфт роҳбари маҳфили қуроқдӯзон Соҷида Ҷалолова, -зеро ашёи он аз пораҳои боқимондаи либос пас аз дӯхтан иборат буда, нисбатан дастрас мебошад. Ҳунармандон аз пораҳои матоъ либосҳои арӯсӣ, кӯрпаву кӯрпачаву болин, дастархон ва ғайра медӯзанд, ки талабгорони зиёд доранд.
Солҳои охир зардӯзӣ дар тайёр кардани ҳар гуна либосҳои миллӣ, пардаҳои ороишӣ васеъ истифода мешавад. Зардӯзони машҳури панҷакентӣ Мавлуда Абдураҳмонова ва Хиромон Сорбонзода бо камоли майл ҳунари волои худро ба шогирдони зиёдашон меомӯзонанд.
Ҷӯёи СУҒДӢ,
шаҳри Панҷакент