Сари дукони пешаварӣ ба зону нишаста, бо нахи зарин рӯи нақшҳои зебо моҳирона сӯзан заданро аз 12 -солагӣ омӯхтааст. Ҳунаре, ки дар гузашта ангуштони қавии мардони тоҷик ба он таҳаммул дошту пешаи сирф мардона ҳисобида мешуд, чаро ки кори мураккаб буду заҳмати гаронталаб…
Рӯи коғази ғафс нақшу нигори гуногунро рӯшан кашида, баъдан бо дақиқияти том ҳошияҳои онро бо қайчӣ мебурад. Матои сонро рӯи дукон ҳамвор карда, ба тамоми гӯшаҳои он мустаҳкам месозад. Матои асосиро низ, ки рӯи он зардӯзӣ амалӣ мегардад, ба дукон – рӯи сон насб намуда, нақшҳои буридаро ба он мегузорад ва бо ресмон кӯк мезанад. Пасон, бо риштаи зарин рӯи нақшҳо сӯзан медавонад…
Ин ҳунари қадимии тоҷиконро, ки як навъ санъати ороиши амалӣ асту маъмул бо номи зардӯзист, Майсара Раҳимова чун анъанаи неки ниёгон идома медиҳад. Ӯ сокини Ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб асту имрӯзҳо дар ин самт фаъолияти пурсамарро ба роҳ мондааст.
- Мушкилтарин кор кӯк задан аст, ки ба душворӣ даст медиҳаду вақти зиёд металабад. Ин ҳунар дар гузашта пешаи мардон буд, ки аз насл ба насл мегузашт. Муҳаққиқ П. А. Гончарова, ки оид ба санъати зардӯзии бухороӣ тадқиқот анҷом додааст, дар ин бора муфассал маълумот медиҳад. Ниҳоят ҷолиб аст, ки он замонҳо ҷома ва дигар абзорҳои зардӯзиро аҳли дарбор ба бар мекард ва ғайри онҳо касе ҳаққи пӯшидани чунин либосҳоро надошт, - иброз дошт Майсара.
Санъати зардӯзӣ, ки онро «шоҳи ҳунарҳо» низ мегӯянд, бо нафосату шукӯҳи бадеии худ аз дигар ҳунарҳои дастӣ фарқ карда, сайёҳони машҳури хориҷиро, ки ба сарзамини тоҷикон дар давраҳои гуногуни таърих рӯ овардаанд, ба ҳайрат овардааст, ки ин нукта дар маъхазҳои таърихӣ ва адабию бадеӣ ишора гардидааст. Дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ва Ҳисор маҳаллаҳои махсуси зардӯзӣ арзи ҳастӣ доштанд ва бештари устоҳои гулдаст дар коргоҳҳое, ки назди дарбори амир созмон ёфта буданд, ба ҳам меомаданд. Дар он давра зардӯзӣ асосан дар рӯи матоъҳои махмал, суф, шоҳӣ ва ҳатто рӯи карбос, чарм ва пашм низ сурат мегирифт.
Имрӯзҳо одатан ҳунармандон зардӯзиро рӯи матои махмали сунъӣ (вилюр) медӯзанд, ки қаҳрамони мо низ бештар рӯи ин матоъ нақшпартоӣ мекунад ва мекӯшад, то сифати аълои ин матоъро интихоб намояд. Падарбузурги Майсара аз аҳли Самарқанд буд, ки ба андешааш дар гузашта эҳтимол таборашон низ ба зардӯзӣ рабт доштанд, зеро бонувони авлоди падараш ҳама аз пушти ин пеша ризқу рӯзӣ меёбанд.
- Аз 6 хоҳар 4 нафари мо зардӯзем. Духтари аммаам – Нарзӣ Қаландарова яке аз зардӯзҳои номии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки имсол дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳ аз симу зар бувад» дар номинатсияи «зардӯзӣ» ширкат карда, сазовори ҷойи аввал ва ман ба дарёфти ҷойи дуюм шарафёб шудем, - иброз намуд Майсарабону.
Аммадухтарони Майсара ҳама ба зардӯзӣ шуғл доранд, аз он ҷумла Мамлакат Раҳимова, ки ба ӯ ҳаққи устодӣ дораду нозукиҳои пешаро баҳраш омӯзондааст. Ҷумла фарзандони эшон низ ба ин касб шуғл меварзанд. Ягона духтари Майсара, ки гӯё ин ҳунарро ирс гирифтааст, бе роҳнамоии модар, тариқи мушоҳидаҳои тӯлонӣ зардӯзиро аз бар намудаву алҳол дар радифи модар заҳмат мекашад.
- Зардӯзиро аслан бо нахҳои зарин анҷом медиҳем ва аҳёнан бо фармоиши мизоҷон симдӯзӣ ҳам мекунем, ки аз нахҳои нуқрафом иборат аст. Дар зардӯзӣ ду навъи нақшдӯзӣ маъмул аст: заминдӯзӣ ва гулдӯзӣ. Ҳини заминдӯзӣ нақшҳо ба ҳам зич пайваст гардида, матоъро пурра фаро мегиранд. Дар матоъ ҷойи холӣ боқӣ намемонад. Дар гулдӯзӣ нақш танҳо аз рӯйи нусха дӯхта мешавад ва мо бештар аз ин усул истифода мебарем. Усули заминдӯзӣ ниҳоят мураккабу нозук ва заҳматталаб аст, - иброз дошт Майсара.
Баъди анҷом додани зардӯзӣ қисмати дувуми кор – ороиши он сурат мегирад. Бо ҳилелак, нигину сангчаҳои гаронбаҳо, камқимат ва пулакчаҳои ҳаррангаи филизию садафӣ рӯи зардӯзиро оро медиҳанд. Ҳар як нақши офаридааш мазмуни ба худ хос дошта, нозукиҳои ҳунари гузаштагонро чун дигар зардӯзони муосир такмил дода, нақшҳои наву зеборо таҳия менамояд, аз қабили «Мавҷ», «Булбул», «Офтоб», «Ғунча», «Гулшан», «Садбарг», «Қӯшбодом», «Навдаи маҷнунбед», «Хишт», «Буҷул», «Хол», «Чашми булбул» ва ғайра, ки миёни зардӯзон аз беҳтарин нақшҳо ба ҳисоб рафта, бо усули махсус ва банду басти мураккаб таҳия мегардад. Нақши «Навдаи маҷнунбед» - ро, ки аз ёдҳо фаромӯш шуда буд, Майсарабону аз нав эҳё намуд. Либосҳои домодӣ, арӯсӣ, баъзе либосҳои кӯдаконаву занона, кулоҳҳо, девораҳо, чойникпӯшҳо, ҷомаву тоқӣ, миёнбанд, кафш, рӯймоли миёни мардон, ҳамён, болишт, сӯзанмонак, бодбезак, саломдеҳак, чодари арӯс, рӯйпӯши гаҳвора, кӯрпача ва ҳатто қолинҳои зардӯзӣ ва дигар ашёи рӯзгорро Майсара Раҳимова бо зардӯзӣ таҳия менамояд.
- Бар замми душвор будани зардӯзӣ он вақти зиёдро металабад, аз ин рӯ, маҳсули кори зардӯзон гаронарзиш аст. Масалан, ҷомаи зардӯзии мардона аз 3 000 сомонӣ боло арзиш дораду бачагона аз 500 сомонӣ. Дӯхти як ҷомаи мардона аз як моҳ зиёд вақт металабад. Бидуни дигар корҳо як ҷомаи зардӯзиро ман метавонам дар зарфи 20 -25 рӯз ба итмом расонам, - фаҳмонд Майсара.
Майсара Раҳимова роҳбари маҳфили зардӯзии муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Варзоб мебошад ва ҳамзамон ба 26 шогирд аз нозукиҳои ин пеша сабақ меомӯзад. Бештари онҳо хонандагони мактабҳои гуногуни ноҳияанд. Духтарон бо завқ ба сӯзанзании ӯ зеҳн монда, ҳар яке дар дукони хеш шеваи зардӯзӣ меомӯзад. Аз ҷамъи ин шогирдон 10 нафари онҳо бо чобукиву зиракӣ ин ҳунарро аз худ карда, пешсаф ва садри маҳфил гаштааст. Шогирдону талабгорони ин ҳунар ба манзили бонуи зардӯз низ рӯ меоранд.
- Дар гузашта риштаи зарро рӯи нусха монда, аз ду тараф бахя мезаданд, ки ба ин тариқ, нахҳои зарин ба пушти матоъ намегузашт. Бо ин усул камзӯл, камарбанд, чойхалта, тоқиҳои занонаву мардона, кафш, абзори асп ва ғайра дӯхта мешуданд. Дар байни мардум, хусусан тӯппиҳои зардӯзии занона – зартӯппӣ то ба имрӯз маъмул аст.
Амали зардӯзони номии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва байналмилалии Монреал, Прага, Коҳира, Лейпсиг ва ғайра баҳои баландро сазовор гаштааст ва бошад, ки ин анъанаи неки ниёгонро ҳифз карда, ин санъати дастии зебою волои тоҷиконро ба ояндагон боқӣ гузорем, - иброз дошт дар охир Майсараи ҳунарманд.
Ситора АШӮРОВА,
ноҳияи Варзоб