Дар ноҳияи Роштқалъа бонувони ҳунарманд кам нестанд, вале бештари мардум дӯхтани тоқиҳои домодиро ба Моҳхунзо Вафобекова фармоиш медиҳанд, зеро дар маросими ақди никоҳ ба сар мондани тоқии хушдӯхт ва зебо аз дасти зани ҳунарманди 74 –соларо барояшон фоли нек медонанд.
- Бибиам доим мегуфт: «Агар ишқ ҳақиқӣ бошад, зиндагӣ рӯйи тахтасанг ҳам барои дилдодагон ба тахти шоҳӣ баробар аст» ва ман ин маъниро дар асарҳои адиби оламшумули англис Шекспир дарёфта, ба бузургии модарбузургам қоил шудам. Бо чунин суханони ҳазломез ширинкори маъруфи театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ Ҷобиршо Хубоншоев дар маъракае арӯсу домодро ба зиндагии мустақилона ҳидоят намуд ва вақте ба деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъа ба дидорбинии бибӣ Моҳхунзо ва шавҳараш Худоёр рафтаму онҳоро рӯйи кати болои тахтасанги бузурги назди ҳавлиашон ҳамроҳ ва даст ба кор дидам, беихтиёр бо табассум ҳазли ҳунарманди варзидаро ба ёд овардам.
Бибӣ саргарми дӯхтани тоқии нав буду бобо барои испори ҷуфти барзаговҳояш мутак, яъне дастак метарошид. Суҳбаташонро гарму онҳоро зиндадилу хушчақчақ, чун дар солҳои ҷавониашон ёфтам. Ба тоқии нави хушдӯхт дар дасти ин бонуи ҳунарманд, ки барои ба анҷомаш сӯзанзаниҳои охирин монда буд, назар карда, аз бибӣ пурсидам, ки чаро тоқиҳои Шумо серхаридоранд?
- Сериалҳои телевизионӣ занонро танбал карданд. Бонувони зиёди ҳунарманд, аз шумули хешовандонро ҳам медонам, ки салиқаи хуби дӯзандагӣ ва бофандагӣ доранд, вале ҳунарро як сӯ гузошта, нисфи вақташонро ба корҳои рӯзгордорӣ ва нисфи дигар ва ҳатто бештарашро ба тамошои сериалҳои туркию ҳиндӣ масраф месозанд. Баъзеашон дар бозор машғул шудан ба хариду фурӯши моли воридотиро ба худ касб кардаанд. Чаро ки молро ба як сомонӣ харидану ду - се сомонӣ фурӯхтан, фоидаи зиёдтар меорад. Даромад аз ҳунармандӣ камтар аст, вале на ҳама бо ками баракаташ зиёдтар қаноат мебарад.
Офаридани моли хуб вақт ва заҳмати зиёд мехоҳаду дар ҳар шероза ва тоқии дӯхта заррае аз нури чашм ва нақши ангуштонамро боқӣ мегузорам. Барои сифати баланди мол сокинон аз деҳоти гуногуни ноҳия барои тоқидӯзӣ ба ман муроҷиат мекунанд. Ман мекӯшам то хоҳиши касеро ба замин нагузорам. Дар як рӯзи бедорхобӣ то се тоқӣ дӯхта метавонам. Ҳамранги бештари тоқиҳоеро, ки дар бозор мебинед, дар як рӯз то 9 дона ҳам дӯхтан мумкин аст, вале ин шеваи кории ман нест. Сарвари давлат соли рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон карду ҳунармандӣ боз эҳё ва бонувон ҳунарманд гаштанд.
Сокинони солманди деҳа ёд доранд, вақте зебосанами хушқаду қоматро ба деҳаашон арӯс оварданд, ӯ бо меҳнат ва ҳунараш зуд ангуштнамо шуд. Дар баробари тарбияи фарзандону саранҷоми рӯзгор зарбдори меҳнати колхоз ва сипас совхоз буду ҳосили баланди сабзавот мерӯёнд. Чун аз саҳро бармегашт, пас аз соате фароғат то поси шаб ба дӯхтану бофтан шуғл меварзид.
Ҳамсараш Худоёр ронандаи базаи автомобилӣ буда, агарчи бештари вақташ дар интиқоли бор ва сафарҳо ба манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ва шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон мегузашт, боз ҳам фурсат меёфту ҳамсарашро дар корҳои саҳро ва рӯзгор ёрӣ медод. Фаъолияти 40 - солаи ронандагии Худоёр аз хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Рава- Русскаяи вилояти Лвови Украина оғоз гашт. Вақте дар яке аз барномаҳои шабакаи телевизионии ҷумҳуриявӣ оромгоҳи бародари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро нишон доданд, он ҷойро шинохт…
«Мол дорӣ, ҳол дорӣ», - мегӯянд дар кӯҳистон. Бобо ва бибӣ чорвои зиёд доранд ва, ҳарчанд, писару келин дар хизматанд, бештари мушкилоти парвои чорводориро ҳоло ҳам худашон бар дӯш доранд. Айни ҳол, дар деҳаи Риҷист ва маҳалҳои гирду атроф фақат як ҷуфти барзагови кории бобои Худоёр мондаасту мардум ба он ниёзманд. Писар ҷуфт меронаду падар агарчи 84 сол дорад, дар шудгор намудани замин аз писар кам намеояд ва чун мондагиашро ҳис мекунад, худ испор ба даст мегирад.
Дар поёни суҳбат пиру кампир сари хон даъват намуданд ва сунҳор оши бурида ва ғизоҳои дигар пешамон гузошт. Мо бо қошуқҳои чӯбин аз хӯрдани оши бурида сар кардем.
- Хамири оши бурида аз орди боқилосту дар таркибаш сафеда зиёд аст. Рагу пайро неру мебахшад. Занам дӯстдори тайёр намудани таомҳои маҳаллӣ асту аз сунҳорҳо ҳам талаб мекунам, ки чунин таомҳо пазанд. Барои ин ҳанӯз ҳам бардам ҳастаму ҷуфт меронам ва ҳатто метавонам бо ҷавонҳо гӯштӣ гирам, - бо шӯхӣ гуфт бобо.
Дастони пурҳунари бибӣ Моҳхунзо дар пухтани нону кулча, ҳалво, бату кочӣ, тоқидӯзӣ ва намадрезӣ низ баҳо надорад. Ҳунар бибиро тоҷи сари бонувон кардааст, барои ҳунари волояш ӯро ба иду ҷашнҳо даъват мекунанд ва ба зиммааш роҳбарии маъракаҳоро мегузоранд. Масалан, аз рӯи расми мо арӯс ба хонаи домод бо худ намади пурнақшу нигор ва халтаи кулчаву сатили ҳавлои ширин мебарад. Кулча ва ҳалворо ба хешовандони наздики домод тақсим мекунанд ва тибқи бовари мардум ҳалво чи қадар болаззат бошад, зиндагии ояндаи ҷуфти нав ҳамон қадар ширинтар мегардад. Ширин омадани ҳалво аз риояи дурусти таносуби ширу равған, орду қанд ва тарзи тайёр намудани он вобаста асту арӯсшавандаҳо исрор меварзанд, ки маҳсули дастони бибӣ Моҳхунзоро, ки ҳамеша сазовори баҳои баланд ва таърифанд, бо худ ба хонаи навашон савғо мебаранд.
Дар идомаи суҳбат аз бибӣ пурсидам, ки исмаш чӣ маъно ва оё рабте бо маҳали тоҷикнишини Хунза дорад?
- Модарбузург ва падарбузургам аз тоҷикони Хунзаи Покистон буданд. Дар аввалҳои асри гузашта кӯч баста, дар маҳали Тусёни ин ҷо маскан гирифта, ба кишоварзиву ҳунармандӣ машғул буданд. Вақте ман таваллуд шудам, бибиам ба ёди волидони марҳумаш маро Моҳи Хунза ном гузошт ва дар шаҳодатнома Моҳхунзо навиштанду ин ном ба ҳамин шакл сари забонҳо монд, - шунидам дар ҷавоб.
Моҳхунзо ва Худоёр 5 фарзанд ба воя расонданд.Се духтарашонро ба шавҳар доданду аз писарон яке онҳоро саробон аст. Дигарӣ бо аҳли аёлаш дар манзили алоҳида, ки якҷоя барояш сохтанд, зиндагии хуш дорад. Волидони коргар фарзандонашонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудаанд. Фарзандон ягон бор ҳаваси муҳоҷирати корӣ накардаанд ва дар зодгоҳ пайкор доранд.
М. ШОҲҶАМОЛ,
Роштқалъа