Дар мулки Хатлон Муъминобод макони хосса аст. Иқлим, табиат ва боду ҳавои мусоид дорад. Тобистонаш на он қадар гарму сӯзон ва зимистонаш на он қадар хунуку сербарф мебошад. Дар қиёс ба ноҳияҳои кӯҳистони атроф, камбарф ва камшамол аст, ки ин барои рӯзгори мардум дар зимистон хеле муҳим, баҳоронаш сербориш ва тирамоҳаш дарозу гарм аст.
Нафароне, ки тобистон ба Муъминобод сафар доштаанд, эҳсос кардаанд, ки то ба ин ҷо омадан, ҳама ҷо талу теппаҳо хушканд, аммо аз ин диёр сабзу хуррам. Теппаҳои атрофи он то дер ҳамин гуна махмалин мемонанд. Танҳо охири тобистон ва аввали тирамоҳ, қабои сабз шакли тиллоиро мегирад, ки ин нишони файзбахшию накҳатбории диёр аст…
Диёри фароғату истироҳат
Муъминобод, воқеан, як макони сабзу хуррам ва файзбору накҳатборест. Мегӯӣ, офаридгор ин сарзаминро маҳз барои истироҳату фароғат бунёд карда бошад. Лазизтарину шаҳдбортарин меваҳои Тоҷикистон дар ин ҷо мерӯянд. Себу ангур, ноку гелос ва зардолую шафтолуяш беназиранд. Дар ин ҷо зиёд ҷангалистонҳое вомехӯранд, ки саросар аз чормағз иборатанд ва ҳамин гуна ҷангалистонҳои себу ноку ангурро низ дидан мумкин аст, ки ҳамоно дар шакли табиӣ вуҷуд доранд. Дӯлоназорҳои Муъминобод дар тамоми ҷумҳурӣ беназиранд. Ҳарчанд як қисмати онҳо солҳои нобасомонӣ рӯ ба нестӣ овардаанд, имрӯз боз аз нав рӯидаю дар нашъунамо ва сабзишанд.
Гелосеро беҳтару хубтар аз гелоси Муъминобод пайдо кардан ғайриимкон аст. Ин гелос он қадар ширин, тоза ва табиӣ аст, ки кас аснои ба даст гирифтанаш, як бӯи махсусу диловезеро эҳсос мекунад. Ҳамин гуна эҳсоси зеборо ҳангоми истеъмоли тути Дара, (дар Даштиҷум), ки он низ меваи ширину беназир аст, мушоҳида кардан мумкин.
Асали Муъминобод маъруф аст. Ин гуна асали тозаю хушмазаро дар ҳеҷ ҷои дигаре пайдо карда намешавад. Аз ин асали хушбаҳо соле ба андозаи 140 – 160 тонна истеҳсол мешавад. Ба ин монанд боз даҳҳо маҳсулоте ҳастанд, ки ба тамъ ва мазаи ба худ хос, ин диёрро шуҳраи офоқ гардондаанд. Яъне, файзу баракат ва боигариҳои ин диёр беохиранд ва ҳанӯз пурра омӯхтаю кашф нашудаанд…
Мушк он аст, ки худ бибӯяд…
Солҳои баъд аз эҳё Муъминобод дар бисёр соҳаҳои хоҷагии халқ пешрав шуд. Калонтарин ноҳияе буд, ки аз ҳама зиёд шир, гӯшт, қаймоқ, мева ва ғалла истеҳсол мекард. Дар соҳаи чорводорӣ нисбат ба дигар ноҳияҳои минтақа пешсаф буд. Баъдан, дар боғу токпарварӣ низ дастёб гашт. Ангурпарварӣ дар ноҳия то ҷое ривоҷ кард. Роҳбарони вақт тавонистанд, ки коркарди онро низ ба роҳ монанд ва ҳамин тариқ бо таъсиси ду сехи калони шаробкашӣ ба бунёди саноат ибтидо гузоштанд.
Соли 1991 дар заминаи ноҳияи Ленинград, ноҳияҳои Шӯрообод (Шамсиддини Шоҳин) ва Муъминобод ба вуҷуд омаданд. Ин дигаргунӣ дар сарнавишти мардуми ҳар ду ноҳия нақши мусбат гузошт. Хусусан, барои Муъминобод. Зеро Муъминобод ҳамчун меросхӯри асосии ноҳияи Ленинград аз ин неъматҳои табиӣ аз ҳама бештар бархӯрдор гашт…
Муъминобод Швейтсария мешавад!
Акнун, барои онҳое, ки мехоҳанд Муъминободро ба Швейтсария табдил диҳанд, дигар чӣ намерасад?! Гумон мекунам, ки ҳама чиз муҳайёст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди худ солҳои 2019 – 2021 – ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд ва худ яке аз фаъолтарин ташаббускорон дар ин ҷодаанд. Пас, танҳо кӯшишу ғайрат ва саъйи комил лозим асту бас.
Дар мавзеъҳои дигари истироҳатию табобатии ноҳия, ки пештар набудани роҳ мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард, имрӯз ҳама дар хизмати сайёҳону меҳмонон қарор доранд. Ҳоло сохтмони пули 150-метра, болои дарёи Ёхсӯ, ки калонтарин дар минтақа маҳсуб мешаваду ноҳияи Муъминобод ва Ховалингро ба ҳам мепайвандад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Тавассути ин пул сайёҳон метавонанд озодона миёни ноҳияи Муъминобод ва Ховалинг саёҳаташонро идома диҳанд.Роҳбарияти ноҳия барои шукуфоии ин диёр ва бунёди инфрасохторҳои сайёҳӣ аллакай, дар ин ҷо замина гузоштаанд. Ҳоло роҳ ба сӯи бузургтарин ёдгории табиии мавзеъ, кӯҳи Чилдухтарон кушода аст. Дар ин ҷо осоишгоҳи «Чилдухтарон» ба фаъолият оғоз кардааст. Бо мақсади ба таври замонавӣ қабул намудани сайёҳон ва ба роҳ мондани хизматрасонии дуруст, маркази таҷрибаомӯзии тренингии сайёҳӣ низ кушода шудааст. Марказ дар қабул ва расондани хизмати шоиста ба меҳмонону сайёҳон метавонад саҳми чашмгир дошта бошад.
Ба ин монанд дар ноҳия даҳҳо осоишгоҳу бунгоҳҳо бунёд меёбанд, ки ин ҳама дар маҷмӯъ, барои расидан ба мақсад, яъне кушодани роҳи васеъ барои сайёҳӣ мусоидат менамоянд.
Алихон ЗАРИФӢ,
ноҳияи Муъминобод