Сухане чанд дар боби ҳунари муҳрабоф
Модараш муҳраҳои хурду калони рангорангро ба риштаҳо мекашиду аҷаб нақш мебаст. Пас, ба гулдӯзиву куртадӯзӣ рӯ меовард. Ӯ ба кори модар зеҳн мемонду меомӯхт. Сангчаҳо ва шишапораҳои рангаро ҷамъ карда, рӯи замини ҳамвори ҳавлӣ нақши ғайриодӣ месохт. Атрофаш кӯдакон ҷамъ меомаданду бо ҳавас ба амали ӯ дида медӯхтанд. Ҳангоми дар синфи сеюм хондан, ёрдамчии модар шуд. Бо дастони хурдакакаш муҳраҳоро ба ришта мегузаронду ба модар медод ва оҳиста-оҳиста дар ин ҷода мустақил гардид.
- Ҳангоми нобасомониҳои солҳои 90-уми асри ХХ ҳамроҳ бо модарам муҳрабофӣ, куртадӯзӣ ва гулдӯзӣ карда, рӯзӣ меёфтем. Падару модарам омӯзгорони мактаб буданд, вале маҳз ҳунармандии модарам моро мехӯронд. Ҳанӯз он айём дарк карда будам, ки ҳунар дерпову ҳунарманд дар зиндагӣ хор намегардад. Ин аст, ки то кунун бо пайроҳаи ҳунар равонам, - мегӯяд бонуи ҳунарманд Малоҳат Зарифова.
Замони мактабхонӣ Малоҳатро устодону ҳамсинфонаш чун ҳунарманд ва бо хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ мешинохтанд. Ҷевони модар пур аз ифтихорномаву сипосномаҳое гардид, ки дар он Малоҳат гаҳе чун беҳтарин рассом, гулдӯз, куртадӯз ва гоҳи дигар ғолиби озмуни забонҳои хориҷӣ пазируфта мешуд. Меҳри ҳунар дар қалбаш ончунон маъво гирифта буд, ки бо даст додани андаке фурсат ба ҳунармандӣ рӯ меовард. То хатми мактаб Малоҳат дар деҳ чун ҳунарманди чирадаст ном баровард. Барои наварӯсон аз муҳраҳо гӯшвораву гарданбанд, қулфи гиребон ва дигар намуди ороиш таҳия мекард ва дастранҷҳои хешро бар тани арӯсон дида, меболид.
Зеби гарданро аз муҳраҳои ранга ва ё сиёҳу сафед ба 7–10 қатор ресмон тавре мечинад, ки шаклан ба шероза ё нақши зебое монанд мегардад ва чунон ба назар мерасад, ки он тӯрбофӣ шудааст.
- Муҳрабофӣ ё худ муҳрарезӣ – ин тарзи зебои нақшбандӣ бо муҳраҳост, ки як навъ аз ороишоти занона маҳсуб меёбад. Зеби гардан — намуди ороиши занонаест, ки бо номи муҳраи гардан, гулубандак ва ғайра маъмул аст. Масалан, дар Зарафшон - гарданбанд, гулубанд, дар водии Рашт, Мастчоҳ - кенҷак, дар Дарвоз - кашелак ва дар Бадахшон - семак, марҷон, марҷони гардан меноманд. Дар Кӯлобу Варзоб ва Қаратоғ зеби гардани нуқрагӣ маъмул аст, ки он бо номи зира, тавқ ё зареҳ ёд мешавад, - мегӯяд ин бонуи пешавар.
Аз замоне, ки Малоҳат Зарифова ба шаҳри Душанбе арӯс шуда омад, зиёда аз 15 сол сипарӣ гашт. Ин айём ӯ танҳо барои аҳли хонавода, хешу ақрабо ва як-ду ҳамсоя дасткориҳо карда буд. Ӯ дар маҳаллаи 102- юм ба сар мебурд, дар назди хонаи истиқоматиаш анборхонаи бекорхобидаро мушоҳида намуд, ки мардум он ҷо чизҳои нолозими рӯзгорро мемонданд. Рӯзе пеши аҳли байт гуфт: «Мехоҳам, ки ҳамон анборро коргоҳи ҳунармандӣ кунаму бонувони хонашинро ба кор даъват намоям». Хурду калони хона пешниҳодро хуш пазируфтанд ва бо ин ният рӯ овард ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино. Дархосташ қабул шуду иҷозати фаъолият гирифт ва бо дилгармӣ ба таъмири анборхона пардохт. Онро ба се ҳуҷраи зебову барҳаво тадбил дод ва 10 бонуи хонашинро ба кор ҷалб намуд, ки имрӯзҳо ҳар кадоми онҳо то 5 шогирд дорад.
Вақте вориди коргоҳ гардидем, занону духтарони зиёдеро дидем, ки яке барои фармоиш додан омада буду дигарӣ рангҳои дилхоҳи муҳраҳоро интихоб мекард, то барояш бонувони ҳунарманд гарданбанду гӯшвора таҳия намоянд. Дар ҳуҷраи дигар Малоҳат дар иҳотаи шогирдон оҳиста муҳрабофиро ба онҳо меомӯзонд. Дар ҳуҷраи сеюмӣ бонувон ба дӯхтани пироҳани қуроқию чакан машғул буданд.
- Тамоми намудҳои муҳрабофиро аз уҳдааш мебароям ва мувофиқи завқи муштариён нақшпартоӣ мекунам. Зеби гардани пешинро аз марҷони табиӣ месохтанд. Ҳоло бошад, онро аз муҳраҳои сунъӣ бештар анҷом медиҳанд. Муштариёни қассоба, гарданбанд ва тӯморча хеле зиёд шудаанд. Зеби гардан, ки аз муҳраҳои майда бофта мешавад, то ду рӯз заҳмат металабад, - иброз дошт Малоҳатбону.
Ӯ иштирокчии фаъоли намоишгоҳҳои ҳунармандист. Соли равон ҳамчун муҳрабофи беҳтарин бо диплом сарфароз шуд. Масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва иродаи мустаҳками ин бону ӯро ба зинаҳои муваффақият расондаанд. Барои нақшҳои зебо офаридан бештар ба таърих ва анъанаҳои гузаштагон рӯ оварда, дар омезиш бо нақшҳои муосир ба ҳунар мепардозаду дастранҷ меофарад. Ба интернет пайваст гардида, оид ба ҳунари муҳрабофӣ маълумоти бештаре гирд меоварад.
- Бештар шабона ба эҷод кардани гарданбандҳо шуғл меварзам. Вақте ки муҳраҳоро мечинаму нақшҳои наву зеборо пайдо мекунам, аз ин лаззат мебараму хаста намешавам, - мегӯяд Малоҳатбону.
Дар ин росто, вай ҳунари адрасбофиро низ ба хубӣ аз худ кардаву дар ояндаи наздик ният дорад, ки дастгоҳҳои бофандагиро ба коргоҳаш ворид сохта, ба духтарони ҷавони гирду атроф ин ҳунарро омӯзонад.
- Дар ҷавонӣ зеҳн хуб асту ҷӯёи касбу ҳунар ва донишу маърифат. Ва ин неруро ба офаридани зебоии чи зоҳирӣ ва чи ботинӣ мебояд равона кард, то ин давра беҳуда нагузарад ва тариқи пешаи азбарнамуда рӯзии хешро пайдо намоянд, - иброз намуд М. Зарифова.
Ӯ соҳиби се фарзанду оилаи солим. Духтараш, ки алҳол хонандаи синфи 7-ум аст, тамоми ҳунарҳои модарро аз бар намудааст. Ба ақидаи ӯ, агар зану мард дар зиндагӣ чун ду сутуни мустаҳкам бошанд, ошёни бо меҳр бунёд кардаашон побарҷову ҷовидонӣ хоҳад монд.
- Бо эълон гардидани соли 2018 «Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва пас солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сари ҳунармандон ба афлок расид. Хушбахт аз онем, ки ҳунармандони кишвар имконияти фарох доранд, ки ҳунарҳои қадимиро зинда гардонанд ва дастранҷҳои якдигарро бинанду тавассути намоишҳои ҳунармандӣ ҳисси ифтихори миллӣ боло гирад, - афзуд Малоҳат Зарифова.
Фарзона ВОСЕЕВА