19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚОНУНИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛИ 2015 ҚАБУЛ ШУД

Ба гуфти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷоти беш аз 50 дарсади буҷети давлатии соли 2015 ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар равона шудааст, ки ин нисбат ба соли равон 17% зиёд мебошад. Танҳо барои зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва стипендия беш аз 400 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи лоиҳаи ин қонун маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои соли оянда ба миқдори 52 миллиарду 821 миллион сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи воқеӣ 7,2%, таваррум 7,5% ва индекси дефилятор 6,3% пешбинӣ мешавад.

Шодӣ Шабдолов, вакил аз Ҳизби Комунистии Тоҷикистон зимни баромади хеш иброз дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» аз камбудию нуқсонҳо орӣ нест. Аз ин рӯ, дар баробари таҳияи лоиҳаи буҷет барои як сол мебояд тадбирҳои ҷиддӣ бобати пешгирӣ аз буҳрони эҳтимолии иқтисодӣ дар соли пешомад дида шаванд.

Ҳамчунин, дигар вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба хатарҳои пешомади асъори миллӣ  ва аз тадбирҳои андешидаи иқтисоддону молияшиносон дар мавриди эҳтимолияти поин рафтани қурби пули миллӣ пурсон шуданд. Зеро вазъи иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои минтақа, аз ҷумла Федератсияи Русия, ки дучори таҳримҳои Аврупову Амрикост, метавонад ба иқтисоди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.

Дар посух ба пурсишҳои вакилон масъулони Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон иброз доштанд, ки зимни таҳияи Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» фарзияҳои эҳтимолии хатарҳои геополитикии минтақа омӯхта, ба инобат гирифта шудаанд.

Дар умум, иқтисоддонҳо боварӣ доранд, ки буҷети давлатӣ дар соли оянда иҷро мешавад. Гарчанде, ки хатарҳои коҳиш ёфтани даромадҳо ба буҷет, поин рафтани қурби пули миллӣ ва дигар омилҳои иқтисодӣ вуҷуд доранд, аммо  буҷети давлатӣ бо назардошти пешгирӣ аз ҳама гуна хавфу хатарҳои иқтисодӣ таҳия шудааст, - мегӯянд иқтисоддонҳо.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2015 ба соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт, алоқа ва иҷтимоиёт 5 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст.

 

Ҷамолиддин Сайфиддинов

 

:.  Қонунҳо 20.11.2014 02:24 4143

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz