Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои сераҳолӣ ва зебои кишвар маҳсуб меёбад. Мардуми зиёд - ҳамватанону хориҷиён аз маконҳои таърихӣ ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри бостонӣ дидан менамоянд. Тобистон, айёми тафреҳ, теъдоди меҳмонон ба Хуҷанд меафзояд. Яке аз инфрасохтори нави сайёҳӣ роҳи танобӣ маҳсуб меёбад, ки боиси таваҷҷуҳи сокинону меҳмонон гаштааст.
Роҳи танобӣ
Баробари ғуруби офтоб ба боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ расидем, ки роҳи танобӣ аз он ҷо шурӯъ мешавад. Мардум фавҷ - фавҷ барои дохили кабинаҳои он шудан навбат мепоиданд. Бо даст додани фурсат ба якеи он, ки бо унвонии «ВИП-кабина» миёни мардум машҳур аст, ворид шудем. Тамошои шаҳр аз баландии 35 метр аҷаб хушу гуворост. Манзараҳои зебои боғро убур карда, иншооти ғайриодие пеши чашм намудор шуд: тарабхонаи «Темурмалик», ки ба сони киштӣ сохта шудаасту дар саҳни он мардумон роҳат нишаста, яхмосу нӯшокиҳои ташнашикан истеъмол мекарданд. Ин киштии рамзӣ дар соҳили дарёи Сир қомат афрохтааст.
Шаббодаи фораму серун баъди рӯзи гарми тоқатфарсо хастагиро рафъ ва роҳати кулро фароҳам меорад. Аҳёнан рӯи дарё муаллақ истоданҳо ҷаззобияти сафарро афзун мегардонад. Аз он соҳили дарёи Сир майдончаҳои варзишии хурду калон ва варзишгоҳи бузург намоён гардид. Дар варзишгоҳ дастаҳо байни ҳам аз бозии футбол рақобат мекарданду тамошогарони ба ҳаяҷономада ба ҳунари онҳо баҳо медоданд. Дар чанд адад кортҳои теннис хурду калон, аз ҷумла писарону духтарон теннис мебозиданд. Аз баландӣ назораи чунин манзараҳо аҷаб кайфияте дорад. Бинои ҳавзи шиноварӣ, иншооти зебои баландошёна ва майдони Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатӣ пеши чашм ҷилвагар гардиданд…
Ниҳоят, пас аз 21 дақиқа ба маҷмаи шоҳ Исмоили Сомонӣ расидем, ки истгоҳи дувуми роҳи танобӣ ин ҷост. Аз боғ то ба ин истгоҳ як километр роҳи танобӣ тӯл мекашад. Дубора роҳи тайнамударо убур намуда, пас аз 20 дақиқа ба боғи фарҳангӣ - фароғатӣ баргаштем. Ин сафар, агарчи 41 дақиқа тӯл кашид, мо аз гузашти вақт бехабар мондем.
Арзиши сафар дар роҳи танобӣ барои як нафар 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Барои нишастан дар кабинаҳои ВИП (хизматрасонии сатҳи олӣ) 20 сомонӣ пардохт муайян гардидааст, ки сайёҳони хориҷӣ низ аз нархгузории умумӣ истифода мебаранд. Аксари сайёҳон аз кишварҳои Беларус, Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Амрико, Австралия ва дигар кишварҳои Аврупо мебошанд.
Роҳи танобӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, 45 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 6 кабинаи хизматрасонии олӣ дорад. Роҳи танобӣ аз соати 18.00 то соати 23.00, дар як вақт ба 160 нафар мизоҷ хизмат мерасонад.
Соҳили фароғат
Барои истироҳати хуб ва рафъи хастагӣ оббозӣ ва офтоб додани бадан аҷаб форам аст. Сокинони шаҳри Хуҷанд аз иқдоми нави шаҳрдорӣ хушҳол, ҳамакнун роҳ мегиранд сӯи соҳили фароғатӣ (пляж), ки дар самти чапи дарёи Сир воқеъ аст.
Комплекси калони соҳилӣ - фароғатӣ, ки дорои ҳама инфрасохтори муосири замонавӣ мебошад, моҳи июни соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Маҷмаи мазкур аз чойхонаи «Сирдарё», воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиев, то маркази кардиологии шаҳр, ба масофаи 300 метр тӯл мекашад. Ин ҷо майдони футболи соҳилӣ, волейбол, тенниси рӯи миз ва таваққуфгоҳ мавҷуд аст. Соҳил мувофиқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, дорои тамоми инфрасохтори зарурӣ - равшанидиҳӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва таҷҳизоти варзишӣ мебошанд. Дар як вақт зиёда аз 1000 нафар, ҳам сокинон ва ҳам меҳмонон метавонанд дар ин соҳил истироҳат намоянд.
Барои таъмини бехатарии шаҳрвандон дар соҳил аз ҷониби роҳбарияти бахши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд маркази дидбонӣ созмон додаанд.
Ҳангоми сайругашт дар соҳил бо сардори раёсати мазкур Мирзораҳим Абдуллоев вохӯрдем, ки фаъолияти кормандони маркази дидбониро зери назорат қарор дода, худ низ ба шиноварии кӯдакон зеҳн мемонд.
- Дар дидбонгоҳ 10 наҷотдиҳанда ба таври доимӣ фаъолият мебарад. 6 нафари дигар ба таври шартномавӣ ба кор қабул шудааст, ки фаъолияти онҳо мавсимист. Ин нафарон шабонарӯз заҳмат мекашанд, яъне як гурӯҳи онҳо аз соати 6.00 то 18.00 ва гурӯҳи дуюм аз соати 18.00 то 6.00 - субҳи дигар навбатдоранд. Дар ихтиёри гурӯҳи наҷотдиҳандагон чор техникаи шиноварӣ муҳайёст. Ҳамчунин, 4 нафари дигар дар ҷойҳои мамнӯъ ва офтобҷойҳо назорати патрулӣ мегузаронанд. Ин чорабиниҳо бо мақсади аз байн бурдани ҳодисаи нохуши ғарқшавии шаҳрвандон андешида шудаанд. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, дар шашмоҳаи соли равон ду шаҳрванд ҳангоми оббозӣ ғарқ шуд, ки он ҳам ҳангоми дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ кардани онҳо ба вуқӯъ пайваст, - иброз дошт Мирзораҳим Абдуллоев.
То поси шаб шаҳрвандон оилавӣ ба соҳил рӯ оварда, аз ҳавои тозаи дарё мешамиданду аз хурсандии кӯдакон фараҳ мебурданд. Мавзуна Асадуллоева, сокини шаҳри Хучанд, бо ҷамъи фарзандонаш ба соҳил омада, як сония ҳам кӯдаконашро беназорат намегузошт.
- Аз таъсиси соҳили фароғатӣ бисёр хушнуд шудем. Аксар вақт имконияти ба ҳавзҳои шиноварӣ бурдани фарзандонро надорем, чун аз лиҳози моддӣ танқисӣ мекашем. Ин ҷо оббозӣ ройгон асту ҳам оби равон мебошад. Дар баробари кӯдакон мо низ метавонем озодона шиноварӣ кунем, - гуфт М. Асадуллоева.
Оби соҳил ба тааҷҷуби зиёди мо на он қадар сард буд, ки оббозиро боз ҳам гуворо месохт. Мо низ пас аз оббозӣ худро сабуку роҳат эҳсос намудем. Ҳамин тавр, як рӯзи саёҳат дар роҳи танобию соҳили фароғатӣ ба итмом расид, ки ба қалам наметавон онро тасвир кард. Онро бо чашми сар бояд диду даруни об ғӯта хӯрда, эҳсос кард.
Бунафша,
Душанбе-Хуҷанд