Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд.
Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт сурат гирифт.