Меҳринисо Очилова соли 2004, баъди хатми мактаби миёна ба факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 2009 бо дипломи аъло хатм намуда, ба аспирантура дохил шуда, пас аз се сол таҳти роҳбарии доктори илми филология Умедахон Ғаффорова рисолаи номзадиро дар мавзуи «Сабки таълиф ва хусусиятҳои адабию бадеии «Табақот-ус-суфия»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ» дифоъ карда, соҳибунвон гардид. Баъд дар факултети забонҳои шарқ аз забони арабӣ, таърих, адабиёт ва фарҳанги Эрон дарс гузашта, таҷрибаи илмӣ, педагогӣ омӯхт. Соли 2022 дар мавзуи «Арзишҳои адабии «Ал-Кашшаф»-и Ҷоруллоҳ Маҳмуди Замахшарӣ» рисолаи доктории хешро дар Шурои диссертатсионии КОА Россия, дар назди Институти забон ва адабиёти АМИТ ҳимоя намуд.
Баъди дифои рисолаи докторӣ, чанде қабл бо Меҳринисо Очилова суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
Дастоварди навбатии илмӣ муборак бод…
-Саломат бошед!
Қудрату истиқлоли ҳар кишваре бар пажӯҳиш ва тавлиди илм устувор аст. Шумо чанд сол аст бо пажӯҳишу тадрис машғул ҳастед, албатта, инро дар амал борҳо санҷидаед.
-Оре, омӯзиши илм яке аз асоситарин ниёзҳо барои ноил гаштан ба рушди соҳаҳост ва пажӯҳиш яке аз меҳварҳои муҳимест, ки зомини пешрафт ва тавсеаи пойдории ҳар кишвар ба шумор меояд.
Дар бораи пажӯҳиш гуфтаниҳо хеле зиёданд, ин ҷо мехоҳам ба таври фишурда чанд андешаи худро баён созам, ки танҳо бо роҳи пажӯҳиш метавон донишҳои нав офарид. Пажӯҳиш имкони кашфи корбурдҳои тозаи дониши куҳанро фароҳам месозад. Пажӯҳиш ба омӯзиши беҳтар меанҷомад, чаро ки дониши нав ва барномаҳои омӯзишӣ, такмилдиҳандаи якдигаранд. Пажӯҳиш метавонад манбаи даромад бошад. Пажӯҳише, ки сармояе барои анҷоми он дар назар гирифта мешавад, як манбаи молӣ аст. Пажӯҳиш боиси ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти ҷомеа мешавад. Пажӯҳиш ба башар ин тавоноиро медиҳад, ки беҳтар бо дунёи перомуни худ робита барқарор кунад ва ба ҳадафҳояш даст ёбад. Дар ҳамаи даврони таърих, агар назар кунем, пажӯҳиш танҳо барои пешрафти ҷомеа ёрирасон будааст.
Дар фарҳанги мо андешаест, ки муаллим фарзанди худро муаллим дидан мехоҳаду боғбон боғбон. Шумо аллакай дарк намудед, ки чӣ мехоҳам, таъсири кӣ ва ё чӣ буд, ки Меҳринисо роҳи илмро пеша кард?
-Бале, ҳар дарёеро шохобест. Омили асосие, ки ман ба илм рӯй овардам, ин таъсири мусбати бобоям, шарқшиноси хушноми тоҷик Маҳмудҷон Оқилов буданд, ки пайваста таъкид мекарданд ба боғистони илм ворид шавам. Падарам Илҳомҷон Оқилов, ҳарчанд дар роҳи илм набуданд, пайваста ин сухани бобоямро гӯшзад мекарданд, ки ба роҳи пажӯҳиш равам.
Пас аз ин қадар таҳқиқот, ба назари Шумо, рисолати аслии олим чист?
-Шояд рисолати аслӣ ва ё шоҳкалиди олимон дар ҷомеа ин хидмат ба Ватан аст, зеро Ватан оғозу анҷоми мост. Ҳамчунин, ҷомеаи мутамаддин, пешрав ҳамеша ба комёбиҳои илм такя мекунад. Ҳар миллат аз олимони хеш неру мепазирад. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимонро «хазинаи тиллоии миллат» номидаанд. Гумон дорам, ин рисолатро олимони кишвари мо самимона ва масъулона дарк намуда, баҳри иҷрои он пайваста мекӯшанд…
Чун Шумо осори Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро мавриди таҳқиқ қарор додаед, агар имрӯз Ансорӣ ҳамроҳи мо мебуданд, чӣ паёме барои мо доштанд?
-Осори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, моломол аз андарзу ҳикматҳост. Масалан, ба ин андешаи Ансорӣ таваҷҷуҳ кунед, агар имрӯз ҳамсуҳбати мо мебуданд, ин суханашон чӣ арзише дошт:
Эй азиз! Қавл аз ростӣ боз магир. Дар ҷавоби сухан таъҷил макун, то напурсанд, магӯй, то нахонанд, марав.
Он чӣ нахаранд, мафурӯш.
Даргузор то даргузаронанд.
Он чи худ наниҳодаӣ, бармагир, нокардаро карда машумор.
Дар ниҳон беҳтар аз зоҳир бош.
Биомӯз ва биомӯзон, кам хӯр ва кам гӯй ва кам хуфт. Битарс аз касе, ки аз кас натарсад, агар битарсӣ, бипурсӣ ва, агар натарсӣ, напурсӣ. Андаки худро беҳ аз бисёри дигарон дон. Ғами беҳуда махӯр.
Аз мардумаки дида бибояд омӯхт, дидан ҳама касрову надидан худро!
Накуӣ кун, то бадал ёбӣ ба сухани сахт, касро ранҷа макун!
Ҳазор дӯст кам аст ва як душман бисёр.
Аз таассуб дур бош!
Ба ғами касе шодӣ манамой!
Ин гуна мисолҳоро аз осори безаволи ин абармарди фарҳангамон зиёд овардан мумкин аст…
Аз нигоҳи Шумо, бонуи муваффақ кист: оне, ки дар самти корҳои ҷамъиятӣ фаъол асту соҳибэҳтиром ё оне, ки дар муҳити хонаводагӣ модари ғамхору ҳамсари меҳрубон аст?
- Ҳамчун як бонуи тоҷик, дар чандин конфронсҳои байналмилалӣ иштироку суханрониҳо доштам ва бар ин хулоса омадам, ки бонувони Шарқ, аз ҷумла бонувони тоҷик, дар ҳар ду самт муваффақанд. Албатта, ин ҷо таъсири фарҳанги гузаштагони мо сар аз устод Рӯдакӣ то ба имрӯз дар сухану андешаи мо ҷой дорад. Бонуи тоҷикеро надидаам, ки дар корҳои ҷамъиятӣ хуб бошаду дар хонавода нек набошад. Ҳар бонуе дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол аст, аминем, ки дар хонавода низ муваффақ аст. Дар ҳар ду ҷода пешрав, кӯшо будани занҳоро таманно дорам.
Биёед, ба Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар, ки 7-уми марти соли 2005 иброз доштанд, бори дигар зеҳн монем:
«Занони кишвари мо низ ба мисли занони давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба зиндагии хубтаре ҳақ доранд ва ман итминони комил дорам, ки ин орзуҳо зина ба зина амалӣ хоҳанд гардид.
Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи Модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Зеро, аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳанд»…
Китобе, ки аз хонданаш сер намешавед?
-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ
Аз адибони ҷаҳонӣ киро бештар мутолаа мекунед?
Содиқ Ҳидоят, Алиф Шафақ, Элчин Сафарлиро.
Шиори Шумо дар зиндагӣ?
-Қудрати некӣ кардан надорӣ, бадӣ накун!
Мусоҳиб А. АМОН