Кӯҳҳои сар ба афлоки Тоҷикистон, ки бо сарватҳои бойи табиӣ маъруфанд, озмоишгоҳи бузургеро мемонанд. Агарчи солҳо мардум аз ин неъмати бебаҳо баҳра бардоштаанд, ҳанӯз ҳам намудҳои гуногуни маъданҳои зери он нуҳуфта, интизори коркард ва истифода мебошанд.
Тақозои бозори иқтисодист, ки ҷиҳати рушди самтҳои иқтисодию саноатӣ шаклҳои нави идоракунӣ, аз ҷумла омодасозии мутахассисони соҳа, тарҳрезии барномаҳо, пайдо намудани сармояи хориҷӣ ва равнақи корҳои геологӣ, ки нақши созанда доранд, роҳандозӣ мешаванд.
Геология аз соҳаҳоест, ки бо роҳандозии усулҳои нави саноати кӯҳкорӣ ва корҳои геологӣ, ҳамчунин, истифодаи дурусти таҷҳизоти техникии замонавӣ ба саноатчиён бо пешниҳоди сарватҳои зеризаминии ҳанӯз кашфнашуда ва коркарди онҳо имкон фароҳам меорад.
Суҳбати ихтисосии хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Қутбия Неъматулло бо сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар арафаи Рӯзи геология дар ҳамин бобат ва дигар паҳлуҳои соҳа буд, ки пешкаши хонандагон мегардад:
Ҳадафи чоруми кишвар саноатикунонӣ мебошад ва он бо иктишоф ва коркарди ашёи хом пайвастагии зич дорад. Роҷеъ ба рафти кори геологҳо дар ҷараёни амалишавии барномаҳои иқтисодӣ чанд сухан мегуфтед…
- Дар замони соҳибистиқлолӣ геологияи тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гашт, ки таҳия ва қабули 4 барномаи давлатӣ аз зумраи онҳо мебошад. «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021–2030» бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 апрели соли 2021 таҳия ва қабул гардид, барои рушду нумӯи соҳаи геология нақши муассир гузошта истодааст. Стратегияи пешниҳодгардида самтҳои асосии рушди соҳаи геологияи кишварро дар шароити авҷу равнақи бозори ҷаҳонии ашёи минералӣ ва хизматрасонӣ дар бурдани корҳои омӯзиши геологӣ муайян месозад.
То имрӯз аз рӯи зиёда аз 30 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ корҳои омӯзишии геологӣ ба анҷом расонда шуданд.
Ҳамчунин, тибқи нақшаи корӣ дар корхонаҳои воҳидии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои як қатор лоиҳаҳо вобаста ба корҳои омӯзиши геологии тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурма, ванадий, металҳои нодир, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рафта истодааст, ки то имрӯз захираҳои дурнамои баъзе аз ин канданиҳои фоиданок маълум гашта, дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини кишвар ба қайд гирифта шудаанд.
Дар баробари омӯзиши конҳои фоиданок, аз тарафи корхонаҳои воҳидии Саридораи геологияи ҷумҳурӣ якчанд лоиҳаҳои дигаре ба равандҳои эгзогении кишвар ва омӯзиши обҳои зеризаминӣ тааллуқдошта роҳандозӣ гаштанд. Ҳамчунин, ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ бо мақсади бо оби нӯшоӣ таъмин намудани соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки дар якҷоягӣ бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои соҳа дар ояндаи наздик истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоии сохтмонӣ коркард кардани сангҳои ороишӣ ва содироти онҳоро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд. Ҳамкории Шумо бо ин сохторҳо чӣ гуна роҳандозӣ шудааст?
- Албатта, бе ҳамкории мутақобила расидан ба ҳадаф ғайриимкон аст ва дастгирии тарафайни байни сохторҳои соҳавӣ барои амалӣ шудани мақсад чун пулест. Таҳлили маълумотҳо гувоҳи он аст, ки дар қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои сангҳои бинокорӣ ва ороишӣ зиёданд, аз қабили гранит, гранодиорит, порфирит, трахит ва датситҳо, мармар, серпентинит, оҳаксанг, доломит, конгломерат кашф гардидаанд. Дар кишвар корхонаҳои саноатӣ ба коркарди ин намуди ашёи хом машғул буда, таъминоти аҳолӣ ва содироти онҳоро ба хориҷи кишвар Агентии содирот роҳандозӣ менамояд.
Бо вусъати тадбирҳои ободониву созандагӣ дар ҷумҳурӣ талабот ба маҳсулоти сангҳои ороишӣ сол ба сол афзуда истодааст. Бахусус, ба сангҳои баландсифати ороишӣ, ба мисли мармару гранити Тоҷикистон талабот дар хориҷи мамлакат низ зиёд аст. Сангҳои ороишии табиӣ дар шаклу андозаҳои гуногун коркарду омода мешаванд ва бо дизайни ҷолибашон зинатбахши бинову иншооти кишвар ва берун аз он мебошанд.
Ҷалби сармояи хориҷӣ яке аз василаи пешбурди кор ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода чӣ корҳоеро ба сомон расондаед?
- Таҷҳизондани соҳа бо дастгоҳҳо ва техникаҳои замонавӣ, инчунин тайёр кардани мутахассисони касбӣ дар ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи иқтисодӣ вусъат меёбад. Дар ин ҷода Саридора бо мақомоти геологии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Созмони заминшиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Хадамоти геологии Финляндия, Хадамоти геологии Британияи Кабир, Хадамоти геологии илмҳои табиии Олмон ва Маркази геологии Сиани Хадамоти геологии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намудааст.
Соли равон дар асоси шартномаи ҳамкорӣ тибқи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Россия (Роснедра) барои солҳои 2023–2025» байни Муассисаи давлатии буҷетии федералии «Пажӯҳишгоҳи марказии илмӣ- тадқиқотии геологӣ иктишофии филизҳои ранга ва асил» (ЦНИГРИ) ва КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ» (КВ «ЭҶАГ») бо усули ҷазби ионӣ корҳои таҷрибавии саҳроӣ гузаронда шуданд.
Гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ талаботи замони муосир ба шумор меравад ва фаъолияти Саридораи геологияи кишвар роҷеъ ба ин самт дар чӣ сатҳ қарор дорад?
- Саридораи геология ҷиҳати гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоб намудани захираи канданиҳои фоиданок, ба таври пурра татбиқ намудани барномаҳои муосири баҳисобгирии захираи канданиҳои фоиданок ва васеъ ҷорӣ кардани чунин барномаҳо тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Нахуст, ин истифода аз барномаҳои муосири технологияҳои рақамӣ (GIS, Micromine, Datamine ва Surpac) аз ҷониби корхонаҳои бузурги истихроҷи маъдан барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок мебошад.
Дар ин самт Саридораи геология соли гузашта дар шаҳри Душанбе «Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони Micromine» ва соли равон бо иштироки намояндагони ширкати «Micromine Central Asia» дар Тоҷикистон тренингҳоро баргузор намуд.
Ҳамчунин, соли равон дар якҷоягӣ бо ширкати бритониёии «Seequent» ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақсади иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» дар мавзуи «Усулҳои муосири кор бо маълумоти геологӣ» машварати омӯзишӣ баргузор карда, усулҳои муосири кор ва коркарди геологӣ, геофизикӣ, геохимиявӣ ва дигар намудҳои маълумот, тамоюлҳои асосӣ ва навтарин асбобҳои рақамӣ дар соҳаи геология ва саноати кӯҳӣ омӯзонда шуд. Ҳадаф аз ин омӯзиш пурра гузаштан ба стандартҳои байналмилалӣ, аз худ кардани таҷрибаи ҷаҳонии кор бо маълумоти геологӣ дар ҳамаи марҳалаҳои давраи фаъолияти объект, оғоз аз ҷустуҷӯ, иктишоф, ҳисоб кардани захираҳо то истихроҷ ва азнавбарқароркунии замин, нигаҳдории ягонаи маълумот, рақамикунонии маълумот, пайваст кардани харитаҳо, нақшаҳо ва буришҳо барои визуализатсияи 3D ва тасдиқи байнисоҳавӣ, эҷоди амсилаи геологӣ аз рӯи маҷмуи харитаҳои таърихӣ ё буришҳо, тасвир кардани нақшаи тахминии марзи ҷисмҳои маъданӣ нисбат ба файзнокӣ, тарҳрезии пармачоҳҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофӣ мебошад.
Дар Саридораи геология марказҳои омӯзишӣ бо ҷалби коршиносон амал мекунад, ки мутахассисони соҳа барои табодули таҷриба ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Омили дигари пешравии кор ва муваффақ гардидан ба мақсади пешгузошта муҷаҳҳаз будан бо технологияи муосир мебошад. Алҳол, воҳидҳои сохтории Саридора аз ин техникаҳою дастгоҳҳои замонавӣ таъминанд.
Ташаккур барои суҳбат.