Мусоҳиба бо роҳбари Пажӯҳишгоҳи биологии Помири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ Хуҷамзода Гулнора Давлатёр
Нақши Пажӯҳишгоҳро дар таҳқиқоти маҷмуии захираҳои биологии Помир чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Таҳияи асосҳои илмӣ, усулҳои ҳифз, истифодаи оқилона ва мониторинги ҳолати гуногуншаклии биологии олами набототи Помир, таҳқиқи генетика, селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, тартиб додани захираи маълумот оид ба генофонди маҳаллии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи онҳо, коркарди асосҳои илмии интерадусия ва ба иқлим мутобиқ гардондани рустаниҳо дар шароити тағйирёбии ҷаҳонии иқлим самтҳои асосии таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳ муайян шудаанд.
Тайи солҳои фаъолият Пажӯҳишгоҳ дар омӯзиши комплексии захираҳои табиии Помир ва парвариши намудҳои серҳосили меваву сабзавоти тобовар ба тағйирёбии иқлим ва тавсия додани онҳо барои истеҳсолот корҳои зиёд анҷом додааст.
Дар натиҷаи таҳқиқотҳои экспедитсионӣ захираҳои гении анвои мевадиҳандаи ҳудуди ВМКБ пурра омӯхта шуда, намуд ва шаклҳое муайян шудаанд, ки ба селексияи иловагӣ ниёз надоранд ва барои татбиқ дар истеҳсолот тавсия дода шуданд.
Дар озмоишгоҳи мевапарварӣ бо саъйи кормандони илмӣ коллексияи навъ ва шаклҳои маҳаллӣ ва интродуксионии анвои мевадиҳандаи донакдор, тухмакдор, чормағзшаклон, субтропикӣ, ситрусӣ, буттамевагӣ, ҳамгунаҳои ёбоии онҳо бештар аз 200 намуд ва шакл ба вуҷуд оварда шуданд.
Ҳамасола дар озмоишгоҳи мевапарварӣ ва такягоҳҳои он бештар аз 80 ҳазор ниҳол тайёр ва барои бунёди боғҳои саноатӣ истифода бурда мешаванд. Ҳамчунон, талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермериро бо ниҳолони хушсифати анвои мевадиҳанда ва буттамеваҳо пурра таъмин менамоянд.
Дар пойгоҳи такягоҳии Роғак зироатҳои субтропикӣ ва ситрусӣ парвариш меёбанду ҳамасола майдони кишти ин намуди рустаниҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои поёнии вилоят рӯ ба афзоиш дорад.
Аз 273 намунаи маълуми гандуми мулоим дар Осиёи Марказӣ 151- тоаш дар Помир дучор меояд. Аз тарафи кормандон 69 намуди гуногуни гандуми маҳаллӣ ва 11 шакли паканаи он ҷамъоварӣ шудааст. Аз ин миён 25 намудаш гандуми мулоими безабонча барои илм намунаҳои нав мебошанд, ки дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон дарёфт гардиданд.
Дар асоси таҳқиқоти бисёрсола аз рӯйи мавҷудияти аломатҳои муфиди хоҷагидорӣ барои татбиқ намудан дар амалияи кишоварзӣ 16 намуд рустании хӯроки чорво барои парвариш тавсия дода шуд.
Озмоишгоҳи экологияи таҷрибавии рустаниҳо ба омӯзиши асосҳои физиологӣ-биохимиявии рустаниҳо нисбати таъсири омилҳои номусоиди экологӣ ва механизмҳои мутобиқшавии онҳо ба таъсири номусоиди баландкӯҳӣ машғул аст. Парвариши рустаниҳои тобовар ба шароити маҳал яке аз вазифаҳои Боғи наботот аст. Як зумра қонуниятҳои муҳим дар самти инкишофи рустаниҳо кашф шуданд. Ҳамасола барои кабудизоркунии ҳудуди вилоят 6 ҳазор бех ниҳоли дарахтони буттагию мевагӣ, 10 ҳазор гулҳои ороишӣ ва тухмиву наврустаҳои онҳо истифода мешаванд.
Олимони Пажӯҳишгоҳ намудҳои серҳосил ва тобовари меваву сабзавотро дар шароити иқлими баланкӯҳӣ таҷриба ва парвариш менамоянду бо тавсия доданашон барои истеҳсолот дар таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон аст, саҳм мегузоранд.
Дар бораи саҳми олимони Пажӯҳишгоҳ дар ҷилавгирӣ аз хатарҳои экологӣ мегуфтед?
- Муҳити зист муносибати оқилона ва дилсӯзонаро бо захираҳои бойи табиӣ тақозо дорад. Обшавии пиряхҳо яке аз хатарҳои бузурги экологист, ки дар сурати ҷилавгирӣ нашудан аз ин раванд, метавонад на танҳо барои кишвари мо, балки давлатҳои минтақа пайомадҳои ногувори ҷиддӣ дошта бошад. Гармшавии иқлим, ки афзоиши партоби газҳои гулхонаӣ ба атмосфера яке аз сабабҳои он аст, чунин хатарро ба вуҷуд овардааст.
Дар Бадахшон 276 намуд ва зернамуди парандагон маълуманд. Солҳои охир дар ҳудуди вилоят 11 намуди нави парандагони лонагузор муайян шуданд, ки қаблан ба гурӯҳи парандагони мавсимии минтақа мансубият доштанд, амсоли мурғобии калон, ҷоғдор, парастуи деҳотӣ, фароштуруки заркамар, майнаи муқаррарӣ, гингинаки хокистарранг, шӯхаки даштӣ ва биҳиштӣ, ки яке аз нишонаҳои тағйирёбии иқлим мебошанд.
Таназзул ёфтани майдонҳои терескендор (терескен - рустании серғизои худрӯй) дар ноҳияи Мурғоб яке аз хатарҳои дигари экологӣ дар минтақа аст, ки таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ва зоогенӣ ба вуҷуд омадаст.
Солҳои охир бар асари омилҳои зоогенӣ, афзоиши саршумори чорвои хонагӣ ва даштӣ, ба мисли бузи кӯҳии сибирӣ ва гӯсфанди нодири Марко Поло чарогоҳҳои терескендор ба таназзул омадаанд, ҳосилашон то 40 дарсад кам гаштааст. Олимон бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки чарогоҳҳо лоиҳаи барқарорсозии майдони таназзул¬ёфтаи терескенро бо кумаки Ҳукумати Ҷопон мавриди амал қарор доданд. Тухмии терескенро дар шароити гармхона парвариш ва паҳн менамоянд, бовар дорем, ки ин усул дар барқарорсозии терескензор мадад хоҳад расонд.
Солҳои охир дар минтақа сайёҳии табобатӣ дар ҳолати рушд аст. Дурнамои истифодаи обҳои гармро дар соҳаи агросаноатӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Таҳқиқи 60 чашмаи оби гарм ва хунуки минералӣ собит сохт, ки дар маҷмуи агросаноатии вилоят 13 оби гарми зеризаминиро истифода бурдан мумкин аст. Онҳо барои ташкили гармхонаҳои ҳозиразамон, кишти рустаниҳои яксола ва бисёрсолаи полизӣ, гулдор ва ороишӣ мусоиданд. Ин обҳоро барои гармкунии хонаҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди ҳаммом ва коргоҳҳои ҷомашӯӣ, ҳавзҳои махсуси партовҳои технологии обҳои термалиро барои парвариши моҳиҳои гармидӯст, обсабзҳои баландсафеда, ба вижа спирулин, ки ғизои хуб барои парандагони хонагӣ маҳсуб мешавад, истифода кардан мумкин аст. Инчунин, истифодаи сарчашмаҳои обҳои гарми зеризаминӣ барои гузарондани чорабиниҳои зооветеринарӣ бо ҳайвоноти хурд ҳангоми бемории эпизотияи ҳайвонот тавсия дода мешавад. Технологияи парвариши рустаниҳо дар гармхонаҳои геотермалӣ ба даст овардани ҳосили баланди рустаниҳои полизӣ, гулдор ва ороиширо дар тамоми фаслҳои сол, новобаста аз баландии маҳал, таъмин мекунад.
Хусусиятҳои табобатии гармчашмаҳои Бадахшон аз ҷониби олимони дохилу хориҷи кишвар омӯхта шуда, сайёҳии табобатӣ дар Помир рушд дорад.
Табиати Бадахшон дорухонаи беназир буда, коркарди рустаниҳои шифоӣ метавонад ба як самти муҳими рушди саноат табдил ёбад.
- Дар Бадахшон рустаниҳои шифоӣ зиёданд, вале теъдоди хеле камашон коркард мегарданд. Вақти он расидааст, ки аз дорухонаи табиати саховатманди Ватан самаранок истифода бурда, ба коркарди рустаниҳои шифоӣ диққати бештар диҳем.
Яке аз сохторҳои муҳими Пажӯҳишгоҳ Боғи набототи Помир мебошад.
Ин муассисаи махсусгардонидашудаи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-оммавӣ ба захира намудани генофонди набототи гуногуни маҳаллӣ ва ғайримаҳаллӣ, омӯзиши дақиқи хусусиятҳои биологӣ ва экологии онҳо ва ҷорӣ намудани намудҳои арзишманди онҳо дар саноати хӯрокворӣ ва тиб тахассус дорад. Боғ дар баландии бештар аз 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, дар он зиёда аз 4 ҳазор намуд дарахту бутта ва зиёда аз 300 намуди рустаниҳои ороишӣ гирд оварда шудаанд. Аз минтақаҳои гуногуни дунё ба ин ҷо соле зиёда аз 500 намунаи тухмӣ меоранд. Дар боғ ниҳолхонаҳо ва қитъаҳои таҷрибавӣ мавҷуданд. Боғи наботот бо 70 муассисаи илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 40 давлати хориҷӣ робитаи ҳамкорӣ дорад. Дар боғ шуъбаҳои флоравии Аврупо, Қрим, Кавказ, Амрикои Шимолӣ, Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таъсис дода шуда, солҳои охир коллексияи рустаниҳои сӯзанбарг то 80 ва рустаниҳои баргӣ то 180 намуд пурра карда шуд.
Ҳамасола аз ин макони зебоманзару нодир, ки таровати табиати нотакрори Помирро дар худ гирд овардааст, сайёҳони зиёди дохилу хориҷи кишвар дидан мекунанд.
Дар хусуси иқтидори илмии Пажӯҳишгоҳ чанд сухан меафзудед…
- Пажӯҳишгоҳ 54 сол қабл дар заминаи муассисаҳои илмии мавҷудаи бахши помирии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Боғи ботаникии Помир, пойгоҳи биологии Помир дар шаҳраки Чечектеи ноҳияи Мурғоб ва пойгоҳи Ишкошим таъсис дода шуда, айни ҳол дар ин ҷо 62 корманди илмӣ, аз ҷумла 6 доктори илм (ду академик ва як узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ва 13 номзади илм фаъолият менамоянд. Аз байни кормандони илмӣ зиёда аз нисф ва номзадҳои илм 6 нафарашон бонувон мебошанд.
Илм бо амал тавъам бояд ва дастуру таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони Пажӯҳишгоҳро водор месозад, ки дар омӯзишу парвариши захираҳои табиати Помир, ҳифзи гуногунии биологӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои серҳосилу тобовари рустаниҳо саҳми бештар дошта бошем.
М. ШОҲҶАМОЛ, шаҳри Хоруғ